Мақолаҳо
Эмомалӣ Раҳмон - ташаббускори масъалаҳои глобалии обу иқлим ва таъмини амнияти озуқавории кишвар
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ андешаҳояшонро ироа намуданд. Заҳмату талошҳои бевоситаю шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат буд, ки дар соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.
Хизматҳои шоёну нотакрор ва бесобиқаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.
Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такроран таъкид намуданд, ки бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули иқтисоди сабз, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад.
Таъкид гардид, ки дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шавад. Механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи лоиҳаҳои сабз, хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди иқтисоди сабз, аз ҷумла энергияи сабз бояд васеъ ҷорӣ карда шавад.
Аз ин лиҳоз, ба Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор зарур шумориданд, ки ҷиҳати ҷалби «маблағгузории сабз» барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи саноат ва инфрасохтори кишвар, хусусан, лоиҳаҳои дорои аҳаммияти экологӣ ва озуқаворӣ чораҷӯӣ намоянд, то ки мушкилоти ҷаҳону минтақа аз байн равад.
Вазъи зиндагии инсонӣ дорои як қатор мушкилоти экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад. Аҳолӣ ва истеъмолот меафзояд ва ба ҳифзи муҳити атроф чандон аҳаммият дода намешавад. Ин ба афзоиши истеҳсолот, партовгоҳҳои нав ва паст шудани сифати зиндагӣ оварда мерасонад. Ва барои аз байн бурдани чунин хатарҳо, СММ дар солҳои 70-80-уми асри гузашта консепсияи рушди устувор - бидуни зарар ба наслҳои ояндаро ба тасвиб расонидааст.
Иқтисоди сабз - иқтисодиётест, ки барои нигоҳ доштани некуаҳволии ҷомеа тавассути истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, инчунин, таъмини баргардонидани маҳсулоти ниҳоӣ ба давраи истеҳсолот равона шудааст.
Тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад.
Бояд қайд намоем, ки иқтисодиёти сабз ба мавзуи асосии мубоҳиса барои дигар форумҳои муҳимми байналхалқии сатҳи баланд дар оянда наздик мешавад. Ҳамин тариқ, масъалаҳои рушди «сабз» ҳамчун стратегияи рушди устувори минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором, махсусан истифодаи оқилонаи захираҳо, коҳиши карбон ва рушди устувори шаҳрҳо самтҳои калидӣ ба шумор меравад. Бо дарназардошти захираҳову имкониятҳои кишвар, аз ҷумла ашёи хоми ватанӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, захираҳои меҳнатӣ, энергияи сабз ва талаботи афзоянда ба маҳсулоти саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷиҳати ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мо - саноатикунонии босуръат ҳанӯз нокифоя мебошанд.
Саноат дар рушди устувори иқтисодӣ таъсири назаррас дорад. Имкониятҳои мавҷудаи Тоҷикистон дар саноатикунонии босуръат таъсири назаррас мерасонанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда 800 кони захираҳои табиӣ мавҷуд мебошад. Моро зарур аст, ки аз ин захираҳои табиии мавҷудбуда васеъ истифода намуда, баҳри боз ҳам гул-гулшукуфоии мамлакат меҳнати шабонарӯзӣ намоем.
Аз ин лиҳоз, Пешвои муаззами миллат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав зарур шумориданд, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазорату идораҳои марбута, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону сармоягузорон корро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда вусъат бахшад.
Аз оғози соли 2023 дар шаҳри Душанбе марҳала ба марҳала сохта ба истифода додани 4 корхонаи то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ коркард кардани металлҳои қиматбаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад, ки ин иқдом ба рушди иқтисодиёти кишвар саҳм мегузорад.
Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки ба масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо аҳаммияти хосса дода, барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани онҳоро таҳия ва амалӣ созад. Инчунин, дар баробари ин, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади истифодаи пурраи имкониятҳои кишвар дар самти рушди саноати сабук стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Барои боз ҳам рушд ёфтани илмҳои дақиқ солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиши рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд, ки ин бистсола метавонад дар рушди ин илмҳо такони ҷиддие бахшад ва, ҳамзамон, метавонад ба саноатикунонии босуръати мамлакат вусъат бахшад. Ин на танҳо ба саноатикунонии босуръати мамлакат, балки расидан ба ҳамаи ҳадафҳои стратегии мамлакат замина мегузорад. Бояд қайд намоем, ки алҳол дар ҷумҳурӣ озмунҳои илмию инноватсионӣ ба роҳ монда шудаанд, ки ин озмунҳо метавонанд барои ташаккули неруи зеҳнӣ ва инсонӣ замина гузоранд.
Мусаллам аст, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.
Барои ба ин ҳадафҳои стратегӣ расидан омӯзиши амиқ ва дар ин замина рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ имконият медиҳад, ки мо ба ин дастовардҳои назаррас ноил гардем.
Яке аз ин ҳадафҳо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад.
Гидроэнергетика ё худ электроэнергетика - асоси инкишофи иқтисодиёт, пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва ҷорӣ намудани прогресси техникӣ дар истеҳсолот мебошад. Заминаи табиии инкишофи электроэнергетика дар Тоҷикистон захираи зиёди энергияи об ба ҳисоб меравад. Аз худ намудани ин соҳа солҳои 30-юми асри ХХ ибтидо ёфта буд. Сохтмони онҳо дар солҳои баъди 50-ум авҷ гирифт. Дар дарёҳои Сир ва Вахш як қатор неругоҳҳои барқӣ-обӣ бунёд гардиданд.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергияи барқии обӣ мебошад, ки он дар як сол 527 млрд кВт/соатро ташкил менамояд. Дар нақши фаннӣ захираи энергетикаи барқи обии Тоҷикистон дурнамои хуби рушдро дошта он 317 млрд кВт/соатро дар сол ташкил медиҳад, ки 4-5% танҳо дар айни замон истифода мешавад. Бо иқтидори энергетикаи барқи обӣ Тоҷикистон ҷойи 8-умро дар дунё пас аз Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Заир, (Конго) Ҳиндустон ва Канада ишғол менамояд. Асоси энергетикаи Тоҷикистонро бештар аз 95% энергияи барқи обӣ ташкил медиҳад. Иқтидори энергияи обии Тоҷикистон беш аз 3 баробар зиёдтар назар ба талаботи энергияи барқӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳангоми самаранок истифода бурдани ин захираҳо минтақаро метавон бо ин энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд. Захираҳои асосии энергияи барқи обӣ дар манотиқи дарёи Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷойгир аст.
Энергетика яке аз соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ҷойгиркунӣ, инкишоф ва махсусгардонии хоҷагии халқ нақши муҳим мебозад. Зеро географияи захираҳои энергетикӣ, истеҳсоли онҳо ба географияи истеҳсолот на дар ҳама мавзеъ ва ноҳияҳо мувофиқат мекунанд. Энергетикаи истеҳсоли сӯзишворӣ, қувваи барқ, кашонидан ва ба истеъмолкунандагон додани онҳоро дар бар мегирад. Энергетика ба ду соҳаи калон тақсим мешавад. Саноати электроэнергетикӣ ва сӯзишворӣ. Саноати сӯзишворӣ – дар Тоҷикистон истихроҷи ангишт, нефт, газ, варақсангҳои сӯзанда ва торфро дар бар мегирад. Вай нисбат ба электроэнергетика суст тараққӣ кардааст. Аммо барои минбаъда инкишоф ёфтани он дар ҷумҳурӣ имконияти бузург мавҷуд аст. Танҳо захираи ангишти ҷумҳурӣ ба 5 млрд тонна мерасад, ки қариб 41% захираи ангишти Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.
Ин барои самаранок истифода бурдани энергияи обии дарёҳо аҳаммияти калон дорад. Дар ҳавзаи дарёи Варзоб 3 – то (Варзоби боло, Варзоби поён ва Варзоб), дар Вахш 6 – то (Шаршара, Сарбанд, Марказӣ, Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда – 1) НБО – сохта шудааст. Дар дарёҳои Ванҷ, Бартанг, Ғунд, Сир ва ғайра НБО-и хурди алоҳида сохта шудаанд. Дигар ҷиҳати муҳимми сохтмони НБО дар он аст, ки онҳо хусусияти комплексӣ доранд. Чунончи, дар назди НБО бунёд кардани обанборҳо барои идоракунии маҷрои дарёҳо, пешгирии обхезиҳои харобиовар, обшоркунии заминҳои лалмӣ ва аз об таъмин намудани шаҳру деҳот имконият фароҳам меоваранд. Одатан, харҷи сохтмони аловӣ арзон аст, аммо бо сабаби зиёд будани сарфи сӯзишворӣ дар онҳо нархи аслии истеҳсолоти қувваи барқ хело қимат мебошад. Ҳоло сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқ барои пайваст намудани системаи энергетикии шимол бо ҷануби мамлакат ба охир расид.
Бо заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст.
Ҳоло дар ин самт боз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст.
Дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17 миллиард киловатт-соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт-соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад, ки бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо неруи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад.
Ҳоло ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ корҳо оид ба таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва дар доираи лоиҳаи «КАССА - 1000» сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500-киловолта ва зеристгоҳҳо идома дошта, бунёди неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардидааст.
Соли ҷорӣ неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид гардида, ба истифода дода мешавад, ки бо иқтидори 270 мегаватт, яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд фаъолият хоҳад кард.
Дар айни замон истеҳсоли солонаи қувваи барқ дар Тоҷикистон 21 млрд кВт/с-ро ташкил менамояд, ки аз ин ҳисоб ба истгоҳҳои барқи обӣ 20778 млн кВт/с ва ба истгоҳҳои барқи алавӣ 222 млн кВт/с рост меояд. Калонтарин истгоҳҳои барқии обӣ: Норак - иқтидораш (3 млн кВт), Сарбанд (210 ҳаз. кВт) дар дарёи Вахш, Қайроққум (216 ҳаз. кВт) дар дарёи Сир ва истгоҳҳои барқии аловии Душанбе (223 ҳаз. кВт), Ёвон (180 ҳаз. кВт) ба ҳисоб меравад. Неругоҳҳои обии ҷумҳурӣ ба тарзи силсила, яъне дар як дарё якчанд истгоҳҳо сохта мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ иброз намудаанд, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад ва 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли энергияи сабз кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро дар сайёра ишғол менамояд. Аз рӯйи кам будани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад.
Аз ҷониби Пешвои миллат дастур дода шуд, ки ҷиҳати таблиғу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатии бо истифода аз энергияи сабз истеҳсолгардидаи кишвар зарур аст, ки корхонаҳои ватанӣ барои гирифтани сертификати истеҳсоли сабз аз мақомоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ чораҷӯӣ намоянд. Инчунин, бо дарназардошти имконияту захираҳои энергияи сабз дар кишвар, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Академияи миллии илмҳо бо таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи имконият ва дурнамои рушди энергетикаи водородӣ, яъне неруи гидрогениро ҳамаҷониба омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намоянд. Ин иқдомҳои наҷибонаю ташаббускорона метавонад ҳам ба иқтисодиёт ва ҳам ба экология таъсиргузор бошад.
Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё ёдовар шуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон - ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем. Дар ин радиф Пешвои миллат ба кишоварзони мамлакат аҳсану офарин хонда, бо арзи сипосу миннатдорӣ ёдовар шуданд, ки солҳои охир, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, маҳз бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд. Бо хушнудӣ қайд намуданд, ки соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна, картошка ба 1 миллион ва меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна расонида шуд.
Меҳнати софдилона ва шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар тайи панҷ солиохир суръати рушди солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, 1,4 баробар афзоиш ёфт.
Дар доираи супоришҳои додашудаи Президенти маҳбуби кишвар таҷрибаи кишоварзони мамлакат вобаста ба маданияти заминдорӣ, бахусус дар кишти такрорӣ ва гирифтани ҳосили иловагӣ беҳтар гардида, майдони кишти заминҳои такрорӣ дар панҷ соли охир аз 90 ҳазор гектар ба 213 ҳазор гектар расид.
Тоҷикистони биҳиштосои мо табиати бою рангин ва нотакрор дорад, ки барои рушди сайёҳӣ ва ҷалб кардани шаҳрвандони хориҷӣ хеле мусоид аст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар Паёми худ ба Кумитаи рушди сайёҳӣ дастур доданд, ки барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад. Ин иқдом метавонад кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ бештар ошно намуда, дар тараққиёти иқтисодиёти мамлакат заминаи боэътимод гузорад.
Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои самаранок ва бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа, идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар, ташаккули бренди миллии фарогири имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таъмини иқтидори кадрии соҳа диққати ҷиддӣ дода шавад. Зеро таъмини иқтидори кадрии соҳа метавонад рушди сармоягузории хориҷиро бештар ҷалб намояд.
Ташаббускори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ сулҳхоҳона ва сулҳдӯстона таъкид намуданд, ки мо ҷонибдори масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем.
Мо - тоҷикону тоҷикистониён, аз он мефахрем, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки бо саъю талошҳои Пешвои миллат 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.
Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.
Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.
Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.
Моро зарур аст, ки иқдомҳои созанда ва ташаббускоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, ватандӯсту ватанпараст бошем, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллиро, ки омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад, фаромӯш насозем.
Чуноне ки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд: «Мо минбаъд низ мафҳуми «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем».
Одилҷон Улуғов, мудири кафедраи фанҳои табиатшиносӣ