Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Қоидаҳои омӯзиши шиноварӣ ва таъмини бехатарии ҳаёти инсон

Шиноварӣ яке аз воситаҳо ва омилҳои ҳаётан муҳими шахси ҳаматарафа инкишофёфта мебошад. Малакаҳои дар рӯйи об бадани худро нигоҳ доштан, дар об ба самтҳои дилхоҳ бо усулҳои дастрасу осон шино кардан барои ҳамаи хурдсолон ва калонсолон зарурати ҳаётан муҳим дорад. 
Дар мамолики Ғарб бо мақсади таъмини бехатарии ҳаёти аҳолӣ ва дастовардҳои варзишӣ ба омӯзиши шиноварӣ аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Бо ҳамин мақсад, омӯзиши шиноварӣ, донистани таснифоту қоидаҳои рафтор, иҷро карда тавонистани нозукиҳои машқварзӣ барои ҳар як фарди ҷомеа ҳатмӣ дониста мешавад. 
Риояи қоидаҳои шиноварӣ барои ғарқ нашудан дар об, таҳкими обутоби бадан, истироҳату фароғат, истифода барои табобат, ширкат намудан дар мусобиқаҳои варзишӣ, дар мавриди зарурӣ наҷот ёфтан аз обҳои ҷараёни тез ва чуқур дошта, аз бар намудани усул ва малакаҳои наҷотдиҳии одами ғарқшудаистода истифода карда мешавад. 
Инчунин, машғул шудан бо шиноварӣ аз нуқтаи назари илмӣ дар ҳолати хуши рӯҳӣ нигоҳ доштани асаб, инкишофи ҷисмонӣ, мутобиқ намудани организм ба муҳити табиат, омода будан ба дифои Ватан, коршоям будан дар давоми тамоми умр моҳияти бузург низ дорад. 
Одамон аз даврони қадим қоида ва аҳаммияти шиновариро хуб дарк кардаанд. Ҳангоми ба таърихи кӯҳантарини башарият назар кардан, мо дармеёбем, ки дар замонҳои антиқа низ одамони доро бо мақсади тайёр намудани фарзандони хеш, пеш аз ҳама, бо мақсади омӯзонидани малакаю маҳорати меҳнат, омодагии дифои қабила аз душман, муҳофизати қаламрави мавқеъ ва макони зист, сарватҳои хеш ба онҳо усулу малакаҳои давидан, ҷаҳидан, часпида баромадан, асптозонӣ, шикоркунӣ, гӯштингирӣ, набардҳои тан ба тан, муштзанӣ, сангҳаводиҳӣ, найзазанӣ, камонварӣ ва шиновариро меомӯзонидаанд. Дар натиҷаи пешрафти тамаддуни дунёи башарият одамони курраи замин маҳорату малакаҳои ҷавонмардиро аз давраи феодализм сар карда, ба тарзи мусобиқаҳои варзишӣ табдил доданд, ки воқеан давра ба давра ба дараҷаи олии мусобиқавӣ расонида шудааст. 
Вобаста аз таснифоти рафтор ва қоидаҳои шиноварӣ ҳар як шаҳрванди мо хурду бузург бояд бехатарии ҳаёти хешро таъмин карда тавонад. 
Ҳамагон медонанд, ки кишвари мо аз ҷиҳати ҷуғрофӣ асосан кӯҳӣ аст ва қариб 974 дарёи кӯҳӣ дар он ҷорӣ мешаванд. Ҳамаи ин дарёҳо пуртуғёну тезоб буда, кӯлҳо чуқуру дорои оби сард мебошанд. Дар фаслҳои гармо нафарони зиёди аҳолӣ, хусусан, кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба оббозӣ майлу рағбати беандоза доранд. Дар ин маврид, аксари онҳо кӯшиш менамоянд, ки ба ҷойҳое, ки имконияти дар об ғӯта задан аст, рафта вақти фароғатии худро гузаронанд. Маълум аст, ки аксари онҳо аз қоидаҳо, усули оббозӣ ва интихоби ҷойи оббозӣ дуруст сарфаҳм намераванд. 
Пӯшида нест, ки ҳар сол дар мавсими гармӣ аз беандешагӣ ва надонистани қоидаҳои оббозӣ ва ба таври кофӣ надоштани малакаҳои шиноварӣ нафарони зиёд дар дарё ва кӯлҳо ғарқ шуда, ҷони худро аз даст медиҳанд. Одамони дар ҷойи ҳодиса ҳозирбуда ба таҳлука меафтанд. Аз сабаби он, ки худашон барои шиноварӣ ва наҷоти одами ғарқшуда тайёр нестанд, ноилоҷ ин хел фоҷиаҳоро дида истода, дар аксар маврид ягон кумак расонида наметавонанд. 
Дар ин мақола мо тасмим гирифтем, ки хонандагони арҷмандро аз усулҳои сода ва дастраси ҳамагонии оббозӣ ва шиноварӣ шинос намоем. 
Тобистон мавриди беҳтарин барои шиноварӣ мебошад. Олимон ва мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки оббозӣ дар обҳои рӯкушода ҳангоми саҳар аз соати 10 то соати 12 ва бегоҳирӯзӣ аз соати 16 то соати 18 мебошад. Аз офтобзанӣ эҳтиёт шудан лозим аст. Вақти оббозӣ гармии офтоб набояд баланд бошад. Ҳарорати об +17-190 дараҷаро ташкил кунад. Аз ин дараҷа паст будани об хатарнок мебошад. Хӯрок 1,5 то 2 соат пеш аз шиноварӣ бояд истеъмол карда шавад. Дар об аз 20-30 дақиқа зиёд истодан лозим нест. Машғулияткунанда дар об набояд бадани худро то ба ларзиш бирасонад. 
Хунукшавии аз ҳад зиёди бадан ба рагкашии мушакҳо боис шуда, аз дарди зиёд нафаскашӣ ва ҳаракат дар об душвортар мегардад. Дар ин ҳол, аз ҳуш рафта ғарқ шудан мумкин аст. Беҳтараш дар фосилаи 10-15 дақиқа чанд маротиба ба об даромада оббозӣ кардан, дар вақти фосилаи дамгирӣ ба бозиҳои варзишии волейбол, бадминтон машғул шуда, баъд аз хушк кардани арақи бадан боз ба об даромадан манфиатовар аст. 
Дар ҳолате, ки одам ба оби хунук ғӯта мезанад, гӯё об баданашро месӯзонад, рагҳои хунгард фушурда мешаванд, баъд ҳаракати бадан ҷойи худро мегирад. Баъд аз гузаштани фурсате бадани одам гармии форамро ҳис мекунад. Ҳамин тариқ, об хусусияти бештари гармигузаронӣ дорад, ки бадани инсон оҳиста гармии худро гум мекунад. 
Омӯзгорони фанни шиноварӣ уҳдадоранд, ки дар вақти омӯзонидани шиноварӣ барои пешгирӣ кардан аз хунукшавии зиёди бадани шогирдон чораҳои лозимӣ андешанд. Машқҳои серҳаракат дар хушкӣ барои ба эътидол овардани муҳити бадан айни муддаост. 
Дар вақти оббозӣ аз сохил дур шино кардан хатар дорад. Зеро ки мушакҳои бадан тоб намеоранд, ё ки рагкашии мушакҳои бадан пайдо мешавад. Оббозии дуру дароз ва аз соҳил дур шудан ба хастагӣ оварда мерасонад ва одам ба таҳлука афтида, нобоварии ба соҳил расиданро дар ӯ ба вуҷуд меорад. Ҳангоми иҷрои коре агар кас дар об хастагиро ҳис кунад, худро гум кардан лозим нест, илоҷаш осон аст. Бо истифода аз усули шиноварии дастраси ҳама «брасс» (шиноварии қурбоққа ҳам мегӯянд) дасту пойҳоро дар даруни об ба ҳаракат дароварда, оромона ба соҳил расидан даркор. Усули дар рӯйи об дам гирифтан низ ба кас наҷот мебахшад. Барои ин дар рӯйи об ба пушт баданро бо тариқи мувозӣ (параллел) хоб рафта, бо ҳаракати дастҳо ба тарафҳо, пойҳоро рост карда, хобида оҳиста-оҳиста баданро дар ҳамин ҳолат нигоҳ доштан, каме дам гирифта ва ҳамин, ки ба худ омад, ба сӯйи соҳил оҳиста шино карда мебароянд. 
Тасодуфан одамро агар оби ҷараёни тез барад, зӯр зада қувваи беҳуда сарф кардан фоида надорад. Дар ин хел мавридҳо усули беҳтарин бо ҷараёни об ҳаракат карда, оҳиста самти ҷараёни обро бурида, ба соҳил ҳаракат кардан ба кор меояд. Агар кас дар гирдоб афтад, чуқур нафас гирифта, ба таги об рафта, якбора худро ба тарафи соҳили наздик тела дода, баромадан осонтар аст. Каси ба ҳамин гуна ҳодисаҳои фавқулода гирифторшуда кӯшиш кунад, ки ҳушёрӣ ва чусту чолокиро аз даст надиҳад. 
Агар кас дар оби гиёҳдор ва буттазорҳо нохост дучор шуда монад, бояд кӯшиш кунад, ки дар ҳолати уфуқӣ истода, ба растаниҳои обӣ нарасад. Зеро ки ин растаниҳо табиатан часпониву печонии сахт доранд. Дар ин маврид ҳаракати одамро дарҳол маҳдуд менамоянд. Агар кас надониста, ба растаниҳои обӣ часпад, харакати тез кардан хатарнок аст. Дар ин ҳолат кӯшиш кардан лозим, ки алафи часпидаро оромона бо даст аз бадан то ҳадди имкон дуртар созад. 
Дар вақти оббозӣ дар баҳр ба аломатҳои огоҳкунанда аҳамият додан лозим аст. Аломатҳои огоҳии «Дар ин ҷо оббозӣ манъ аст» бо куррачаҳои сиёҳ бо ранги зард, дар нӯги ягон сутун гузошта мешаванд. Ба аломатҳо аҳамият надодан маънои нотарсиро нишон намедиҳад, балки беаҳаммиятӣ нисбат ба ҷони хеш мебошад. 
Омӯзгорон дар вақти омӯзонидани шиноварӣ, ҳатман бояд донанд, ки машғулиятҳои омӯзишӣ дар об нозукиҳои худро дорад. Гузаронидани машғулиятҳои оббозӣ ва шиноварӣ дар ҷойҳои ношинос манъ аст, Дар ҳолати лозимӣ пешакӣ дар чунин ҷойҳо озмоиши бехатарӣ гузаронида шуда, аз тарафи муассисаҳои дахлдор ва оббозони касбӣ иҷозатномаи хаттӣ бояд дода шавад. 


Беҳрӯз Азизқулов, муаллими калони кафедраи варзиш ва мудофиаи граждании ДДМИТ