Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ваҳдати миллӣ - омили калидии рушди ҷомеа

Дар ин рӯзҳо, ки мардуми Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор доранд, аз ҳар гӯшаву канор суханҳо оид ба Ваҳдату ягонагӣ ба гӯш мерасанд. Аз ҷумла, ба гӯшу зеҳни он нафароне, ки рӯзҳои пурдаҳшати ҷанги шаҳрвандиро шоҳид буда, зулму ситами он рӯзгорро дар зери хавфу хатарҳои пурҷӯши талафоти наздикону пайвандон шаб карда, шабҳояшро бо нолаву оҳи пуртағофули волидайни мотамзада ва гиряи тифлакони ташнаю гурусна рӯз кардаанд, комилан, ҷаҳони ҳузнангези дигарест, ки як лаҳзааш фаромӯш намешавад ва садои сулҳу ваҳдат барояшон ҳамчун малҳами дилрешон маъвои дигар дорад. Ин аст, ки заҳмату талошҳо, заковату дурандешиҳо, истеъдоду маҳорат, поктинатию миллатдӯстӣ ва, умуман, сарсупурдагию ҷонфидоиҳои абармарди замон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шафқату меҳрубониҳо бароямон пайванди дилу дида аст. 
Ҷашни ваҳдати миллӣ, бо Асосгузори он, ба мо то он дараҷа мутаассиру муҳтарам ва пурфараҳу масрур аст, ки онро омили калидӣ ва асосу пойдевори ҳар ҷашну тантанаҳои миллиямон мебинем. Соли нав - бо сулҳу ваҳдат рушдёбандаву умедбахш; Артиш - бо тифоқию садоқат, мустаҳкамии марзу бум; Модарон - дар осудагию интизории тифлакони наву солимии оила; Наврӯз - бо хандаву шодиҳои фарзандону наздикон ва дастурхони пурнозу неъмати мардум хуҷаста; Донишу Омӯзгор - бо шафқати пурсамимият рушди ҷомеа; Истиқлолият - бо осоиштагию созандагӣ тавоною шуҳратманд; Конститутсия - бо ҳамдилию волоияти қонун; Парчам - дар фазои софу беғубор парафшони ифтихормандиҳои шаҳрвандону меҳмонони ин сарзамини бофарҳангу ваҳдатгаро мебошанд. 
Омили ифтихормандии ҳар яки мост ва мебояд бо шукргузорию сипосмандиҳо ёдовар аз он шуд, ки ин ваҳдату ҳамдилии умумибашарии тоҷикистониён дар миёни кулли кишварҳои сайёра ва мамолики дуру наздик мавқеу мақоми намунавию пуртаҳсинро овозадор гардидааст. Ин раванди ҳар қадамаш дурандешонаву бо маром пешраванда буд, ки дар натиҷа ҳадафи олии давлатдориро ба бор овард, таваҷҷуҳи сиёсатмадорони ҷаҳонро ба худ ҷалб намуд ва дар шаъни сарвари сиёсии ин ҳадаф абармарди хираду сиёсатро гӯё шуд. 
Бесабаб нест, ки имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиш ва таҳсину офарини Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ гардидааст. Дар ин раванди пурифтихор худшиносӣ ва худогоҳии миллии тоҷикон, ки ҳазорсолаҳо идома дошта, марҳала ба марҳала бо такмил додани панду андарзҳои бостонӣ дорои хусусияту услубҳои хоси тоҷикона гардидааст ва баландмазмунтарин эъломияҳоро ба монанди «Эъломияи Куруши Кабир» баҳри рафоқату ҳамзистии осоиштаи ҷамъиятӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст, аз оғоз исбот намуд, ки танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмии иҷтимоӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. 
Дар ҳақиқат, шаҳрвандони оқилу соҳибхиради ҳар як давлат, ба чунин ҷашну тантанаҳои муттаҳидсоз бо эҳтироми самимӣ таваҷҷуҳ менамоянд, ба он аҷр мегузоранд ва сидқан баҳри солимии оила, рушди ҷомеа, устувории давлат ва хушбахтию саодатмандии насли имрӯзу фардои миллати хеш ҷаҳду талош менамоянд. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ ва кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ хоҳад овард. 
Дастовардҳои Ваҳдати миллӣ ба монанди он дарахте, ки Сарвари давлат аз он ташбеҳ карданд, «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад», рӯз то рӯз вусъат пайдо карда, бузургтар гардида, бо самараи ширину пурлаззати худ устувору пурманфиат мегардад, ки ҳар шахси соҳибидроку бовиҷдонро мафтуни қадрдонию ватандӯстӣ гардонида забон аз тавсифи андаки он лол ва авроқ аз бардошти нақшу нигораш кӯтоҳӣ мекунанд. 


Б. Давлатов, эдвайзер оид ба тарбияи факултети иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон