Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Олими фидокор

Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест, 
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт. 


Бале, номи неки Фахриддин Мирзоахмедов олими фидокор ва инсони накусират дар дили шогирдону наздикон абадан боқӣ мемонад. Агар умри олими барҷастаи соҳаи кибернетикаи математикӣ ва иқтисодӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ (ҳозира иқтисоди рақамӣ ва логистика)-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фахриддин Мирзоахмедов давом меёфт, имрӯз устод ба синни мубораки 75 қадам мениҳод. Мутаассифона, ҳаёт абадӣ нест. Дар раванди зиндагӣ ҳолатҳое паси сар мегарданд, ки новобаста аз давомоти умр онҳо арзишҳои баланди инсонӣ дошта, ҳаёти инсонҳоро ҳамчун лаҳзаи фаромӯшнашаванда дар рушди ҷомеа абадӣ боқӣ мегузоранд. Устод Фахриддин Мирзоахмедов аз қабили чунин шахсиятҳо ба ҳисоб рафта, дар умри кӯтоҳи худ ҳамчун инсони комил, олими пурдон, мутахассиси кордон ва ташаккулёфтаи касби худ ба рушд ва инкишофи илми муосир хизмати шоиста кардааст. Бо андешаҳо, равия ва роҳу рафтори накуи худ дар самти ихтисоси хеш ҳиссагузорӣ намуда, дар тайёр кардани мутахассисони касбӣ саҳми назаррас гузоштааст. 
Фахриддин Мирзоаҳмадов 2 - юми сентябри соли 1948 дар деҳаи Хиштхонаи ҷамоати Понғози ноҳияи Ашти вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ хатмкардаи УДТ ба номи В.И. Ленин /ДМТ (1970) буда, соли 1977 рисолаи номзадӣ ва соли 1991 рисолаи доктории худро дифоъ намудааст. Фаъолияти касбии ӯ ҳамчун муҳаққиқи намоёни илми кибернетикаи математикӣ ва иқтисодӣ асосан аз соли 1973 оғоз ёфтааст. 
Устод дар Донишгоҳи давлатии миллии ш. Киев ба номи Т.Г.Шевченко; Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд; Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор кардааст. 
Имрӯзҳо дастпарварону шогирдонаш давомдиҳандагони кори устод буда, намояндагони кишварҳои гуногунанд, аз қабили Вачев Бойко Иванов аз Булғористон, Петренко Владимир Леонидович, Сиренко Людмила Викторовна, Ефанов Сергей Алексеевич аз Украина, Урясев Станислав Павлович аз ИМА, Мошев Леонид Борисович аз Исроил, С.Н. Нгуен аз Ветнам, Аксиненко Надежда Константиновна аз Россия, Абдуҷаббор Ғаффоров, Абдусалом Аҳмадов, Мирзомуддин Насриддинов, Парвиз Ғафуров, Фирдавс Соҳибов, Умар Воҳидов ва Хуршед Ашуров аз Тоҷикистон мебошанд. Онҳо дар соҳаҳои гуногуни рушди хоҷагии халқ, чи дар дохил ва чи дар берун аз кишвар кору фаъолияти худро пеш бурда истодаанд. 
Устод поягузори факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ӯ ҳанӯз 15 сол қабл аз аҳаммияти технологияҳои иттилоотии муосир ва саҳми онро дар рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дарк намуда, ҳатто пофишорӣ менамуд, ки ҳарчи зудтар ба ин соҳа аз ҳисоби омодасозии мутахассисони ватанӣ дар робита ба таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. 
Воқеан, номи накуи устод Фахриддин Мирзоахмедов дар хотираи ҳайати устодон ва профессорони донишгоҳ ҳамчун як нобиға ва олими пурмаҳсул, ташаббускор, инсони комил, хоксор ва донишманд боқӣ мемонад. Ҳайати устодон ва профессорони донишгоҳ хизматҳои шоёни устодро пеши назар оварда, дар рафти фаъолияти касбии худ пайваста мавриди омӯзиш, татбиқ ва такмил қарор медиҳанд. Ташаббусу иқдомоти даҳсолаҳо қабл андешидаи устод ҷовидона боқӣ монда, татбиқи онҳо вобаста ба талаботи замон ҳатто то имрӯз арзиши худро гум накардаанд. 
Шодравон ҳамаи сифатҳои неки инсониро доро буданд ва ҳамагон ӯро чун инсони заҳматдӯсту садоқатманд ба кор, покдил ва қавиирода иззат мекарданд. Дар самти корҳои роҳбарӣ устоди сахтгиру ғамхор шинохта шуда буданд. Ба ҷавонон маслиҳатҳои муфид дода, нафароне, ки ба илм таваҷҷуҳ доштанд, онҳоро дастгир буданд ва шогирдон имрӯз кори устодро дар донишгоҳ пеш мебаранд. 
Номи Фахриддин Мирзоахмедов дар қалби ҳар кадом аҳли коллективи меҳнатӣ, шогирдон ва ёру рафиқон боқист ва бо идеяҳои худ, кору пайкори некаш, бо шогирдон номаш абадан зинда аст.