Мақолаҳо
Мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест!
Дар ҷомеа чунин зуҳури фасод вуҷуд дорад, ки он на танҳо ба як соҳа, балки ба пешравии ҷомеа монеа мегардад. Ин омил давлатро аз дохил хароб менамояд, ки он коррупсия ном дорад. Аз таърих маълум аст, ки бисёре аз кишварҳо бинобар омилҳои коррупсионӣ ба буҳрони иқтисодӣ дучор шудаанд.
Аз ҷиҳати этимологӣ мафҳуми коррупсия - бо пора ба худ тобеъ кардан, харида гирифтан, ришва додан, суиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, хушомад намудан, сохтакорӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳо, азонихудкунӣ, исрофкорӣ, хешутаборчигӣ, маҳдудкунии рақобат, монеагӣ кардан барои амали ҳуқуқу манфиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро дорад, ки аз забони лотинии “corruptio” гирифта шудааст.
Муаллифони энсиклопедияи ҳуқуқӣ бар он ақидаанд, ки коррупсия як амали ҷиноятӣ дар арсаи сиёсат ё идораи давлатӣ буда, дар истифодаи ҳуқуқ ва имконот аз ҷониби мансабдорон барои ба даст овардани сарвати шахсӣ ба амал меояд. Ин аз зарурати андешидани чораҳои маъмурӣ-ҳуқуқӣ ва ташкилию идоракунӣ бар зидди коррупсия шаҳодат медиҳад.
Коррупсия як намуди ҷиноятест, ки бо истифодаи мақоми хизматӣ ба мақсадҳои шахсӣ алоқаманд аст. Коррупсия яке аз навъҳои асосии иқтисоди пинҳонӣ мебошад. Дар бештари мавридҳо коррупсия ҳамчун гирифтани ришва аз мардум ва ба даст овардани даромади ғайриқонунии пулӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ бо мақсади ба даст овардани манфиат ва сарвати шахсӣ фаҳмида мешавад. Аммо дар маҷмуъ, на танҳо мансабдорони давлатӣ, балки шаҳрвандоне, ки дар як созмони давлатӣ кор намекунанд, метавонанд иштирокчиёни муносибатҳои коррупсионӣ бошанд, ба ивази пора хизмати муайянеро анҷом диҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маърузаҳояшон борҳо таъкид менамоянд, ки «Мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Аҳли ҷомеа низ набояд аз ин мубориза дар канор бошанд». Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки суханҳои Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти кории худ намуда, дар мубориза бар зидди коррупсия бетараф набошанд.
Дарвоқеъ, коррупсия як амали номатлуб дар қатори дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, одамрабоӣ ва ғайра ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ, бо мақсади пешгирӣ ва нобуд сохтани ҷараёнҳои ришвахӯрӣ аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия таҳия шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда конвенсияи мазкурро дастгирӣ намуда, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар онро тасдиқ кардааст.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои худ хулоса барорем, ояндаро якҷоя бидуни фасод бунёд кунем. Барои ин бояд аввал худамонро тарбия кунем ва барои аз байн бурдани ҳар гуна зуҳури фасод якҷоя мубориза барем. Мубориза бар зидди коррупсияро ҳамчун механизми ҳуқуқӣ, ки ба рушди давлат ва ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, пурзӯр намоем.
А. Шойимқулов, ассистенти кафераи математикаи олӣ