Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Мақоми Паём дар раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ

Дар замони Истиқлоли давлатӣ ва рушди босуботи сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки санаи 28 декабри соли 2023 ироа гардид, ҳамчун маводи арзишманди таҳлилӣ ва роҳнамо барои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 


Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баррасии муҳимтарин рӯйдодҳои 7 соли охир (солҳои 2017-2023) оғоз шуда, дар он солҳои сипаришуда, сарфи назар аз таҳаввулоти иқтисодиёти ҷаҳон, ҳамчун соли 2023 бобарор барои тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ низ арзёбӣ гардид. 


Илова ба ин, ҳамасола дар баробари дигар соҳаҳо, таҳлилу арзёбии вазъи иқтисодии мамлакат ва таъмини дурнамои рушди минбаъдаи он, аз ҷумла рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ яке аз бахшҳои калидии Паёми Пешвои миллатро ташкил медиҳад. 


Бинобар ин, бояд қайд намуд, ки таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аз фаъолияти босамари бахши хусусӣ ва соҳибкорони ватанӣ вобаста аст. Махсусан, рушди соҳибкории истеҳсолӣ яке аз омилҳои фаровонии бозорҳои кишвар бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ ба шумор меравад. Бо дастгирҳои ҳамаҷонибаи давлат фазои соҳибкории истеҳсолӣ тайи солҳои охир дар мамлакат шумораи корхонаҳои хурду миёнаву бузурги истеҳсолӣ афзуда, ба зиёд гардидани маҳсулоти ватанӣ мусоидат намуда истодааст. 


Вобаста ба ин масъала, Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ нахуст аз дастовардҳои соҳаи мазкур сухан карда, зикр намуданд, ки “...Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд”. 


Аз таъкидҳои алоҳидаи Пешвои миллат аз Паём бармеояд, ки дар пешрафт ва раванди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ нақши соҳибкорони бонангу ватандӯст назаррас мебошад. Дар чанд соли охир ин падида ба як анъана табдил ёфта, пеш аз ҳама, муҳаббату садоқати ватандӯстии соҳибкоронро нисбат ба ватану диёри маҳбубамон нишон медиҳад. 


Ҳамчун як самти муҳими иқтисодӣ дар чанд соли охир бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахши соҳибкорӣ рушд менамояд. Ҳамагон шоҳиданд, ки Пешвои миллат бо соҳибкорон чандин маротиба суҳбату мулоқотҳои озоду самимӣ барпо намудаанд ва ин падида низ натиҷаҳои неки худро дода истодааст. 


Аз ҷониби Пешвои миллат беҳбудӣ бахшидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ якчанд маротиба таъкид гардид. Муроҷиат ба соҳибкорони ватанӣ ва изҳори қаноатмандӣ аз онҳо ин, қабл аз ҳама, мавҷудияти фазои эътимоду боварӣ ба онҳост. Ба таври мисол, “...дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид. Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд. Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд”. Ё ин ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёди 75 дидбонгоҳи сарҳадӣ, қабл аз ҳама, нишони нангу ҷавонмардӣ ба ҳисоб рафта, баъдан як далели суботи иқтисодии ҷомеа аз ҳисоби ташаккулёбии низоми нави хоҷагидорӣ мебошад. 


Умуман, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ҳассос будани авзои ҷаҳони муосир масъалаҳои иқтисодии ҷомеаро дар меҳвари худ қарор дода, дар чанд саҳифа баррасиву фаро гирифтани ҳамаи онҳо имконпазир аст. Масъалаҳои дурнамои бахши хусусӣ, воридоту содирот, таъмини таъсиси ҷойҳои корӣ, таҳкиму устувории буҷети давлат, масъалаҳои таъмини устувории молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, рушди тавсеаи соҳибкорӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, татбиқи лоиҳаву барномаҳои гуногуни иқтисодӣ, низоми муфиди ислоҳоти иқтисодӣ, рушди соҳаи энергетикии кишвар ва амсоли ин дар ҳамбастагиву робита бо ҳамдигар мавриди зикр қарор доштанд. Дар ин замина, бозкунандаи сиёсату созандагиву бунёдкории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. 


Кӯҳзод Шодиев, мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор