Мақолаҳо
Аҳаммияти иқтисоди сабз барои Тоҷикистон
(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат)
Марҳилаи нави рушди иқтидорҳои иқтисодии Тоҷикистон аз иқтисоди сабз вобастагии амиқ пайдо намудааст. Ин раванд дар ояндаи наздик ба бахши калидии рушди иқтисодиёт табдил меёбад. Мафҳуми иқтисоди сабз аслан давоми ду даҳсолаи охир аст, ки тобиши илмӣ гирифта, вориди ҳавзаи илмҳои иқтисодӣ гардидааст. Аммо, дар ҳамин муддати кӯтоҳи таърихӣ, таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқони зиёдеро ба худ ҷалб кардааст. Ба вуҷуд омадани иқтисоди сабз ва рушди он на танҳо таваҷҷуҳи донишмандони соҳаи иқтисодиёт, балки ҷомеашиносон, сиёсатшиносон, табиатшиносон, донишмандону муҳаққиқони соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва технологҳоро низ водор намудааст, то ба ин падида назари амиқтар афкананд. Доир ба мафҳуми иқтисоди сабз таърифҳои мухталиф мавҷуд аст, аммо онро ба таври маъмул метавон дар шинохти иқтисодиёти наҷотбахши табиат, иқтисодиёти хусусияти некуаҳволидошта, иқтисодиёти бидуни зарарҳои экосистемаҳо ва сармояҳои вобаста ба онҳо маънидод намуд. Мавҷудияти иқтисоди сабз андешаҳои гуногуни илмҳои иқтисодиро фарогир буда, навгонии иқтисодӣ, иқтисоди захиравӣ, иқтисоди экологӣ, иқтисоди муҳити зист, иқтисоди пас аз бозсозӣ, гуногунистеҳсолии безарари кишоварзӣ, сиёсати сабз ва назарияи муносибатҳои байналмилалиро вобаста ба ин дар бар мегирад.
Илм бо мурури замон рушд меёбад ва фаҳмишҳои илмӣ низ вобаста ба мавҷудият, моҳият, хусусият, афзалият ва дурнамои рушди иқтисоди сабз якранг набуда, характери мухталифиро ба худ касб карда истодаанд. Аммо андешаи меҳварӣ ин аст, ки дар фазои имрӯз ва оянда барои инсоният мавҷудияти иқтисоди сабз ва рушди он бисёр заруриву актуалӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ дар ҳолати рушди босубот қарор дорад. Аз сӯи дигар назар афканем, рушди ояндаи Тоҷикистонро бидуни иқтисоди сабз тасаввур кардан ғайриимкон аст. Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар кишвари мо рушди соҳа беҳбуд бахшида шуда, иқтисоди сабз ба унсури аслии инкишофи иқтисодёти миллӣ табдил ёбад.
Феълан дар Тоҷикистон иқтисоди сабз метавонад дар заминаи ташаккули низоми «энергияи сабз», «долонҳои сабз», «сайёҳии сабз», «саноати сабз», «такрористеҳсолнамоии кишоварзӣ» густариш ёбад. Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеояд, Ҳукумати мамлакат ҳадаф гузоштааст, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «Иқтисоди сабз» ҷараёи бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор»-ро тезонида, тавлиди энергияи сабзро вусъати тоза бахшад. Инчунин, дар ҳамин радиф бобати бунёди неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб», «Санобод», «Чарсем» ва хатҳои интиқоли барқ аз ин неругоҳҳо тадбирҳои созандаро рӯи даст гирифтааст. Ҳамзамон, бахши дигари рушди иқтисоди сабзро дар истифодабарии самараноки энергияи бодӣ ва офтоб, ки кишвари мо аз лиҳози ҷуғрофӣ барои истифодаи ин имкониятҳо дорои шароити мусоид мебошад, фарогир мебошад.
Бунёди силсилароҳҳои хусусияти байналмилалидошта имкониятеро ба вуҷуд оварда, ки Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ табдил гардида, рушди «долонҳои сабз» дар мамлакат амалӣ карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки бахши дигари инкишофи иқтисодиёти миллиро даромадҳо аз ҳисоби «долонҳои сабз» таъмин намояд.
Тайи чанд соли охир ба масъалаи рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида истодааст. Сохтори татбиқкунандаи сиёсати сайёҳӣ низ дар назди Ҳукумати мамлакат таъсис ёфта, инфрасохтори соҳа марҳила ба марҳила бунёд гардида истодааст. Айни замон, аз лиҳози ҷуғрофӣ ва имкониятҳои мавҷудаи табиӣ, мо имкони ҷалби зиёди сайёҳонро ба мамлакат доро ҳастем. Аз сӯи дигар, рушди иқтисоди сабз ба воситаи бунёди обанборҳои сунъӣ дар силсиладарёҳои Тоҷикистон ва бунёди мавзеъҳои сайёҳӣ шароитеро фароҳам меоварад ки кишвари мо ба минтақаи сабз табдил дода шавад. Дар ҳамин росто, ҳамон тавре ки зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар баён гардид, Тоҷикистон то соли 2037 ба «кишвари сабз» табдил дода мешавад.
Дар раванди вусъатёбии иқтисоди сабз ба арзишҳои истеъмолӣ ва сифатнокии маҳсулот таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, беҳдошти муҳити зист ҳимоя карда мешавад. Ҳамзамон, исрофкории иқтисодӣ аз байн хоҳад рафт. Барои мисол, агар низоми нақлиётии Тоҷикистон ба нақлиёти электронӣ пурра гузарад, вобастагии мамлакати мо аз сӯзишвории нақлиётӣ, ки хусусияти воридотӣ дорад, аз байн рафта, имкониятҳои иқтисодӣ бо истифода аз манбаъҳои энергетикӣ дар дохил гардиш ёфта, исрофкориҳои иқтисодӣ коҳиш меёбанд.
Дар раванди ташаккули иқтидорҳои иқтисоди сабз шароите муҳайё мегардад, ки фаъолноккунонии иқтисодӣ ва маърифати молиявии ҷомеа рушд ёфта, унсурҳои худсозии иқтисодии шаҳрвандон хусусияти ташаккулёбиву инкишофпазириро бо худ касб намуда, сатҳи камбизоатӣ бомаротиб поён хоҳад ёфт.
Талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолгардонии иқтидорҳои иқтисодӣ, аз ҷумла иқтисоди сабз раванди мусбӣ дошта, мо боварии комил дорем, ки ин ҷараён дар ояндаи наздик кишварро аз вобастагиҳои иқтисодӣ ба таври мунтазам раҳо менамояд.
Давлатзода Абдулло Давлат,
устоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон