Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Паёми Пешвои Миллат – дастури созанда ва кафили рушди устувор

Маҳз шукргузорию иттиҳоду сарҷамъӣ зери Парчами нангу номуси ватандорӣ буд, ки аз Паём то Паём дар Тоҷикистон навгониҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба вуқӯъ пайвастанд. 


Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” қайд гардид, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. 


Бешак, Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили субот ва рушди устувори давлат ба ҳисоб рафта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро муайян мекунад. 


Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, бештар таваҷҷуҳ ба раванди расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва як қатор иқдомҳо дар самтҳои гуногуни барои давлат ҳаётан муҳим, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифт. Бояд тазаккур дод, ки амалӣ намудани нуқтаҳои асосии Паём ва дастуру ҳидоятҳои роҳбари давлат барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ба роҳ мондани муносибатҳои нек ва судманд бо кишварҳои ҳамсоя ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар асраи байналмиллалӣ мусоидат мекунад. Аз як тараф, Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат натиҷагирӣ аз даврони соҳибистиқлолии пурбаракот ва файзбори Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар, вай раҳнамои гузариш ба марҳилаи сифатан нави рушду тараққиёти мамлакатамон ба ҳисоб меравад. Воқеан, имрӯз бо дарки масъулият ва ҳисси баланди меҳанпарстиву ифтихор аз сарзамини аҷдодӣ метавон хотирнишон сохт, ки кишвари маҳбуби мо дар даврони соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди аз сар гузаронидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти калони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба як қатор дастовардҳои бесобиқа дар соҳаҳои ҳаётан муҳим ноил гардид, ки ба шарофати сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад. 


Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд. Маҳз матиниродагиву ҳадафҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнатдӯстиву хислати тамаддунофарии миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ки мо сарфи назар аз мушкилиҳои бавуҷудомада тавонистем аз вартаи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ раҳо ёбем, низоми фалаҷшудаи идораи давлатиро барқарор созем ва ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти давлатдорӣ гузашта, ба ҳадафҳои фаврии дар наздамон истода бирасем. 


Дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат бори дигар ёдовар аз он шуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз зумраи ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин самт дар даврони соҳибистиқлолӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуддаст. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид. Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. 


Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Бинобар ин, пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. 


Вазъи иҷтимоии аҳолӣ - нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ низ зиёд гардида, ҳамаи ин дастгириҳо аз он далолат медиҳад, ки сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Сарвари давлат сиёсати халқпарварона буда, ба мардуми оддӣ ва кулли шаҳрвандони Тоҷикистон нигаронида шудааст. 


Дар ин росто гуфт шуд, ки аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. 


Инчунин, дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд. 


Воқеан бесабаб нест, ки роҳбари давлат ба рушди соҳаҳои маориф ва илм, саноат диққати хоса зоҳир менамоянд. Зеро таҷрибаи мамлакатҳои рушдёфтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки онҳо маҳз бо такя ба маориф, илм ва саноат ба дараҷаи баланди тараққиёти худ расиданд ва дар муносибатҳои байналхалқӣ мақом ва нақши муассир доранд. 


Мо аз даъвату ҳидоят ва пешниҳодоти ватанпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардиданд, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ, ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол дастгирии комил менамоем ва барои устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд.кӯшиш ба харҷ хоҳем дод. 


Илҳом Сафаров, 
омӯзгори кафедраи фаъолияти бонкӣ