Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Нақши Паём дар рушди соҳаи маориф

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санаи 28-уми декабри соли 2023 ба мардуми кишвари азизамон ироа гардид. Президенти кишвар дар Паёми худ самтҳои асосии давлатдорӣ, ҳифзи истиқлолияти миллӣ, мустаҳкам намудан ва таҳким бахшидани дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, муҳофизат намудану афзун гардонидани арзишҳои миллӣ, таъмин намудани амнияту бехатарии давлату миллат, баландбардории сатҳи зиндагонии аҳолӣ, такмил додани низоми маориф ва илм, зиёд намудани музди маош ва сиёсати дохиливу хориҷии кишварро баррасӣ намуда, вазифаҳои мардуми кишварамонро барои соли 2024 муайян намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон сокинони кишварамонро ба пешрафту тараққиёти ҳамаи самтҳои асосии мамлакатамон шинос намуда, аз он ёдовар шуданд, ки дар соли сипаришуда давлатамон дар ҳамаи самтҳо пеш рафта, сокинони он бо муваффақиятҳои калон соҳиб гардиданд. Аз ҷумла, Президенти мамлакат қайд намуданд, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Бо ин мақсад, танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. 
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид ва музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Пешвои миллат қайд намуданд, ки бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид. Дар ин ҷода ҳаминро қайд намудан мумкин аст, ки барои пешрафти илму техника, барои боз ҳам беҳтар гардидани сифати илму таълим Ҳукумати мамлакат тамоми неруи худро равона намуда истодааст. 
Қобили зикр аст, ки пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи мазкур яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст. Чунки таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи иқтисодиёту сиёсат ва иҷтимоиёту фарҳанг аз омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад. Дар робита ба рушди соҳаи маориф ба мавзуи нақши омӯзгорон дар омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат низ чанд андеша баён гардид. Пешвои миллат супориш доданд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд. 
Баҳри тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022-юм 46 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ фаъолият менамояд, ки аз онҳо 2 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шумораи умумии донишҷӯён 3,0 (ҳаз. нафар), вилояти Суғд 10 адад, шумораи умумии донишҷӯён 46,6 (ҳаз. нафар), вилояти Хатлон 7 адад, шумораи умумии донишҷӯён 47,4 (ҳаз. нафар), шаҳри Душанбе 26 адад, шумораи умумии донишҷӯён 117,9 (ҳаз. нафар) ва ноҳияи Рашт 1 адад бо шумораи умумии донишҷӯён 3,3 (ҳаз. нафар) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Танҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар 33 адад муассисаҳои таҳсилоти олӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар умум, шумораи донишҷӯён зиёда аз 250000 нафар расидааст, 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. 
Пешрафти ояндаи давлат аз кӯшишу ғайрати омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос вобастагии бевосита дорад. Ҳар чӣ қадар мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд ва зиндагии иҷтимоии беҳтар дошта бошад, ҳамон андоза дар таълиму тарбияи насли наврас хизмати содиқона анҷом медиҳад. Ҳавасмандкунии омӯзгорон ба фаъолияти босифати кори онҳо вобаста буда, он ба болоравии сифати таълим муосидат менамояд. Ногуфта намонад, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш таклиф намуданд, ки аз моҳи июли соли 2024 дар ҳаҷми 40% музди меҳнати омӯзгорон баланд бардошта шавад. Умед аст, ки чунин иқдому дастгирӣ ба беҳтар гардидани фаъолияти омӯзгорон ва сатҳу сифати таълиму тарбия таъсир хоҳад расонд. 
Бе кадрҳои баландихтисос ва ҷавонони ватандӯсту худогоҳ рушди минбаъдаи давлат ва боз ҳам боло бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номумкин аст. Бинобар ин, Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш ба масъалаи таълиму тарбия, забондониву донистани технологияи муосир таъкидҳои махсус намуданд: «Хотирнишон менамоям, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад». Яъне, забондонӣ ва соҳибкасб будани шахс омили на танҳо пешрафту ободии ҷомеа, балки омили асосии боло рафтани сатҳи зиндагӣ ва боиси обрӯву эътибори махсус пайдо намудани шахс дар байни аъзоёни ҷомеа мегардад. Бо мисолҳои равшан ишора намуданд, ки бештари хатмкунандагони мактабҳои олӣ забонҳои хориҷиро намедонанд, ки он боиси пайдо кардани натавонистани ҷойи кори арзандаи онҳо мегардад. Даъват намуданд, ки дар оянда тамоми хизматчиёни давлатӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон бояд забонҳои русиву англисиро дар сатҳи забони модарӣ донанд. Бори дигар омӯзгорон ва ҷавононро таклиф намуданд, ки забонҳои хориҷиро омӯзанд ва донанд. Зеро бе забони хориҷӣ дар оянда пешрафт кардани шахс ғайриимкон аст. 
Дар робита ба ин, Пешвои миллат қайд намуданд, ки бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад. Қобили зикр аст, ки ҳамасола аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар курсҳои такмили ихтисос ташкил карда мешаванд. 
Дар робита ба Паёми Пешвои миллат қайд менамоям, ки бо рақамикунонии соҳаи маориф мо ба дастовардҳои зиёде хоҳем расид. Албатта, дар шароити имрӯза рақамикунонии соҳаи маориф ва илм яке аз масъалаҳои бениҳоят муҳим ба шумор меравад. Баҳри дар амал татбиқ намудани низоми молиявии муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ рақамикунонӣ роҳи осон кардани фаъолияти кориро пеш овард. Боиси қайд аст, ки имрӯз дар қаламрави кишвар аз 22 июни соли 2023, таҳти №586 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ба имзо расид, ки вобаста ба он тамоми хизматрасониҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шуд. Боиси қайд аст, ки таъмини фаъолияти самарабахши низоми пардохти кишвар яке аз омилҳои калидии фаъолияти босубот ва босуръати низоми бонкӣ маҳсуб ёфта, рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба шаффофияти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар ва рушди минбаъдаи он мусоидат хоҳад кард. Зеро чунин навъи ҳисоббаробаркунӣ, пеш аз ҳама, шаффофиятро таъмин намуда, ба пешрафти самтҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тақвият мебахшад. Агар мушоҳида намоем, мебинем, ки пас аз ба имзо расидани Фармони мазкур хеле мушкилиҳои дар ин самт ҷойдоштаи мардуми кишвар аз байн бурда шуда, барои осон ва қулай пардохт намудан чи дар сатҳи хизматрасониҳои давлатӣ ва хусусӣ шароит фароҳам овард. Дар ин васила қайд намудан бамаврид аст, ки ин шакли ҳисоббарорӣ на танҳо аз лиҳози иқтисодӣ, балки аз ҳама чиҳат барои мардуми кишвари азизамон фоидаовар аст. 


Нусратзода Муҳаммадӣ Нусрат, 
н.и.и., дотсент, мудири кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт