Мақолаҳо
Ҷанбаҳои рушди иқтисоди миллии кишвар дар Паём
Дар Паёми навбатиашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санаи 28.12.2023 якчанд масъалаҳоро қайд намуданд, ки барои мамлакати мо ҳамчун масъалаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбанд.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон чунин қайд намуданд: “... дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардида, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд...”.
Дар қиёс ба солҳои пешин оид ба рушди иқтисоди миллӣ ва маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар дар Паёмҳояшон Пешвои миллат санаи 23.12.2022 ва 21.12.2021 чунин қайд карда буданд: “... Дар панҷ соли охир (2018-2022) рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт...”.
Оид ба зиёдшавии қисми даромади буҷети давлатӣ низ чунин қайд гардид: “... дар соли 2023 қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз (нақша 37,1 млрд сомонӣ) таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд...”.
Масъалаи дигар, ин оид ба даромади пулии аҳолӣ аст, ки аз нишондодҳои Паём баръало мушоҳида мешавад, ки сол то сол суръати болоравиро касб кардааст ва ин аз рушди устувори иқтисодии мамлакат шаҳодат медиҳад.
Коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ низ пайваста дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мешавад, ки ин гувоҳ аз рушди босуботи иқтисоди мамлакат ва бо ҷойи корӣ таъмин гардидани сокинони кишвар аст. Аз ҷумла чунин қайд гардид: “Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд”.
Бояд қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буҷети давлатӣ хусусияти иҷтимоӣ дошта, пайваста барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ маблағҳои зиёд сафарбар карда мешавад. Дастгирии табақаҳои ниёзманди кишвар пайваста аз ҷониби роҳбарияти кишвар дида мешавад ва ба ин самт низ аз буҷети давлатӣ маблағҳои зиёд ҷудо карда мешавад.
Бояд гуфт, ки тайи се соли охир аз тарафи роҳбарияти кишвар баланд бардоштани музди меҳнати кормандони касбу кори гуногун ба таври назаррас мушоҳида мешавад, ки ин ба сатҳи зиндагии онҳо таъсири мусбӣ мерасонад.
Агар ба нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назар афканем, баръало мушоҳида мешавад, ки дар тайи се соли охир 80% маоши кормандони соҳаи маориф, 80% музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот, 75% нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо, 80% стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия ва ба андозаи аз 300 сомонӣ то ба 800 сомонӣ расонидани ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар боло бардошта шудааст, ки ин, албатта, ба некуаҳволӣ ва зиндагии шоистаи сокинони мамлакат оварда мерасонад.
Рушди бахши хусусӣ низ яке аз масъалаҳои меҳварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад ва дар мадди назари ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дастгирии пайваста ба соҳаи мазкур нишон дада истодааст, ки бахши хусусӣ солҳои охир бо маром рушд карда истодааст. Дар Паёмашон Пешвои миллат чунин қайд намуданд: “... Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд”.
Солҳои 2022-2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Солҳои рушди саноат” эълон гардидааст, ки барои амалишавии ҳадафи стратегии мамкакат, яъне саноатикунонии босуръати иқтисодиёти кишвар замина гузошта истодааст. Дар Паёмашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намуданд, ки саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд.
Рушди сармояи инсонӣ дар мадди назари доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар Паёми навбатиашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд намуданд, ки рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.
Дар соли 2022 низ вобаста ба масъалаи мазкур дар Паём чунин оварда шуда буд, ки дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд...”(Паёми Президенти ҶТ аз 23.12.2022).
Хулоса, аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар тамоми бахшҳо ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ пешравиҳои назаррас дида мешавад. Ҳукумати мамлакат баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳои олии кишвар ҳамарӯза тамоми имкониятҳоро сафарбар намуда истодааст, то ин ки сокинони кишвар дар як давлати ободу озод ва ҷиҳати иқтисоди тараққикарда дар фазои сулҳу оромӣ зиндагии шоиста дошта бошанд. Моро зарур аст, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ намуда, ба ин неъматҳои истиқлол шукргузорӣ намуда, пайваста барои рушду нумӯи Тоҷикистони азизу маҳбуб бо масъулияти баланд меҳнат карда, барои гулгулшукуфоии кишвар саҳми босазои худро гузошта бошем.
Муқимов Қ.М., н.и.и., дотсент, мудири кафедраи андоз ва суғуртаи ДДМИТ