Мақолаҳо
Мақоми омӯзгор дар пешрафти ҷомеа
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат чун ҳамасола ба рушди соҳаи маориф аҳаммияти махсус зоҳир карданд. Қайд карда шуд, ки дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бевосита дар такмилдиҳии низоми маориф муаллим мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Пешвои миллат қайд намуданд, ки бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид.
Албатта, мо ҳамасола мушоҳида менамоем, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат баҳри пешрафти соҳа дастгириҳои зиёд шуда истодааст. Инчунин, таъкид карда шуд, ки аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд. Агар даҳсолаи пешинро таҳлил намоем, пас худ шоҳиди он мегардем, ки дар ин давра, то чӣ андоза музди маоши кормандони соҳаи маориф боло рафт. Ин, албатта ба сифати таълим таъсири хуб мерасонад. Бинобар ин, зарурат пеш меояд, ки мақоми омӯзгор беҳтар карда шавад.
Пешвои миллат дар баромадашон қайд карданд, ки ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод-омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад. Омӯзгор дар рушд ва иқтидору устувории кишвар нақши бузург дорад. Пешаи омӯзгорӣ таъмингари шуои илму маърифати ҷомеа аст. Ба ин мазмун, пешаи муаллимӣ ҳирфаест, ки таҷассумнамои ин гуфтаҳои мухтасар перомуни шахсиятанд. Мусаллам аст, ки фаъолияти омӯзгорӣ асосан аз ду самт ё ҷанбаҳои муҳим иборат аст: таълим ва тарбия. Ин ду самт ба якдигар пайвандӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард.
Омӯзгори асил бояд ин пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад. Азбаски омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб мешавад, ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гардонидааст.
Омӯзгор, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш буда, хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро омӯзгорон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, вазифаи асосии омӯзгор, дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин, таълими одоб ва ҳидояту раҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.
Ҳақ ба ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фармудаанд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун раҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи миллат масъул аст.
Вобаста ба таҳлил ва дурнамои вазъи омӯзгор дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон бошад, метавон қайд намуд, ки имрӯз фаъолияти омӯзгорӣ дар даврони гузариши низоми маорифи кишвар ва раванди мутобиқгардонии он ба стандартҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ҳолати мазкур аз шахсияти омӯзгор фаъолияти бештари касбӣ ва садоқату самимиятро талаб менамояд. Имрӯз таваҷҷуҳи бевоситаи давлату Ҳукумат, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф равона гардида, Роҳбари давлат маорифро омили калидии амнияти миллӣ арзёбӣ намуда, омӯзгорро дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи хеш қарор додаанд.
Барои мисол, метавонем вохӯрии Пешвои миллатро бо олимони кишвар, ки санаи 18 марти соли 2020 сурат гирифт, махсус қайд намоем. Дар вохӯрии мазкур бори дигар вазъи соҳаи илм ва маориф ба таври мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва вазифагузориҳо қарор дода шуда, дурнамои соҳа муайян гардид. Дар мулоқоти мазкур зикр карда шуд, ки ҳоло дар кишвар ислоҳоти соҳаи маориф идома дорад. Агар кишварҳои пешрафтаро мушоҳида намоем, мебинем, ки пешрафти он аз заҳмату кӯшишҳои ҳамаҷонибаи омӯзгор вобастагии калон дорад. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода истодаанд. Инчунин, дар таъмини ташкили муассисаҳои таълимӣ мардуми бонангу номуси мамлакат низ саҳми калони худро гузошта истодаанд. Бубинед, ки дар ин самт аз ҷониби соҳибкорон низ дастгириҳои зиёде шуда истодааст. Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат қайд карданд, ки соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ, сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд. Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Дар ин росто, бояд шумораи омӯзгорон низ зиёд карда шавад. Албатта, бо зиёдшавии аҳолӣ шумора рӯ ба болоравӣ меорад. Тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ мушоҳида менамоем, шумораи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯи гурӯҳҳои соҳавии муассисаҳо, хусусан соҳаи маориф зиёда аз 124 000 нафарро ташкил медиҳад. Инчунин, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ зинаи магистратура низ бо роҳ монда шудааст, ки он низ барои тайёр намудани омӯзгорони оянда кумак хоҳад расонид.
Хулоса, дар шароити кунунии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа ба масъалаи меҳварӣ табдил ёфтааст ва тамоми кӯшишу талошҳои давлату Ҳукумат баҳри баланд бардоштани мавқеи ин қишри ояндасоз равона шудаанд. Ҷомеае, ки дар он омӯзгор мавқеи баланд дорад, ояндаи дурахшон низ дорад.
Рухмина Қудратова, магистранти курси 1-и ихтисоси 1-400102