Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

МАВҚЕИ ҶАВОНОН ДАР СИЁСАТИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти олии Тоҷикистон қарор дорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар давраҳои аввали Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб шуданашон, мавқеи давлатро дар муносибат ба ҷавонон чунин муайян намуда буданд: «Роҳбарияти давлате, ки бештар аз ҳафтод фисади аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд, танҳо дар сурате соҳибнуфуз мешавад ва кораш пеш хоҳад рафт, ки, агар ин неруи бузургу солим аз сиёсати он пуштибонӣ кунад». 
Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, инчунин, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. 
Дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд. Махсусан, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия ва ба камол расондани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. 
Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа, яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзуъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад. 
Дар маҷмуъ, ҷавонон ва ҳалли масъалаҳои муҳими марбут ба ҳаёти онҳо пайваста дар меҳвари барномаҳои Роҳбари давлатамон қарор доранд. Махсусан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханрониашон ба самтҳои асосии марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдорӣ ва нақшаҳои стратегӣ дахл намуда, рӯ овардан ба ҷавононро барои беҳбудии ҳаёти онҳо аз сиёсатҳои муҳими давлату Ҳукумат арзёбӣ менамоянд. 
Аз ин лиҳоз, насли ҷавон бояд фаромӯш насозад, ҳар тадбире, ки дар мамлакат амалӣ мешавад, мақсади он, пеш аз ҳама, беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст. Бо дарки амиқи ин рисолат, ҷавонони иззатманди кишвар бояд пайваста барои дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардидан кӯшиш намоянд ва ташаббусу неруи созандаи худро беш аз пеш ба манфиати рушди Тоҷикистони азизамон равона созанд. 
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, № 502 бо мақсади дастгирии шахсони болаёқат ва бо назардошти талаботи иқтисодиёти миллӣ тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои хориҷӣ аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷа Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -«Дурахшандагон» таъсис дода шуд. То имрӯз садҳо ҷавони кишвар тибқи Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шуда, хушбахтона, аксарияти онҳо баъди анҷоми таҳсил дар соҳаҳои гуногуни кишвар муваффақона фаъолият доранд. Инчунин, барои ҳавасмандгардонии ҷавонон дар солҳои истиқлол як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияи президентӣ ва номӣ, Квотаи президентӣ, грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, дастгириҳои давлатӣ оид ба ҷудо кардани манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда аз ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон аст. 
Тибқи таҳлилҳо шумораи ҷавонони то 35-сола дар байни хизматчиёни давлатӣ қариб 50 фоиз ва дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда 23 фоизро ташкил медиҳанд. Ҳукумати мамлакат саҳм ва нақши ҷавононро дар рушди бахшҳои гуногуни ҳаёти кишвар ҳамеша қадрдонӣ менамояд. Ҳамин аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 1000 ҷавон барои фаъолияти самаранок ва меҳнати софдилона бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз шудаанд. 
Ҳамаи ин ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба мо – ҷавонон дар баробари ифтихор бояд масъулияти моро бештар созад. Зеро шароите, ки имрӯз барои мо фароҳам оварда шудааст, бисёре аз ҷавонони дунё онро танҳо орзу мекунанд. Аз ин рӯ, моро мебояд бо дасту дилим гарм пайи кору пайкор бошем ва дар рушди Тоҷикистон саҳм гузорем. 

С. Абдураҳмонов, устоди кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ