Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Озод гардидан аз ҳар гуна одатҳои зараровар бояд шиори мо бошад

Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ яке аз рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳар қавму миллат ба шаклҳои гуногун зуҳур меёбанд. Ҳар як миллат дорои расму оин ва ҷашну маросимҳои миллии худ аст. Бештари миллатҳои ҷаҳон бо расму оин ва ҷашну маросимҳои худ маълуму машҳуранд. Миллати тоҷик низ дорои ҷашну маросимҳои миллӣ буда, бо ин ҷашнҳо ба тамаддуни ҷаҳон асос гузоштааст. 
Мусаллам аст, ки расму оинҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳо дар ҳаёти фарҳангӣ, маънавӣ ва моддиву маишии халқи мо таърихи басо тӯлонӣ дошта, нақши онҳо ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ дар тарбияи насли наврас хело бузург мебошад. Боиси таъкид аст, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаёти мардуми кишвар падидаи бемисли иҷтимоию фарҳангӣ ба шумор меравад, ки бо ташаббус ва иқдоми наҷибонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст. 
Ин қонун, аслан, ба хотири рӯзгори босаодат, беҳбуд бахшидан ба сифати зиндагии мардум ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, бо мақсади истифодаи оқилона ва одилонаи арзишҳои беҳтарини расму оинҳои миллӣ ва динӣ ба ислоҳоти ҷиддии иҷтимоӣ оғоз бахшид. Зеро агар ба гузаштаи начандон дур назар афканем, мебинем, ки ҷашну маъракаҳо бе низом ва бе тартиби муайян доир гашта, барои на танҳо соҳибмаърака, балки аҳли хонаводаи ӯ низ боиси мушкилию вазниниҳо мегардид. Вале бо вуҷуди таъкидҳои сардорони маҳаллаву ҳокимиятҳои маҳаллӣ ин гуна хароҷоти зиёди бемаънӣ ба ҷойи кам шудан афзудан гирифт. Ниҳоят, зарурати қабули Қонуни танзим ба миён омад ва инак, қариб ду даҳсола аст, ки он амал мекунад. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. 
Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Вале бо дарназардошти таҷрибаи зиндагӣ ва ҳолатҳое, солҳои охир ба назар мерасад, ба ин қонун баъзе иловаҳо ворид карда шуд, ки басо саривақтист ва барои нафъи мардуми тоҷик аст. 
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии хеш бо фаъолони ҷомеа ва намояндагони дин рӯзи 9 март иброз доштанд, “Худованд парҳезкориро дӯст медорад ва парҳезкор будан, албатта, хуб аст. Аммо маънои парҳезгорӣ танҳо бо нахӯрдани таом маҳдуд намегардад, балки худдорӣ аз ҳама гуна корҳои зишту нораво, исрофкорию зиёдаравӣ, хурофоту таассуб ва монанди инҳоро дар назар дорад». Бале аз намоишкорию риё парҳез кардан кори мусалмонон аст. Дар вохӯрӣ масъалаи хоҷиталбон ва оростани маъракаҳои пурдабдаба баъди аз ҳаҷ омадан гуфта шуд. Дар лоиҳаи Қонуни «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамин маросимҳои гуселу пешвозгирии ҳоҷиён бо шукуҳу дабдаба манъ карда шуд, ки басо саривақтист. Зеро нафароне, ки ҳаҷ мерафтанд, пас аз бозгашт дар хонаҳояшон маъракаҳои пурдабдаба доир карда, ба ҳамаи меҳмонон боз туҳфа тақсим ва барои ин маблағи калон сарф мекарданд. Албатта, ин исрофкорӣ аст ва барои мардум хароҷоти калони молиявӣ меорад. Дар баъзе маҳалҳо ҳатто барои хоҷибинӣ одамон то муддати як моҳ ва аз он зиёдтар мерафтанд. Ҳамаи ин хароҷоти зиёдатӣ аст. 
Масъалаи дигаре, ки дар ин лоиҳаи қонун илова гардид, манъ гардидани идгардаки кӯдакон дар идҳои Рамазон ва Қурбон мебошад. Ин тадбир низ, аз як тараф, барои нафъи мардум аст. Якум, ин ки ин анъана танҳо дар мо паҳн гардида буд, аз рӯйи мушоҳидаҳо дар дигар минтақаҳои дунё дар рӯзҳои идҳо ин анъанаро надидаем. Дувум, ин тадбир барои нигаҳдории амнияти кӯдакон созгор аст, зеро дар ин рӯзҳо аз беназорат мондани кӯдакон рух додани воқеаҳои нохуш ба қайд гирифта мешуд. Яъне барои туҳфаҳои ночиз – сақич, пуфак ва ё чизҳои бесифати камарзиш кӯдакон бе назорати волидон ва ё калонсолон идгардакӣ мекунанд. Чанд сол пеш доир ба ин масъала аҳли ҷомеа андешаҳояшонро иброз дошта, манъ кардани идгардаки кӯдаконро талаб карда буданд ва имрӯз ин пешниҳод қабул гардид ва боварӣ дорем, ки онро мардум дастгирӣ мекунанд. Ҳар як падару модар ва наздикон кӯдакони худро дар рӯзи ид бо шириниҳо ва китобҳои бадеӣ муборакбодӣ кунанд, беҳтар аст. Зеро китоб хазинаи тамомнашаванда аст, шириниро кӯдак дар 1-2 рӯз хӯрда тамом мекунад, вале китоб ҳамчун ганҷи маънавиёт барои ташаккули шахсияти инсон солҳои тӯлонӣ хизмат мекунад. 
Тавре Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, “Таҷрибаи беш аз сивудусолаи ҳамкориҳои мо бо кишварҳои олами ислом, бахусус кишварҳои арабӣ, нишон медиҳад, ки рӯй овардан ба илм, омӯзиш ва рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ, истифодаи дастовардҳои пешқадами илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосир онҳоро ба тараққиёти бесобиқа расонда, боиси аз байн рафтани фаҳмишҳои шахшуда ва куҳна гардида истодааст. Барои мисол, суръати рушди кишварҳои мусулмоннишинро дар мисоли Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Кувайт, Баҳрайн, Малайзия ва дигарҳо мегирем, ки бо чи суръат рушд карда истодаанд. Онҳо хуб дарк кардаанд, ки омили наҷотбахши инсоният танҳо илм ва рӯ ба илмомӯзӣ овардани насли ҷавони кишвар аст. Ба ин хотир, аз ҳама имкониятҳо истифода карда, ҷавононро ба илму омӯзиш ҳидоят намуда, зиндагии босаодати сокинонашонро таъмин карда истодаанд”. 
Аз ин рӯ, ҷомеаи Тоҷикистонро низ зарур аст, ки аз хурдӣ кӯдаконро барои китобхонӣ ва илмомӯзӣ ҳидоят намоянд. Дар ниҳоди фарзандон дарки арзишҳои миллӣ ва талқини ҳисси ватандӯст, ҳидояти илму донишро ҷорӣ намоем, то ин ки ҷавонони бомасъулияту ташаббускор ва донишманд шуда ба воя бирасанд ва барои рушду пешрафти Тоҷикистон бо донишҳои хеш саҳм гузоранд. 

Сурайё Тилакмуродова, Савсан Султонова, устодони кафедраи баҳибгирии мусоҳибӣ