Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Роҳи беҳтарини эмин будан аз хатарҳои иртиҷоӣ маърифатмандии ҷавонон аст

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони кишвари сулҳдӯсту сулҳовар дар самти мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, фаъол буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз ҷомеаи ҷаҳон даъват ба амал меоранд, ки аз «сиёсатҳои дугона» канорагирӣ ва муқовимати муштараку дастаҷамъона дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ба роҳ монда шавад. 
Дар ҳамин ҳол, вақтҳои охир мушкилоти ҷавонон дар ҷомеа зиёд шудааст. Ақидаҳои ифротӣ ва ғояҳои иртиҷоӣ мафкураи ҷавонони моро табоҳ менамоянд, ки баррасӣ намудани онҳо аз аҳаммият холӣ нест. Хатари дигаре, ки ба ҷомеа, алалхусус, ба ҷавонон таҳдид месозад, ин густариши фаъолияти ҷараёнҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ мебошад. Барои ҷалби ҷавонон ҷараёнҳои мазкур аз тамоми василаҳо истифода менамоянд. 
Феълан, рахна задан ба ҷаҳонбиниву тафаккури ҷавонон шиору шеваи аслии сиёсатҳои таҳмилии хавфнок мебошад. Иҷборан дар муқобили ин ҷараён қарор гирифтан душвор аст ва роҳи беҳтарини эмин будан аз чунин хатар маърифатманду соҳибдониш гардондани ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ба ақидаи бештари коршиносон, ҷавононе, ки ба ин роҳ равона мегарданд, ақида ва дониши кофии диниву дунявӣ надоранд. 
Бояд гуфт, ки илму дониш чун чароғи тобонест, ки дар зулмати ҷаҳолат дурахшида, роҳнамо ва мададгори инсон дар зиндагӣ мегардад. 
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва намояндагони дин дар бораи донишандӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани ҷавонон андешаронӣ карда гуфтанд: «Мо бояд хонем, илм омӯзем, илмҳои дақиқу риёзиро рушд диҳем, техникаву технологияҳои навтаринро аз худ кунем, кадр тарбия кунем ва заҳмат кашем, то зиндагии имрӯзаамон нисбат ба дирӯз ва фардоямон нисбат ба имрӯз беҳтар гардад. Пас биёед, фарзандонамонро тарбия намоем, илм омӯзонем, китобхон кунем ва соҳибкасб гардонем, то дар зиндагии оянда азият накашанд, роҳгум назананд, дастёр ва ғамхори падару модар бошанд». 
Бешак, рӯ овардан ба дониш яке аз фазилатҳои беҳтарин барои ҷавонон ва умуман барои инсон аст. Зеро фурсати омӯзиш ва хондан ҳеҷ гоҳ барои инсон дер намешавад. Шахс дар натиҷаи омӯзиш ва хондан ҷаҳонбиниаш васеъ шуда, ҳамчун шахсият ташаккул меёбад. 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам барои донишманд гардонидани насли наврасу ҷавон як қатор тадбирҳо роҳандозӣ кардааст, аз ҷумла ҷалби ҷавонон ба илму дониш (солҳои 2020 – 2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва монанди инҳо) дар баробари заминаҳои пешрафти иқтисодии ҷомеа, яке аз роҳҳои андармон сохтани ҷавонон барои ташаккули шахсияти фардии онҳо низ ба шумор меравад. 
Дар кишвари мо шароити таҳсилу омӯзиш фароҳам буда, ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва танҳо сидқан ин рисолатро анҷом додан лозим аст. Дар замони муосир маҳз омӯхтани донишҳои замонавӣ, аз худ кардани касбу ҳунар, рӯй овардан ба илм ва тарбияи кадрҳо метавонад ба рушди соҳаҳои мухталиф замина гузошта, ба болоравии иқтисоди миллӣ мусоидат намояд. 
Мусаллам аст, ки ҷавонони соҳибмаълумот, фаъолу бомаърифат муҷиби пешрафти кишвар барои имрӯзу оянда мебошанд. Дар ин роҳ оила ва мактаб низ нақши бузург дорад. Авзои имрӯзаи минтақа ва ҷузъиёти алоҳидаи сиёсатҳои таҳмилӣ моро водор менамояд, ки нисбат ба тақдири имрӯзу ояндаи наврасону ҷавонон ҳар лаҳза бетафовут набошем, зеро ояндаи орому осоиштаи ватанамон, сарзамини ободу пешрафта аз ҷавонони соҳибмаърифату донишманд, ташаккулёфта, ватандӯст, бошаъну шараф вобаста аст. 


Файзализода М., Раҷабов С., устодони кафедраи баҳисобгирии мусоҳибӣ