Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – АСОСИ УСТУВОРИИ МИЛЛӢ

Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун омили неруманди иттиҳоди ҷомеаи мо хизмати бузургу пурарзишро анҷом дод. Ва имрӯз вақти он расидааст, ки омӯзиши ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба таҳқиқ ва тарғиб карда шавад. Тақозои замон ин аст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ чун қисми таркибиву тавонбахши тафаккури миллӣ эътироф гардида, ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад. Имрӯз аз файзу баракати истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо азму иродаи кавӣ ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад. Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол таъмину таҳкими сулҳ ва Ваҳдати миллӣ мебошад. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун санади сарнавиштсоз барои пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмину таҳкими истиқлолу Ваҳдати миллӣ, афзудани нуфузу эътибори ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кард. Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвару миллати моро ҷавонони созанда бо дастовардҳои назаррас дар байни дигар мамлакатҳои ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Сулҳу ваҳдат ганҷи бебаҳо буда, ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани он вазифаи ҳаётан муҳим ва муқаддаси ҳар як сокини диёр, махсусан ҷавонони баору номус ва бошараф ба шумор меравад. Ҷои шубҳа нест, ки мардуми шарифи ҷумҳурӣ ҳамаи нерую кӯшиш, ақлу хиради худро барои боз ҳам устувор гардидани дӯстию рафоқат, ваҳдати миллӣ ва ба қуллаҳои баланди рушд расидани Тоҷикистони азиз равона кардаанд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Зеро сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо овои шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ - оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Итминони комил дорем, ки муттаҳидиву ягонагӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор мемонанд ва моро дар роҳи татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози Ҳукумати мамлакат ғайрату илҳоми тоза мебахшанд. Ба хотири он ки истиқлолу озодии Тоҷикистони азизро ҷашн мегирем, ҳар яки мо вазифадорем, ки ин барои ин марзу буми муқаддас, пойдории озодиву соҳибихтиёрӣ ва ободиву оромии он дучанд заҳмат кашем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем, яъне тамоми кӯшишу ғайрати мо ва ҳар рӯзи фаъолияти кулли фарзандони ватандӯст ва бонангу номуси миллат ба номи истиқлол, ба хотири таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии кишвари азизамон – Тоҷикистон сафарбар карда шавад.

Р. Тағоева, дотсентикафедраисуғурта