Мақолаҳо
Эродҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар роҳи ҳал мехоҳад
Санаи 30 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гардид. Ман яке аз иштироккунандагони он мулоқот будам ва баромади пурмуҳтавои Роҳбари давлат таассуроти баланд бардоштам. Дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар ҳаматарафа баррасӣ гардиданд. Суханронии Сарвари давлат, аз як тараф, ҷамъбасти натиҷаҳои бадастовардашуда дар соҳаи илму маориф дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бошад, аз тарафи дигар, дар он барномаи мукаммали рушди илму маориф барои даҳсолаҳои наздик баён карда шуд. Суханронӣ дар сатҳи баланду пурмазмун буд, фикру ақидаҳои Пешвои миллат бо далелу фактҳои зиёд асоснок карда мешуданд ва камбудиву норасоиҳои мавҷуда ошкор карда шуда, вазифагузориҳои аниқ баён мегардиданд. Президенти ҷумҳурӣ илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа номида, қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба пешрафти ҳамаҷонибаи илм ва маориф ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони ин соҳаҳо ҳама вақт имкониятҳои заруриро муҳайё менамояд. Пешвои миллат қайд намуданд, ки дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд карда шуданд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла докторҳои илм қариб чор баробар ва номзадҳои илм 1,6 баробар зиёд гардидааст. Дар баробари ин, қайд намуданд, ки нишондиҳандаҳои овардашуда қаноатмандкунанда нестанд. Боиси ифтихор аст, ки Ҳукумати мамлакат барои саҳми арзанда дар иқтисодиёт, илм, фарҳанг, адабиёт, фаъолияти босамари давлатӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ то имрӯз садҳо нафар олимони кишварро бо ҷоизаҳо, унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намудааст. Қайд карда шуд, ки дар кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология ба тақозои замона ҷавобгӯ нест. Инчунин, Роҳбари давлат аз он низ нигаронӣ намуданд, ки дастгирӣ наёфтани ҷавонон аз ҷониби олимону донишмандони калонсол ва камтаваҷҷуҳӣ нисбат ба талошҳои онҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди илмӣ қаноатбахш нест. Баъзе устодону олимони номдори мо дар муддати беш аз панҷоҳ соли фаъолияти илмии худ ақаллан чор-панҷ шогирди сазовор тарбия накардаанд. Андешаи Президенти кишвар доир ба идома додани анъанаи мактаби устоду шогирд, ки дар таърихи халқи тоҷик собиқаи ҳазорсола дорад, дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан, дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд. Ба қавли Пешвои миллат дар арзёбии фаъолияти илмии ҳар як олим, аз ҷумла доктори илм ду меъёр бояд асосӣ ва аслӣ бошад: аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ, ки посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд. Нигаронии Сарвари давлат доир ба он ки аз ҷониби муассисаҳои илмӣ интихоб кардан ва минбаъд аз ҳисоби онҳо тарбия намудану омода кардани кадрҳои илмӣ қонеъкунанда нест, куллан дуруст аст. Ин эрод роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, инчунин ҳамаи олимонро водор месозад, ки дар оянда ба ин масъалаи барои кишвар аҳамияти ҷиддидошта диққати бештар диҳанд. Дигар масъалае, ки ба он Пешвои миллат нигаронӣ намуданд, ин аст, ки дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, бояд дар оянда муассисаҳои илмии кишвар ба ин масъала диққати бештар диҳанд. Президенти кишвар қайд намуданд, ки сифати корҳои илмӣ, аз ҷумла диссертатсияҳо хеле нигаронкунанда мебошад. Яке аз сабабҳои паст гардидани сатҳу сифати корҳои илмӣ хунукназарии шуроҳои диссертатсионии амалкунанда, муассисаҳои пешбари тақриздиҳанда ва муқарризони расмӣ ба масъалаи арзёбии диссертатсияҳои ҳимояшаванда мебошад. Дар баробари ин, дониши тахассусии баъзе довталабоне, ки рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро тибқи низоми докторантура аз рӯйи ихтисос ҳимоя мекунанд, ҷавобгӯи талабот ва дараҷаи илмии дарёфтшаванда нест. Ҳамчунин, баъзан ба чашм мерасад, ки кори илмии ба талабот ҷавобгӯнабуда, ки барои ҳимоя дар як шурои илмӣ иҷозат дода нашудааст, дар кӯтоҳтарин фурсат дар шурои диссертатсионии дигар ҳимоя мешавад. Дар муддати кӯтоҳ бартараф намудани ин камбудиҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шахси масъул аст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи аз тарафи баъзе тадқиқотчиён даст задан ба асардуздӣ, ки аз ҷониби шабакаи «Диссернет» фош карда шудааст, нигаронии зиёд намуданд. Дар ҳақиқат, ин масъала нанговар мебошад ва бояд пурра бартараф карда шавад. Дар суханронии Пешвои миллат ба самтҳои авлавиятдоштаи илм диққати махсус дода шуд, аз ҷумла ба тадқиқотҳо доир ба иқтисодиёти сабз, илмҳои риёзиву техникӣ, табиӣ, геологӣ, иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Дар ҳақиқат, ин илм масъалаи калидӣ буда, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти Ватани азизамон дар оянда ба он ниёзи бештар дорад. Умуман, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти муассисаҳои таълимиву илмӣ, ҳамаи омӯзгорону олимонро водор месозад, ки дар оянда ба масъалаи рушди илму маориф диққати ҷиддӣ диҳанд, чунки маориф ояндасози миллату давлати мо ба ҳисоб меравад.
И. АМИНОВ,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи менеҷменти ДДМИТ