Мақолаҳо
ИЛМУ МАОРИФ ТАКОНДИҲАНДАИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
Санаи 30-юми майи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии навбатии худро бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор намуданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки илм ва маориф дар маркази сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар даврони истиқлол дар бахши мазкур, ки аз ҷумлаи бахшҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад, як қатор тағйироти куллӣ ба вуҷуд омаданд. Дар баробари тавсеаи инфрасохтори соҳаи маориф ва илм, дар ин муддат як қатор дигаргуниҳое ба вуҷуд омаданд, ки воқеан дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз он ҷумла дар тақвият бахшидани равандҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши сазовор доранд. Дар ҳамин замина, дар вохӯрие, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маорифи кишвар баргузор намуданд, сароғоз ба масъалаҳои муҳимми рушди иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид сохтанд, ки ҳама вақт илм, маориф ва махсусан кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли зиёи кишвар дар меҳвари сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва ҳамин аст, ки мунтазам новобаста аз мураккабиҳое, ки дар оғози даврони истиқлол буданд, ҳама вақт маблағгузорӣ ба соҳаи илм зиёд карда мешуд ва дар баробари ин, инфрасохтори соҳа, бунёди муассисаҳои нав, махсусан дар сохтори Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидани якчанд пажуҳишгоҳҳо низ, аз ҷумлаи ҳамин дастовардҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар марҳилаи нахустини истиқлоли давлатӣ ба мо даст додаанд. Чӣ тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, агар дар соли 1992 маблағгузорӣ ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомониро ташкил медод, аллакай дар соли 2023 ба 180 миллион сомонӣ ва дар соли 2024 ба 225 миллион сомонӣ баробар карда шуд, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои бисёр муассир дар даврони истиқлол ба ҳисоб меравад, зеро дастгирии соҳаи илм, фароҳам овардани шароит барои анҷом додани тадқиқоти илмӣ, заминаи асосии гузариш ба иқтисодиёти инноватсионӣ ва тавсияи равандҳои рақамикунонӣ дар иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки солҳои охир дар кишвар ба омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад ва дар ин самт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки солҳои охир дар омода кардани кадрҳои илмиву педагогӣ ва шароит фароҳам сохтан барои ҳимояи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар кишвар заминаи бисёр ҳам мусоид аст. Дар баромади Пешвои миллат вобаста ба тақвияти пайвастагии илм ба истеҳсолот таъкид гардид ва дар ҳамин замина, Президенти мамлакат қайд намуданд, ки бояд илм ба истеҳсолот пайвастагии бештар дошта бошад ва илм тавонад, ки дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақши бунёдиро бозад. Ҳамчунин, чӣ тавре ки ба мо маълум аст, яке аз вазифаҳои бисёр муҳимме, ки мо дар ояндаи наздик бояд онро ҳал намоем, ин баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар низ махсус таъкид шуда буд ва дар ҳамин замина, зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо аҳли кормандони илму маорифи кишвар таъкид шуд, ки илм ва неруи инсонӣ - ин ду омили асосӣ ба ҳисоб мераванд, ки воқеан метавонанд ба баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ мусоидат намоянд. Дар ин баробар таъкиди Сарвари давлат аз зиёд гардидани миқдори стипендияҳо ва бурсияҳое, ки дар асоси он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба таври алоҳида таъкид карда шуд. Чӣ тавре ки Пешвои миллат иброз намуданд, айни замон зиёда аз 40 ҳазор ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ки ин ҳам яке аз дастовардҳои бисёр муҳимми даврони истиқлол ва натиҷаи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Зеро таҳсил дар хориҷи кишвар ва махсусан омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ дар хориҷи кишвар яке аз нишондиҳандаҳои бисёр муҳимми рушди илм ва маорифи мамлакат маҳсуб меёбад. Дар баробари афзалиятҳои таъкидшуда, ҳамчунин, Пешвои миллат ба як қатор вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар вазифагузорӣ намуданд, ки бояд дар ояндаи наздик нақши илми тоҷик дар рушди иқтисодӣ-иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар татбиқи сиёсати давлатӣ баланд бардошта шавад. Вобаста ба ин, солҳои охир ҷиҳати оммавигардонии илм, омӯзиш, таълим, таҳсил як қатор корҳои муассир ба анҷом расонида шуданд, аз он ҷумла ташкили озмунҳои ҷумҳуриявие, ки бевосита таҳти сарпарастии Пешвои миллат баргузор мегарданд, имконият дод, ки чеҳраҳои нав, ҷавонони соҳибистеъдоди нав кашф карда шаванд ва имрӯз дар баробари таҳсил дар ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар ва махсусан дар оммавигардонии тарғиботи донишҳои наву замонавӣ нақши бисёр калонро мебозад. Масъалаи дигаре, ки дар баромади Сарвари давлат қайд гардид, ин муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушди илму техника ва татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ дар соҳаи илму маориф ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, татбиқи стратегияи самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ-иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид сохтанд, ки бояд дар заминаи татбиқи босифати стратегия ва барномаҳои давлатӣ, гузариш ба иқтисодиёти инноватсионӣ ва татбиқи ҳадафҳои рушди миллӣ, аз он ҷумла саноатикунонии босуръати иқтисодиёти кишвар ҳаллу фасл карда шавад, зеро таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки илм ва технологияҳои муосир - инҳо ду омили бунёдӣ ҳастанд, ки метавонанд иқтисодиётро ба рушди инноватсионӣ ноил гардонанд ва ҳамчунин, равандҳои иқтисодӣ-иҷтимоии кишварро ба талаботи имрӯзаи ҷаҳони муосир мутобиқ созанд.
Қутбиддин Муқимов, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи андоз ва суғуртаи ДДМИТ