Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ваҳдати миллӣ асоси бақову саодати миллат аст!

Вожаи ваҳдат мазмуни васеъ дошта, бо истиқлолият ва озодӣ ҳамбастагӣ дорад. Вақте ки ваҳдат мегӯем, пеши назарамон якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва иттиҳод падид меояд. Вале ин иттиҳоду ҳамбастагӣ ба осонӣ насиби халқи тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик нагаштааст. 
Баъди пароканда гардидани ҳокимияти шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд, зеро ҳодисаҳои нангин, ба мисли тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ ва майдоннишиниҳо оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд. 
Низоъҳои мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда, ҳазорон нафар кӯдакону наврасонро ятим гардонид. Ҷойе, ки тиру туфанг садо баланд мекунанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон хомӯш мешаванд ва аз ин лиҳоз, мардум маҷбур буданд, ки манзилҳои худро тарк намуда, дар бисёр кишварҳо гуреза шаванд. 
Хушбахтона, дар чунин вазъияти басо сангин моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ин Иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд. 
Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ ба халқи тоҷик муроҷиат намуда, бо қатъият чунин изҳор карда буданд: «То даме ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шуруъ накунем, ҳеч гуна кумаку мусоидатҳои кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад. То охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам. Тамому донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизамон содиқона меҳнат мекунам». 
Санаи 8 декабри соли 1992 Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ барои пеши роҳи ҷанги бародаркушро гирифтан қадами аввалини худро гузоштанд, ки ин муроҷиатномаи ӯ ба халқи тоҷик буд. Дар муроҷиатномаи мазкур аз ҷумла омадааст: «Падару модарон, хоҳарону додарон! Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраи таърихиро аз сар гузаронда истодааст. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллату давлати мо шуда истодаанд. Мо, ки ворисони Рӯдакию Сино, Сомонӣ, Ҳофизу Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ҳастем, бо ақлу заковати хеш бояд бо сабру таҳаммул бошем ва нагузорем, ки фарзанд ё бародари мо даст ба ҷиноят занад». 
Дар ҳақиқат, таърих гувоҳ ҳаст, ки Сарвари давлат ҷони худро дар хатар гузошта, барои баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афгонистон сафар намуда, ҳамватанонамонро бовар мекунонид, ки ба ватан баргарданд. Дар ҳамон давра касе аз зинда мондан ва ба чунин комёбиҳо расиданро тасаввур намекард. 
Маҳз бо хоҳиш ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлати тоҷикон музокироти сулҳи тоҷикон шуруъ шуд. Ҷаноби Олӣ зимни вохӯриҳояшон бо мухолифон такрор ба такрор мегуфт, ки агар мо ба сари мақсад наоем, миллат нест мешавад, Тоҷикистон ба порчаҳо тақсим мешавад ва наслҳои оянда мову шуморо намебахшанд. 
Дар ниҳояти кор, гуфтушунидҳо бо мухолифон дар Афғонистон, Эрон, Русия, Покистон натиҷаи дилхоҳ доданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Маҳз сиёсати оқилона, дурандешӣ, садоқат ва сулҳхоҳии Пешвои миллат боис шуд, ки моҷароҷӯӣ ва нофаҳмиҳо дар кишварамон хомӯш гардида, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шуд. Имрӯзҳо иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши СММ ва бисёр давлатҳои олам гадидааст. 
Ҳар як афроди тоҷику тоҷикистонӣ бояд донад, ки Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя ва рушди бемайлони он таъмин карда мешавад. 
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва сулҳу ваҳдат пойдор аст. Мо - тоҷикону тоҷикистониён, бояд дар атрофи Сарвари дурандеши худ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо меҳнати софдилонаю содиқонаамон Ватани азизамон Тоҷикистонро обод гардонем ва ин неъмати бебаҳоро ҳифз намоем. 

А.М. Акобирзода, ассистенти кафедраи иқтисоди корхона ва соҳибкорӣ