Мақолаҳо
Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ
27-уми июни соли ҷорӣ мардуми шарафманди тоҷик бисту ҳафтумин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил мекунанд.
Барои расидан ба ин рӯзи саид халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад.
Марҳилаи начандон тӯлонии таърихӣ собит сохт, ки тоҷикон, дар ҳақиқат, миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд.
Таҳлилҳои таърихӣ, илмӣ ва муқоисавӣ нишон медиҳанд, ки мо метавонем роҳи дар даврони истиқлолият тайкардаи худ, инчунин Ваҳдати миллиро ҳамчун бозёфти нодири халқамон муаррифӣ намоем.
Дар шароити имрӯза, ба мо, пеш аз ҳама, зарур аст, ки моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллиро ҳамчун инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо дар сатҳи кишвар муаррифӣ намоем.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки мардуми мо ва алалхусус, насли ҷавони кишвар андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ қабул намоянд ва ба хотири таҳкими ҳарчи бештари он саъю талош варзанд.
Ҳар яки мо шоҳиди воқеаҳое мебошем, ки вақтҳои охир дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Миср, Афғонистон ва баъзе кишварҳои дигар нооромиҳо ва ҷангҳои шаҳрвандӣ идома доранд. Дидани вазъи гурезаҳое, ки барои наҷоти ҷони худ аз Сурия ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Туркия ва мамлакатҳои Аврупо фирор мекунанд, ҳар шахси солимфикру бовиҷдонро ба ташвиш меорад.
Ин ҳодисаҳо ҳар яки моро водор месозанд ба хотир орем, ки чунин рӯзҳои ниҳоят сахту сангин ба сари мо ва сарзамини мо низ омада буданд.
Мувофиқи манбаъҳои муътамади оморӣ, гуфтаниям, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 5-уми майи соли 1992 оғоз гашта, 27-уми июни соли 1997, яъне дар тӯли 1880 рӯз анҷом ёфт. Мутаасифона, дар ҷанги шаҳрвандӣ беш аз 100 ҳазор ҷавонони тоҷик ба шаҳодат расиданд, садҳо шаҳру деҳаҳои обод валангору хароб гаштанд, беш аз 1,5 миллион марду зани тоҷик ба хотири ҳифзи ҷони хешу хонаводагӣ ҷойи муқимии зисташонро тарк карданд.
Хушбахтона, хираду заковат бар кинаву адоват боло гирифт. Сулҳи тоҷикон бо шеваву усули худ дар таърихи тамаддуни башарӣ бемислу монанд аст. Аввалин бор бо миёнравии Созмони Милали Муттаҳид, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия 5-уми апрели соли 1994 ҷонибҳо рӯ ба рӯ нишастанд ва баъд аз 1179 рӯз ба мақсади ниҳоӣ расиданд.
Ҷонибҳо дар 9 даври гуфтушунид, аз ҷумла 7 маротиба дар сатҳи роҳбарони олимартаба мулоқот карданд. 27 июни соли 1997 дар Москва Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон ба имзо расид, ки ҳуҷҷатҳои асосии зермнро дар бар мегирифт:
1. Принсипҳои асосии барқарорсозии сулҳ;
2. Дар бораи вазифа ва ваколатҳои КОМ;
3. Низомномаи КОМ;
4. Протокол оид ба гурезаҳо;
5. Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ;
6. Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ;
7. Протокол дар бораи Кафилони татбиқи Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон.
Дар ҳамин вазъияти кишварамон сулҳи дар рӯи коғазбуда бояд амалӣ мегашт ва бартарафсозии ҳамаи мушкилоти мавҷуда ба дӯши КОМ вогузошта шуда буд.
Кори КОМ дар шаҳри Душанбе 15-уми сентябри соли 1997 шуруъ гашт. Дар ҷаласаи нахустини он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «… Шумо, аъзои КОМ, посбони сулҳи деринтизор ҳастед, ҳифзи он дар дасти Шумо ва вазифаи аввалиндараҷаи Шумост, ояндаи Тоҷикистон ба меҳнати Шумо вобастагӣ дорад…».
Дар ҷаласаи аввал 4 зеркомиссия таъсис дода шуд:
- зеркомиссияи сиёсӣ - сардораш Иброҳим Усмонов;
- зеркомиссияи ҳуқуқӣ - сардораш Отахон Латифӣ;
- зеркомиссияи низомӣ - сардораш Ҳабиб Сангинов;
- зеркомиссияи муҳоҷирин - сардораш Шукурҷон Зуҳуров.
Ба ҳар зеркомиссия 3 нафарӣ аз ҷонибҳо, баъдтар мутахассисон ва коршиносон ҳамроҳ карда шуданд.
Яке аз санадҳои асосии меъёрии ҳуқуқии қабулшуда, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» буд, ки дар асоси он 5377 нафар сарбозони ИНОТ авф карда шуда, аз ҷавобгарӣ озод карда шуданд.
Баъди аттестатсияи кормандони вазоратҳои қудратӣ 421 нафар аз вазифаҳояшон хориҷ, 1146 нафар ба вазифаҳояшон номуносиб ва 50 нафар ба вазифаҳояшон барқарор карда шуданд.
Аз шумораи умумии зиёда аз як миллион нафар муҳоҷирон зиёда 635 ҳазорашон дар давраи фаъолияти КОМ ба Ватан бозгаштанд.
Чандин масъалаҳои сиёсӣ ҳалли худро ёфтанд. Хулосаи фаъолияти 2 солу 8 моҳу 25 рӯзаи Комиссияи оштии миллӣ аз инҳо иборат буд:
- ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд;
- асирони сиёсиву ҳарбӣ озод карда шуданд;
- муҳоҷирин ба Ватан сарбаландона баргаштанд, хонаву дари онҳо бозгардонида шуд, бархе аз онҳо ба ҷойҳои кори худ барқарор карда шуданд;
- қонунҳои сиёсӣ қабул карда шуданд, 30 фоизи намояндагони ИНОТ ба сохторҳои ҳукуматӣ ворид гардиданд, интихоботи парламенти касбӣ доир гардид, васоити ахбори омма ва азҳоби сиёсӣ озодона фаъолият намуданд;
- сулҳи деринтизор кишварро аз нобудиву парокандагӣ наҷот дод.
Бо ҳамаи ин КОМ рисолати таърихии худро дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро кард.
Замимаҳои асосии сулҳ, пеш аз ҳама, фарҳанг ва маданияти баланди инсонӣ доштани халқамон, сабру таҳаммул, иродаи содиқ ва тасмими ҷиддии роҳбарони ҷонибҳо нисбат ба сулҳ маҳсуб меёбад.
Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки амният ва Ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад.
Имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб кардааст.
Ин зуҳуроти хатарнок дар минтақаву кишварҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаву давлатҳои алоҳида ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд овардааст.
Мо бояд ин Ватанро сидқан ва мисли ҷони худ дӯст дорем, шукронаи обу хоки диёрро ба ҷо орем, онро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо ҳифз кунем ва барои ободиву сарсабзии ин диёри биҳиштосо даҳчанд саъю талош намоем.
Вазъи ҳуқуқии кишвар, аз ҷумла риояи қонунҳои миллиамон имкон медиҳанд, ки мо шиддати зиёдаравиро паст намоем, пеши роҳи исрофкориву хурофотро гирем ва некуаҳволии мардумро боз ҳам беҳтар гардонем.
Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некуаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад.
Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.
Барои ин, мо бояд ҳар яке дар ҷойю вазифаи ишғолкардаи худ аз сидқи дил меҳнат кунем.
А. Ҳотамзода, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ