Мақолаҳо
Дастури Пешвои миллат такондиҳанда барои ҳалли масъалаҳои об
Рӯзҳои 10-13-уми июн дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид. Дар кори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ яке аз устодони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон н.и.и., дотсент Маъдиев Саъдихоҷа иштирок дошт, ки фикру мулоҳизаҳои эшонро ба хонандагон пешкаш менамоем.
Дар ин чорабинии сатҳи баланд, ки зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок намуданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: “Агар чанд сол пеш мо дар бораи чор баробар зиёд кардани талошҳо барои ноил гардидан ба Ҳадафи 6-уми рушди устувор сухан мерондем, имрӯз, тибқи иттилои ниҳоди “Созмони Милал – Захираҳои об”, мо амалҳои худро бояд шаш баробар зиёд мекардем, то ба ин ҳадаф бирасем”. Ҳамин тавр, маълум мегардад, ки самти мазкур ҳамчун муҳаррики рушди тамоми бахшҳои ҳаёти воқеии кишвар, алалхусус соҳаи иқтисоди миллӣ баромад мекунад. Яъне, рушди ҷомеа дар як давраи хеле пуртазод ҷараён дошта, яке аз омили калидӣ ин ҳамаҷониба тақвият додани фаъолияти илмӣ дар роҳи ҳалли масъалаҳои об мебошад. Баробари дигар масъалаҳои баррасишаванда, ман худ дар форуми “Илм ва техника” дар баҳсу мунозираҳо оид ба дастовардҳои таҳқиқотчиён ва истифодаи таҷрибаи пешқадам барои ҳалли муаммоҳои марбут ба об дар Осиёи Марказӣ ширкат варзидам. Ба андешаи ин ҷониб, ҷиҳати аз ҳама аҳаммиятнок ва муайянкунанда дар ин масъала дарёфти роҳҳои ҳалли аксари муаммоҳои ҷойдошта, хусусан масоили об бевосита аз дастуру супоришҳои қаблии Президенти кишвар бармеоянд, қобили қабуланд. Бинобар ҳамин, бо пуррагӣ ва сари вақт ба эътибор гирифтани нуктаҳои муҳимми суханони Президенти кишвар оид ба арзёбии ҳолати кунунии масъалаҳои самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ ва таъмини бехатарии об дар заминаи дастовардҳои илмӣ асоснок мебошад. Ба назари мо, чунин нуктаи муҳим ҳамчун замина барои дар оянда омода намудани мутахассисон дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зарур буда, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии мутахассисони оянда, алалхусус дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои замонавӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ барои ҳалли масъалаҳои об мусоидат менамоянд. Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони маориф ва илм, аз ҷумла қайд намуданд: ”Мову шумо дида истодаем, ки имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд”. Аз ин рӯ, дар татбиқи назарияи илм дар амалия тавассути инооватсия ва ихтироъкорӣ ва технологияҳои муосир талаби замон буда, натиҷаҳои назаррас медиҳад. Ҳамин тавр, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки дар баробари натиҷаҳои бадастомада, қаноат накарда, саъю талош намоем, то ин ки илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии ҳамаи мардум, алалхусус ҷавононро дар таъмини ҳалли масъалаҳои дохилӣ ва глобалии обу иқлим, ба роҳ мондани ҳамкориҳои бисёрҷониба сафарбар намоем.
Маъдиев С., дотсенти кафедраи андозбандӣ ва суғурта