Мақолаҳо
Муҳандис – барномасоз талабноктарин касби замон
Чаро чунин сарлавҳаро ҳамчун мавзуи матраҳшаванда интихоб намудам? Чун имрӯз ҷомеаи муосирро, на танҳо ба андешаи ман, балки ба андешаи аксарият, бидуни истифода аз технологияҳои муосири иттилоотии муосир тасаввур кардан басо мушкил аст.
Ҳанӯз аз ибтидои солҳои бадастоварии истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи ТИК таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, афзалияти он дар пешбурди фаъолияти соҳаҳо муайян ва асоснок карда шуд. Сипас дар давраҳои муайян барномаву консепсияҳои мухталифи ба рушди татбиқи ТИК мусоидаткунанда қабул ва роҳандозӣ карда шуда, то имрӯз дар ин самт як қатор дастовардҳои назаррас ба даст оварда шудаанд. Вале ин гуна дастовардҳо дар қиёс ба сатҳи татбиқи ТИК дар кишварҳои дар ин самт пешрафта начандон назаррас аст. Ба андешаи ман, омили асосии чунин шароит ин норасоии кадрҳои баландихтисоси ватанӣ ва сатҳи пасти ҳамгироии амалия ва назария дар раванди таълим мебошад. Новобаста аз он ки имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯйи ихтисосҳои мухталифи марбут ба ТИК мутахассис омода карда мешавад, вале масъалаи таъмини рақобатпазирии мутахассисони соҳа дар бозори меҳнат то ҳол ҳалталаб боқӣ мемонад.
Аз таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон мушоҳида мегардад, ки омодасозии кадрҳо бояд вобаста ба тақозои замон ва бо роҳи татбиқи усулҳои муосири таълим дар доираи самтгирӣ ба амалисозии ҳадафҳои стратегӣ ба роҳ монда шавад. Бинобар ин, дар шароити муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани барномасозони ҳирфавии ватанӣ масъалаи муҳим ва рӯзмарра буда, аз мо - ҷавонон дар самти аз худ намудани донишҳои илмии замони муосир саъю кӯшиши зиёдро талаб менамояд. Албатта, бо вуҷуди андешидани як қатор тадбирҳои илман асоснок дар ин самт мушкилот зиёданд ва ин масъала пеши назар чунин сатри аҷибро вомегузорад: “Дар илму ҳунар аввал истеъдод аст, дувум устод ва сеюм саъю кӯшиш, аммо севумӣ аз он ду дигар воҷибтар аст”. Агар ба мағзи маънии ин гуфта назар афканем, пас маълум мешавад, ки дар баробари доштани истеъдод ва пурталабиву соҳибтаҷрибагии устодон мо - донишҷӯён бояд дар самти аз худ намудани донишҳои касбии худ саъю кӯшиши ҷиддӣ дошта бошем.
Дар баробари саъю кӯшиш, инчунин вобаста ба тақозои замон муҳандис-барномасоз бояд маҷмуи маҳорат ва қобилиятҳои мушаххасро дошта бошад, аз ҷумла дониши забони англисӣ дар сатҳи техникӣ; устувории равонӣ; эҷодкории тафаккур; мувозинати баланди эмотсионалӣ; сабру тоқат. Ин ҳама сифатҳои шахсии барномасоз ба шумор рафта, дар рафти фаъолияти касбии ӯ сабр ва истодагарӣ муҳимтарин мебошанд.
Қобили зикр аст, ки одатан намояндагони ин касбро ба се категория тақсим мекунанд:
Мутахассисони соҳаи татбиқ - чунин ашхос барои тиҷорати мушаххас барномаҳои махсусро эҷод мекунанд. Ба чунин пешрафтҳо барномаи баҳисобгирии 1С ё барномаи логистикии ABM Markets TMS-ро мансуб донистан мумкин аст.
Барномасозони системавӣ - инҳо гурӯҳи барномасозоне ҳастанд, ки системаҳои амалиётӣ, инчунин интерфейси пойгоҳи додаҳои тақсимоти маълумот ва кор бо шабакаро барномарезӣ мекунанд.
WEB барномасозон - ба монанди намояндагони категорияҳои болозикр ба таҳияи барномаҳои мухталиф машғул буда, тафовут дар он аст, ки онҳо дар соҳаи шабака кор мекунанд. Одатан онҳо Веб-сомонаҳои гуногун, Веб-интерфейсҳо ва саҳифаҳои электронии динамикӣ ва ғайра эҷод мекунанд.
Дар доираи маълумоти болозикр, ба андешаи ман, интихоби ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт, ки дар заминаи таҳсил аз рӯйи ин ихтисос мутахассиси дараҷаи бакалавр бо касби муҳандис-барномасоз-иқтисодчӣ омода карда мешавад, арзандаи тақозои замон мебошад. Зеро ин ихтисос навоварона буда, дар он имконияти худшиносӣ, ташаббускорӣ ва эҷодкорӣ вуҷуд дорад.
Соҳибов Фаридун, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт