Мақолаҳо
МУАЛЛИМ РАҲНАМОИ МАЪНАВИСТ
Туӣ мушкилкушо андар ҳаётам,
Туӣ сардафтари азму суботам,
Туӣ ҳодӣ ба фатҳи коинотам,
Муаллим, эй Муаллим, эй Муаллим!
С. Сабзаев
Оре, дуруст қайд кардааст олими бузург, дар ҳақиқат ҳам, муаллим мушкилкушо ва устоди ҳаёт аст.
Аз шуғле, ки инсонро таълим дода, ӯро ба қуллаҳои баландтарини зиндагӣ мерасонад, шуғли бошараф ва пурарзиштаре нест. Муаллим рисолати муҳимро иҷро менамояд, яъне ӯ таълим медиҳад, ба ташаккули малакаҳо кумак мерасонад ва бо ин роҳ дар ҳаёти инсон ва дар маҷмуъ, дар ҳаёти ҷомеа нақши муассир мегузорад.
Инсоне, ки муаллимро падарвор эҳтиром менамояд, ӯ инсони комил аст, чунки устод дар баробари падар инсонро қобили парвоз намуда, ба ӯ далериву вафодориву шавқат ва дарси зиндагӣ омӯзонида, дар оянда машғули сад эъҷоз менамояд.
Илм ба инсон имкон медиҳад, ки аз нофаҳмиҳо ва низоъҳое, ки дар натиҷаи муошират ба вуҷуд меоянд, канорагирӣ намояд, чунки қобилияти дуруст таҳия кардани фикр, навиштан ва суханронӣ салоҳияти касбии шахсро нишон медиҳад, ки ин, бешубҳа, ба баланд шудани эътибори инсон мусоидат менамояд.
Илму маърифат барои инсон як чароғи равшан дар шаби тор аст, яъне дар ҳар як шикасти зиндагӣ ӯро иродаи қавӣ медиҳаду аз имтиҳони зиндагӣ мегузаронад. Маҳз, ана ҳамин илму маърифатро муаллим ба инсон медиҳад. Яъне, муаллим дар раванди таълиму тарбия раҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи миллат аст. Бинобар ин, вазифаи асосии омӯзгор, дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин, таълими одоб ва ҳидояту раҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад.
Бояд гуфт, ки мақоми аҳли илм ва дониш дар таълимоти исломӣ низ то ҷое баланд аст, ки Худованд онҳоро дар канори молик ва ё фариштагон зикр менамояд (Қуръон, сураи 3; ояти 18). Илму маърифат инсони соҳибилмро аз роҳи бад бозмегардонад ва ӯро ҳифз менамояд, чуноне ки Рӯдакии бузург қайд намудааст:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Суханони Рӯдакӣ то ба ҳол мубрамияти худро гум накардаанд, чунки мутафаккирони бузурги тоҷик бо илму дониш ва фарҳанги волои худ аз таҷрибаи зиндагӣ сухан мегуфтанд ва ба воситаи назму наср илму дониш ва фарҳанги миллати тоҷикро то ба имрӯз оварда расонидаанд.
Чуноне ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ дар вохӯрӣ бо аҳли маориф дар Рӯзи Дониш 1 сентябри соли 2024 қайд карданд: “Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад.”.
Бояд қайд кард, ки дар ҳар давру замон ва новобаста аз синну сол инсоният ба дониш ниёз дорад. Чуноне ки Фирдавсии бузург оварда:
Чунин гуфт Пайғамбари ростгӯй:
«Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй».
Инсоният дар баробари ба дониш ниёз доштан, инчунин ба устод, яъне ба муаллим низ ниёз дорад. Бинобар ин, муаллим машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб меёбад ва маҳз, ана ҳамин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хосса мегардонад.
Инчунин, бояд тазаккур дод, ки давлате, ки соҳиби мол аст, на соҳиби илм он давлат рушд намеёбад, вале давлате, ки соҳиби илм аст, он давлат метавонад бо истифода аз имкониятҳои илмии худ, яъне сармояи зеҳнӣ захираҳо ва бойигарии давлатро оқилона ва самаранок истифода бурда, мамлакатро ободу зебо гардонад.
Бинобар ин, насли навраси мо бояд ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки бисёртар дониш омӯзанд, ҳар як дарси муаллимро бодиққат гӯш намуда, аз ӯ чизе гиранд ва дар ин раванд фикру ақидаҳои худро иброз намуда як ғояи навро тавлид намоянд, ки барои рушди ҷомеаи имрӯзаи мо манфиат орад.
Илму маърифат асоси пешрафти ҷомеаи инсонӣ ҳаст, буд ва мемонад.
Пешвои миллат дар баромадашон дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар чунин қайд намуданд: “Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст. Бовар дорам, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ, таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд».
Мо, устодон низ, ташаббуси пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор дода, бо истифода аз яроқи маънавӣ, яъне илму дониш ва таҷрибаи андухтаи худ донишу малакаи насли наврасро муаммалтар гардонда, дар тарбияи онҳо саҳми назаррас мегузорем ва дар ин ҷода бо иродаи қавӣ ва дасту дилу нияти пок сатҳи илму фарҳанги миллати тоҷикро баландтар намоем.
М. Сабзаева, н.и.и., муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ