Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРӢ

Истиқлолият нишонаи соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии давлат буда, имконият медиҳад, то давлат мустақилона сиёсати дохилӣ ва хориҷии хешро муайян намояд. Истиқлолу озодӣ амсилаи ҳамгироӣ ва баҳамоии миллат буда, дар пасманзари он имконияти худмуайянкунӣ пайдо мешавад. Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи самту соҳаҳо тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ - ин ҳама дар пасманзари соҳибистиқлол гаштани мамлакат рушд карданд ва бамаротиб марҳила ба марҳила сатҳи зиндагии аҳолӣ боло рафт. Дар ин раванд бошад, дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйироти ҷиддӣ рӯй дод. Аз ҷумла, бо соҳибистиқлол гаштани ҷумҳурӣ зарурати қабули Конститутсия - санаде, ки меъёрҳояш ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намояд ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ва дар пасманзари он имконияти ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ, яъне ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок намудан пайдо гардад, имконият фароҳам овард. Боиси қайд аст, ки дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 6 ноябри соли 1994, чунин муқаррарот пешбинӣ гардидааст: “Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем”. Аз ин ҷост, ки муқаррароти дар боло зикргардида бисёр масъалаҳои назариявии таҳкимёбии низоми қонунгузориро дар замони соҳибистиқлолӣ равшан менамояд. Албатта, дар замони соҳибистиқлолӣ низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бамаротиб рушд кард, қабули нахустин Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ, қабули 22 кодекс, 17 қонуни конститутсионӣ ва зиёда аз 3 ҳазор санади меъёри ҳуқуқӣ нишони волои рушди низоми қонунгузории Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолист. Дар ин давраи начандон тӯлонии таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои байналмилалӣ ҳуқуқиро низ қабул намудааст, ки онҳо қисми таркибии низоми ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. То ин давра 171 конвенсияҳои байналмилалиро ба тасвиб расонида, намояндагии 20 ташкилотҳои байналмилалиро дар ҳудуди Тоҷикистон кушодааст, ки ин ҳама аз рушди низоми қонунгузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ далолатдиҳанда арзёбӣ мегардад. “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд” (моддаи 5, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Аз муқаррароти моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф гардидаанд ва давлат бо дастгоҳи махсуси хеш ин ҳуқуқу озодиҳоро (ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст) амалишавиашонро кафолат медиҳад. Вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро қонунгузорӣ муайян намуда, раванди амалишавӣ ва поймол нагардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат ба воситаи мақомотҳои дахлдор назорат менамояд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалишаванда арзёбӣ мегарданд, зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар ҳама ҳолат (ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст) кафолат додааст. Дарвоқеъ, маҳз истиқлолии давлатӣ буд, ки Тоҷикистон дар ҳамаи самту соҳаҳо ба комёбиҳо ва музаффариятҳои бемисл ноил гардид. Дар 33 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи самту соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки ин ҳама аз ҷаҳду талошҳои бесобиқаи фарзанди баруманди диёр, абармарди набарди ваҳдат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллати тамаддунсозу худогоҳи тоҷик муяссар гаштааст ва маҳз Истиқлолу озодист, ки мо дар фазои тинҷу ором осудаҳолона фаъолият мекунем ва якдилона аз як гиребон сар бароварда, баҳри рушду нумӯи Тоҷикистони азиз саҳми бориз ва назарраси хешро мегузорем. Дар ҳамин радиф равшанфикре мефармояд: Шукри Ваҳдат, шукри давлат, шукри Истиқлоли мо, Шукри нусратҳои афзун, шукр бар иқболи мо. Шукри бедории миллат, давлати бедори мо, Бахт, бингар, мебарояд баҳри истиқболи мо. 

 Ҳумайнӣ Носиров, ассистенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии ДДМИТ