Мақолаҳо
ИСТИҚЛОЛ - БУЗУРГТАРИН САРМОЯИ МИЛЛАТ
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки ҳамчун шиносномаи ҳастии миллат, ба мардуми тоҷик ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ, комилҳуқуқӣ, соҳибихтиёрӣ ва осоиштагиву амниятро насиб гардонид. Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасозии ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад. Тоҷикон бо ба даст овардани истиқлолият роҳу равиши хосса ва мақому манзалати муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карданд. Сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии давлату миллат ривоҷу равнақ ёфт. Даврони истиқлолият барои тоҷикон имконоти воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишварро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намояд. Моҳи ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи Ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад». Халқи тоҷик барои таҳкими истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсияи худро қабул намуд. Ин ҳуҷҷати муҳим кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ таъмин менамояд. Асоси чунин зиндагӣ меҳнати содиқонаву бунёдкорона аст. Кафили Конститутсия бошад, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад. Агар сухан дар бораи комёбиҳои давраи истиқлолияти тоҷикон равад, дар зинаи аввал сохтмони босуръати маданӣ бунёд карда нашудааст, чунки ин давра давраи муайянкунии сохтори давлатӣ ва миллати тоҷик буд. Истиқлолият рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. 33 сол қабл аз ин, дар Тоҷикистон нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода буд. Акнун ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки ба эҳёи беҳтарин анъанаҳои гузашта, афзун гардонидани ҳамаи сарватҳои моддию маънавӣ ва баланд бардоштани маданияти миллӣ кӯшиш намуда, ваҳдати миллиро арҷгузорӣ намояд ва ба пояндагии он бо меҳнати фаъолияти ҳаррӯзаи худ саҳмгузор бошад. Дастовардҳои Тоҷикистон, ки ба заҳматҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ дорад, хеле зиёданд. Ба як кишвари амнтарини ҷаҳон табдил ёфтани Тоҷикистон ва ба сегонаи аввалин давлатҳои амни ҷаҳон дар раддабандиҳои байналмилалӣ ворид гаштани он муваффақияти миллати тоҷик мебошад. Тоҷикистон дар ин муддат, мавқеи худро дар миқёси байналмилалӣ мустаҳкам намуд. Раисии бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфтани пойтахти кишвар ва ҳамчун нуфузи миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ эътирофи ҷаҳонӣ касб намудани “Раванди Душанбе”, амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ғайра аз он шаҳодат медиҳанд. Албатта, дастовардҳои Тоҷикистон дар 33 соли Истиқлоли давлатӣ хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дахл доранд. Вале номбар кардани шумораи маҳдуди онҳо ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки дар муҳлати хеле кӯтоҳ кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои миллат он роҳеро паймуд, ки ниёгони мо онро тӯли мавҷудияти давлати Сомониён тай намуда, забон, фарҳанг, ки ҷавҳари миллии халқи тоҷик мебошанд, барои садсолаҳо ҳифз карданд.
Бувад фархунда истиқлолат, эй дӯст.
Шавад пояндатар иқболат эй дӯст.
Расидӣ бар муродат миллати ман,
Муборак ин мубораксолат, эй дӯст!
Қутбия Ҳомидова, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ, н.и.т.