Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ИСТИҚЛОЛИЯТ - ШАРАФИ БУЗУРГ

"Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумонро ба роҳ монем".

Эмомалӣ Раҳмон 

«Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 9-уми сентябри соли 1991 ба ҷаҳониён дар бораи пайдо шудани субъекти нави ҳуқуқи байналмилалӣ расман хабар дод. Аз ҳамин санаи таърихӣ аллакай Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, пояҳои давлатдории миллӣ-ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ-ҳуқуқии хешро барои таҳкими минбаъдаи давлатдории миллӣ ва муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои олам пайдо кард, ки ин барои миллати тоҷик шарафмандии бузург арзиёбӣ мегардад. Фаромӯш набояд кард, ки сиву се сол муқаддам муҳимтарин воқеа дар сарнавишти миллати куҳанбунёди тоҷик ба вуқуъ омад, ки халқи тоҷик соҳиби давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол гашт. Боиси ифтихор ва сарфарозии бузурги мо шаҳрвандони комилҳуқуқи кишвар аст, ки миллати тоҷик имрӯзҳо дар остонаи мелоди Ватан қарор доранд, ки ин рӯзҳо барои миллат басо ифтихор ва шарафмандии бузург аст. Миллати тамаддунофару бофарҳанг имрӯз аз соҳибистиқлолии кишвар, ки 33 сол аз он паси сар шудааст, мефахрад, аммо агар мо ба пешрафт ва рушду нумӯи кишварамон назар афканем, ин шабеҳ ба он аст, ки 100 сол барои пешрафт паси сар шуда бошад. Ин кори саҳлу сода ва осон нест, чунки ана ҳамон заҳмату талошҳо ва ҳамон бедорхобиҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ин қадар дастовардҳои миллӣ ва байналмилалӣ муяссар шуд. Ҳамаи ин пешравиҳо ва рушдкарданҳо дар ҳама самти хоҷагии халқи мамлакат аз рамзи соҳибдавлатӣ ва нишони давлатдории миллӣ дарак медиҳанд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ халқи ватандӯсту меҳанпарвари мо соҳиби дигар арзишҳои миллии хеш гардид – аз қабили Конститутсия, Парчами миллӣ, Нишони миллӣ, Суруди миллӣ, сарҳади давлатӣ, пули миллӣ, забони давлатӣ, инчунин узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо ҳама мустақилияти давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд ва аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил пазируфта шуд. Раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои осиёимиёнагӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳаммияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳимми вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму ойинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилотӣ ва тиббӣ, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, донишкадаву донишгоҳҳо дар саросари кишвар аз ҷумлаи амалӣ намудани барномаҳои маърифатноккунии ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин самт вазифаи асосӣ на танҳо сохтмон, балки ба талаботи замона ҷавобгӯ будан ва муҳайё намудани шароити муосири таълим ва таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва дигар васоити техникӣ мебошад. Ҳамаи ин ба самти тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намудани наслҳои наврасу ҷавони ҷомеа равона шудаанд. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Мо – ҷавонон, ваъда медиҳем, ки Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, барои пешрафти ин сарзамини биҳиштосо ҳиссаи худро мегузорем. Бигузор, Иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоиш оварад! Поянда бод давлати соҳибистиқлоли тоҷикон! 

Неъматуллои Мирзошоҳ, ассистенти кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт