Мақолаҳо
ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, хусусан баъди баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, замоне ки Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ ва Сардори давлат интихоб шуданд, мо ба дастовардҳои миллӣ ноил гардидем. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии сиёсиву иқтисодиву молиявӣ пазируфта шуд. Имрӯз ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дар масъалаҳои об, экология, сулҳофаринӣ, татбиқи барномаҳои иҷтимоию фарҳангӣ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон ҳамовозӣ пайдо мекунад, ки боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди мамлакат аст.
Бояд гуфт, ки то имрӯз дар арсаи байналмилалӣ чандин ташаббуси глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об дастгирӣ ёфтаю татбиқ гардидаанд ва ибтикори чоруми мамлакатамон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, мавриди татбиқ қарор дорад. Мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи мо - тоҷикон аст, ки панҷумин ташаббуси ҷаҳонии давлатамон оид ба масъалаи обу иқлим низ дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. Зеро 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.
Ҳанӯз дар оғози давлатдории навин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба кишвари тараққикардаву пешрафта, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро ба ҳайси се ҳадафи дурнамои фаъолияти дастҷамъонаи аҳли мамлакат муқаррар намуда буданд.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» орзуву омоле буд, ки халқи тоҷик онро дар дил мепарварид. Дар ин росто, 16 ноябри соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳиме ба вуқуъ пайваст, ки он дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт гардид. Дар ин рӯзи фархунда (Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) чархаи аввали иншооти бузурги аср - Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда шуд.
Рӯзи 9 сентябри соли 2019 бошад, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд, яъне агрегати дуюми ин неругоҳ ба кор даромад.
Рушди соҳаи энергетика ба тараққиёти муназзами иқтисодии Тоҷикистон, хусусан дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат нақши калидӣ хоҳад бозид. Баъди пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд ва ҳазорҳо ҷои нави корӣ таъсис дода шаванд.
Сохтани шоҳроҳҳои байналмилалӣ, силсилапулҳои азими болои рӯдҳо, ки диёрамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ, халқамонро аз дастнигарӣ раҳонида, ба кишварҳои дуру наздик пайвастаанд, боиси шукру сарфарозии хурду бузург мебошанд. Бунёди неругоҳҳои хурд ва азим дар саросари мамлакат, коргоҳу корхонаҳо, муассисаҳои таълимию тиббӣ ва маишӣ, таҷлили ҷашну бузургдошти шахсиятҳои ҷаҳоншумули адабию илмӣ, сиёсию мазҳабӣ, эҳёи расму суннатҳои воло, ки барои баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, зинда ва мустаҳкам кардани хотираи таърихӣ, дарки масъулияти ватандорӣ, омӯзишу ҳифзи фарҳанги бумӣ дару дарвозаҳои навро кушодаанд, дастовардҳои беназиру саҳифаҳои пурарзиши давлатдории навини тоҷикон дар айёми истиқлол маҳсуб мешаванд.
Ба хотири ҳифзи Истиқлол, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳар яки мо вазифадорем, ки бо заҳмати содиқона Ватанамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Мо бояд ҳаргиз фаромӯш насозем, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ имкон пайдо кардем, ки баъди ҳазор сол асолату ҳувияти миллӣ, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, суннату арзишҳои неки миллӣ, дар маҷмуъ, ҳастии миллии худро ба хотири иҷрои рисолати пурмасъулият ва пурифтихори таърихӣ - эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва зиндагии бошарафу босаодати наслҳои имрӯзу фардо эҳё намоем.
Умар ВОҲИДОВ, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, н.и.и., дотсент