Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Истиқлол Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро ба Тоҷикистон наздик намуд

Истиқлол дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди ҷавонон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. 
Роҳи таърихие, ки бо сиёсати озмудашуда ва хирадмандонаву инсонмеҳваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлол халқу миллати тоҷик сипарӣ намуд, шоҳроҳи ҳамвор набуд ва ёфтани миёнроҳи тиллоӣ низ амри маҳол менамуд. 
Аз нахустин қадамҳои истиқлол доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки бар асари онҳо ҳанӯз ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд миллати соҳибтамаддуни тоҷикро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. 
Бо назардошти роҳи пуршебу фарози дар тӯли ин солҳо тайшуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим таъкид месозанд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти ниҳоят калон доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад. 
Мо вазифадорем, ки барои тақвият ва таҳкими бештари мавқеи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон пайгирона ва муназзам талош намоем. Истиқлол як дастоварди воқеии халқи бошарафу заҳматкаши тоҷик буда, ягон кишвар ё давлати абарқудрати хориҷӣ ҳақ надорад, ки низоми сиёсӣ, идеология ва ғаразҳои геополитикиашро ба гардани мо бор кунад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар фарди кишвар Истиқлоли давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст. Онҳо бояд шахсони соҳибмаърифат, бофарҳанг, мутамаддин, эҷодкор, номбардори миллати қадима ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гарданд. 
Бо боварии комил метавон гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҷавонони бонангу номуси кишвари азизамон қадру қимати истиқлолро аз ҳарвақта бештар дарк намуда, барои татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ, пешрафти босуботи Ватани азизамон ва тақвияти суботу оромии ҷомеа ҳамеша саъю талош менамоянд. 
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд. 
Дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар нисбат ба ҷавонони кишвар собит месозад, ки Сарвари давлат ба неруи созанда ва пешбарандаи ҷавонон итминони зиёд доранд. 
Мо мардуми шарифи Тоҷикистон вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи Истиқлоли давлатамон ва таъмин намудани рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии кишварамон сиёсати давлатии худро, бо назардошти манфиатҳои миллӣ, имконияту захираҳои воқеӣ, таҷрибаи давлатдории миллӣ ва тибқи меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ таҳия ва роҳандозӣ намоем. 

Ф. Убайдов, декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ