Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

САМАРАИ НИҲОЛИ ИСТИҚЛОЛ

Истиқлолият дарахти озодӣ ва инъикосгари қудрату тавони миллату халқе мебошад, ки давлатдории худро ягонаю мустақил ва комилҳуқуқ эълон менамояд. Ин аст, ки Тоҷикистон баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ соҳибистиқлол гардид, яъне тоҷик ва халқи Тоҷикистон ягонагӣ ва комилҳуқуқии худро дар ҷаҳони мутамаддин равшан намуданд. Чун гузашта дубора гуфта тавонистанд, ки мо будем, ҳастем, хоҳем буду монд. Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлоли худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. 
Самараи бузургтарини мо дар тӯли 33 соли истиқлол барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик ва бо ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид. 
Пас аз ба даст овардани истиқлол Тоҷикистон фавран ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шуруъ намуд. Пеш аз ҳама, дар ҷумҳурӣ базаи ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ дида баромада шуд. Дар ин бора қабули қонунҳо оид ба моликият, кооперативҳо, фаъолияти соҳибкорӣ, буҷети давлатӣ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳанд. 
Бо фаро расидани давраи осоишта дар ҷумҳурӣ барномаи ислоҳоти иқтисодӣ қабул гардид, ки роҳи иқтисодиёти бозоргониро интихоб намуд. Ҳангоми тартиб додани барнома таҷрибаи байналхалқӣ истифода гардида, хусусиятҳои хоси инкишофи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба назар гирифта шуд. 
Имрӯз Тоҷикистон мустақилона бо давлатҳои ҷаҳон робитаҳои дӯстию фарҳангӣ, илмию техникӣ, сиёсию иқтисодӣ ва варзишӣ барқарор менамояд. Ин аст, ки имрӯз варзишгарону ҳунарпешагон, хонандагону донишҷӯён ва нависандагону шоирон дар чорабиниҳо ва мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок намуда, парчами кишвари азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд. 
Дар солҳои истиқлол барои эҳё намудан ва инкишоф додани забони давлатиамон, ки забони шевою шоирона ва ширину шаҳдбори тоҷикӣ мебошад, ҷойгоҳи арзанда ва мақоми шоиста муҳайё сохтем. Забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русӣ ва англисӣ бошанд, омили муҳимми ворид шудани ҳар як фард ба фазои тамаддуни муосир мансуб меёбанд. Забондонӣ имконияти бевосита сарукор доштани шаҳрвандонро бо техникаю технологияи нав васеъ гардонида, дастраси маводи иттилоотии техникиро, ки аксаран бо ин забонҳо таълиф мешаванд, осон месозад. 
Дар ҳақиқат, фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо озодона дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа озодона метавонем кору фаъолият намоем. 
Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. 
Аз ин рӯ, ҳар нафари ватанхоҳу хештаншинос ва кулли мардуми кишварро мебояд ин хоки муқаддас, марзу буми давлат, забони модарӣ, нишонаҳои давлатдорӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва дӯстии халқҳои мамлакатро ҳифзу ба ҷон баробар доранд. 
Орзу мекунам, ки ниҳоли истиқлол дар қалби ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯ оварад. 
Бигзор, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот поянда, ормонҳои волои истиқлол ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад! 
Бигзор, истиқлоли давлати тоҷикон, ки атои Худовандӣ ва пайки ҷовидонист, то абад устувору поянда бошад! 

К. Шодиев, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор