Мақолаҳо
Истиқлолияти давлатӣ заминаи таҳкимбахши соҳаи маориф
Таърих гувоҳ аст, ки аз давраи қадим мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳаммияти хосса зоҳир намуда, барои дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ ҳамеша кӯшиш мекарданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Баъди соҳибистиқлол гаштани кишвари азизамон бо сарварии Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон зина ба зина беҳтар гашта, дар ин ҷода тамоми имкониятҳои мавҷудаи пулию моддӣ ва маънавию зеҳнии кишвар таҳким ёфтанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ дучор гардида буд. Мамлакат ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ, гуруснагӣ, қашшоқӣ ва бесарусомонӣ ғӯта зад. Пас аз раҳоӣ ёфтан аз буҳрони шадид, аз соли 2000 инҷониб дар кишвар ислоҳоти куллӣ дар тамоми соҳаҳо ҷараён гирифт. Дар ин шароит маориф дар сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон яке аз қисматҳои меҳварӣ, пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа табдил ёфт.
Дар замони муосир муайян гаштааст, ки маҳз сармояи инсонӣ воситаи муҳимми рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва устувории дарозмуддати давлатҳоро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ин нукта чунин қайд шудааст: «Сармояи инсонӣ бо ҷузъҳои асосии таркибии он – маориф ва илм, ҳамчун шарти муҳимтарини баланд бардоштани сатҳи амнияти миллӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ маҳсуб меёбанд».
Дар ин росто, бояд қайд намуд, ки сатҳи андешаву тафаккур ва ривоҷи одобу ахлоқ маҳсули воқеияти иҷтимоӣ мебошад. Солҳои охир воқеияти иҷтимоӣ бар асари табаддулоту таҳаввулоти тазодангези худ низоми таълиму тарбияро ба осебу монеаҳои ҷиддӣ ру ба рӯ сохт. Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳифзи асолати миллиро бо дарназардошти воқеияти ҷаҳони муосир ва қабл аз ҳама, таъсири раванди ҷаҳоншавӣ дар радифи вазифаҳои асосии фаъолияти худ қарор дода, маҷмуи тадбирҳоро ба сомон расонид, то ки тафаккур, фарҳанг ва одобу суннати зиндагӣ ба маҷрои мувофиқ ба манфиат ва ормонҳои мардуми Тоҷикистон равона карда шавад.
Дар маҷмуъ, амалӣ намудани сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар солҳои соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои ибтидоӣ, зиддибуҳронӣ ва стратегиро, ки таъминкунандаи рушди низоми миллии ҳамаи зинаҳои таҳсилот мебошад, дар бар мегирад.
Дар марҳилаи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити нави иҷтимоию иқтисодӣ тақозо менамояд, ки масъалаи амалисозии ислоҳоти соҳаи маориф дар мадди аввал қарор дошта бошад ва дар назди муассисаҳои таълимӣ вазифаҳои нав гузошта шавад. Дар ҳоли имрӯз низоми маорифи мамлакат аз муассисаҳои тараққиёфтаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ иборат буда, таҳаввулоти ҷиддиро аз сар мегузаронад. Маҳз дар натиҷаи гузаронидани ислоҳот дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХXI Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат заминаи комилан нави моддии соҳаи маориф бунёд гардид. Дар давраи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста бо афзудани талаботи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ба кадрҳои баландихтисос ва сатҳу сифати фаъолияти онҳо зиёд шуд, ки ин боиси афзудани муназзами шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва донишҷӯён гардид. Тибқи маълумоти омории расмӣ дар давраи солҳои 1991-2023 шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 адад то ба 47 адад расид, яъне нисбат ба соли 1991 3,6 маротиба зиёд шудааст ва теъдоди донишҷӯён аз 69,3 ҳазор то 218,1 ҳазор ё бештар аз 3,1 маротиба афзудааст. Шумораи донишҷӯён ба ҳар 10000 нафар аҳолӣ аз 124 нафар то 232 нафар расид, ки 1,8 маротиба афзоиш ёфтааст. Ва ё ин ки дар соли 2000-уми соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва дар соли 2024 ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонида шудааст.
Дигар ибтикори арзишманде, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ амалӣ гашт, зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф буда, то имрӯз 21 маротиба афзуд. Ҳамчунин, дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимӣ, яъне барои наврасону ҷавонон беш аз 11 ҳазор иншооти варзишӣ бунёд карда шуд.
Дар баробари рушди дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ин файзи истиқлол бенасиб намондааст ва он зодаи даврони истиқлол аст, ки метавон якчанд дастовардҳои назаррасро таъкид сохт. Муҳимтарин саҳифаи таърихи донишгоҳ ба даҳсолаи дуюми истиқлоли давлатӣ пайванд мегирад, ки соли 2018 боргоҳи илму маърифат аз мақоми донишкада ба донишгоҳ соҳиб гардид. Дигар ин ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 як бинои нави таълимӣ бо тарҳи замонавӣ ва сохти меъмории муосир мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бинои нави таълимӣ фаъолияти 2 факултет ба роҳ монда шуда, бо воситаҳои техникии муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ин бевосита баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидат хоҳад намуд.
Ҳамин тариқ, дар солҳои истиқлолият Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи молия ва иқтисод ва кадрҳои илмӣ бо омӯзгорони собиқадори унвони илмидор, олимони варзидаву муҳаққиқони соҳа саҳми арзанда гузошта истодааст.
Боварии комил дорем, ки аз ин ҳама дастовардҳои беназири истиқлолияти давлатӣ мардуми мамлакат ва аҳли маориф илҳом гирифта, камари хешро баҳри равнақи самти маориф қавӣ мебанданд.
Сатторзода Б.А., муовини якум, муовини ректор оид ба таълими ДДМИТ