Мақолаҳо
ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ МУСТАҲКАМАНД
«Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолият яке аз неъматҳои боарзиштаринест, ки дар тамоми давру замонҳо ҳар як халқу миллат орзуи расидан ба онро мекунанд. Тоҷикистон дар масири таърих бо рисолати созандагию бунёдкорӣ, бо рушди илму маърифат ва фарҳангу маданияти воло қадамҳои устувор мегузорад. Чунин падидаҳои нек ва равшан дар марҳилаи Истиқлолияти комили Тоҷикистон боз ҳам вусъати тоза касб намуда, дар миқёси ҷаҳон кишвари моро ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва сулҳхоҳу тамаддунсоз роҳнамоӣ менамоянд. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи бою қадимаи моро боз ҳам ғанию рангин гардонид, маданияту фарҳанг ва илму маорифро рушд дода, барои пешрафти босубот ва боэътимоди Тоҷикистон заминаҳои воқеӣ ва устуворро фароҳам овард.
Дигаргуниҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангу маориф, бунёди роҳҳо ва сохтмони иншоотҳои хурду бузург, ифтитоҳи муассисаҳои таълимию маърифатӣ ва ғайра аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, бешак, ба ҳадафҳои асосии соҳибистиқлолии кишвар ҳамрадиф буда, ба истиқлолияти мо тобишҳои нави маънавию фарҳангӣ мебахшад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона, бунёдкорона ва созандаи худ барои рушди соҳаҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ, беҳтар гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони забондону соҳибмалака ва дар ин замина беҳтару хубтар намудани сатҳи зиндагии мардум пайваста саҳмгузорӣ намуда, барои тақвият ва рушду нумуи дастовардҳои замони истиқлолият заминаҳои устувору ояндадорро фароҳам овардаанд. Барои рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамасола аз буҷети ҷумҳурӣ маблағҳо ҷудо мешаванд, ки боиси пешравии соҳаҳои иҷтимоӣ ва беҳтаршавии некуаҳволии мардум мегардад, аз ҷумла Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи маориф ба маблағи 8231,9 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2023–юм 1021,5 млн сомонӣ ё ин ки 14,2 фоиз афзоиш ёфта, 18,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 5,7 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Ҳамасола дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вохӯриҳо бо зиёиён ва фаъолони мамлакат Пешвои миллат дастовардҳои беназири кишвари моро ҳам дар сатҳи муносибатҳои дохилӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ таҳлили амиқу равшан намуда, дурнамо ва равандҳои асосии таҳкимбахши соҳаҳои мухталифро муайян менамоянд. Махсусан, устувор гардидани муносибатҳои Тоҷикистон ва роҳандозӣ гардидани ҳамкориҳои судманд бо дигар мамлакатҳо дар бахшҳои гуногун аз он шаҳодат медиҳад, ки муносибатҳои байналмилалӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар сатҳу сифати баланд рушд карда, Тоҷикистонро аз минбарҳои баланд, ҳамчун давлати дорои захираҳои бузурги табиӣ ва махсусан дорои захираҳои калони обӣ, муаррифӣ намуданд. Чандин ташаббусҳои Пешвои миллат аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳон ба масъалаҳои об равона гардида, онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ ҷонибдорӣ гардид ва дар амал татбиқ шуда истодаанд. Чунин равандҳои ҳамгироӣ бо давлатҳои ҷаҳон ва ташаббусҳои наҷибу инсондӯстона обрӯю эътибор ва нуфузи кишвари моро боз ҳам дучанд афзун намуданд.
Дар самти таҳкими сиёсати дохилӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир ва назаррас ноил гардид. Бунёди роҳҳо, ки кишвари моро бо дигар мамлакатҳои ҳамсоя ва ҳамсарҳад пайваст менамоянд, тайи солҳои охир рушди тоза касб намуданд. Тавре аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олӣ бармеояд, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд. Алҳол ин роҳҳо барои ривоҷ додани муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, рафтуомади одамон, интиқоли молу маҳсулот ва аз ҳама муҳимаш барои мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ заминаи боэътимод мегузоранд.
Тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ ҳадафи дигари Ҳукумати мамлакат ин таъмини истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Ин ҳадафи стратегӣ барои бунёди неругоҳҳои хурду бузурги тавлидкунандаи барқ ва таъмини мардум бо барқи доимӣ равона гардидааст. Рушди соҳаи гидроэнергетика яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии Ҳукумати кишвар дониста мешавад ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа бозгӯи ин гуфтаҳост. Иштироки бевоситаи Президенти кишвар дар сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари муаззами мо барои бунёди ин иншоот ва чароғон гардидани Тоҷикистони азиз ҳавасманд буда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум талош доранд. Аз наворҳои васоити ахбори омма борҳо дидаем, ки Пешвои муаззами миллат шахсан бо дасти худ ба сохтмони ин иншооти бузург ҳиссагузор шудаанд. Савори булдозер шуда, маҷрои дарёро бастаанд, ки на ҳар як Сарвари давлат ба ин кор даст мезанад. Ин аз заминӣ ва мардумӣ будани Пешвои миллати тоҷик дарак медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки бунёди азимтарин неругоҳ- Неругоҳи барқи обии Роғун аст, ки Тоҷикистонро ба истиқлолияти энергетикӣ наздик месозад. Ин падидаи нек на танҳо дастоварди даврони истиқлолият ба ҳисоб меравад, балки аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон воқеан ҳам дорои захираҳои пуриқтидори зеҳнию табиӣ мебошад. Сарвати бебаҳои кишвари зебои мо ин обҳои мусаффои он мебошад, ки аксаран дар дохили мамлакат ташаккул меёбанд. Бояд зикр намуд, ки бунёди НБО Роғун барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии муосир, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолӣ ва дар маҷмӯъ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии кишвар аҳамияти ниҳоят муҳим дорад. Бо дарназардошти истеҳсоли неруи барқи иловагӣ дар дохили кишвар барои таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ шароити мусоид фароҳам мегардад.
Ҳамин тавр, дастовардҳо дар соҳаи илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, варзиш, сохтмони биноҳо ва муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ низ хело назаррас мебошанд. Шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва бахусус шаҳри Душанбе симои худро боз ҳам зебою назаррабо намуда, корҳои ободкорию созандагӣ хело вусъат ёфт ва барои зиндагии шоистаи мардум заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Ҳамаи ин пешравиҳо ва таҳкими муносибатҳои нек аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои мақсадноки худ талош дорад ва дар ин замина ояндаи дурахшон ва пешрафту шукуфоии худро таъмин месозад. Бо талошҳо ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ чорабиниҳои зарурӣ ба нақша гирифта шудаанд ва ҳар як сокини мамлакат дар онҳо саҳмгузорӣ намуда, кӯшиш менамоянд то ки Тоҷикистони азизи мо боз ҳам зебою назаррабо гардад.
Мастура Буриева муовини ректор оид ба тарбия