Мақолаҳо
ИМКОНИЯТҲОИ БЕНАЗИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
9-уми сентябр барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи муҳиму муқаддасе мебошад, чунки нуҳуми сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон Қарор ва изҳорот “Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. Ин воқеа оғози марҳилаи нави таърихи кишвари моро нишон дода, роҳро барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ кушод.
Оре, истиқлолият танҳо ҷашн нест, он рамзи озодӣ, ваҳдат ва шаъну шарафи миллист. Дар ин давраи таърихӣ, новобаста аз душвориҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Истиқлолият роҳи тӯлонӣ, роҳи аз сиёсати бозсозӣ ва дигаргунсозиҳои демократӣ, эъломияи истиқлолият, ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои он, созишномаи оштии миллӣ ва равандҳои мураккаби барқарорсозӣ иборат аст.
Инчунин, Истиқлолият дорои ҷанбаҳои зиёд, ба монанди соҳибихтиёрӣ, яъне таъмини ҳокимияти комили корҳои дохилӣ ва берунӣ бе дахолати давлатҳои дигар, рушди иқтисодӣ, имконияти ислоҳоти бозорӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ, ба эҳёи фарҳанг ва забони тоҷикӣ мусоидат намуда, барои ташаккули ҳувияти миллӣ замина гузошт.
Бояд гуфт, ки бо заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз иштирокчии фаъоли созмонҳои минтақавӣ табдил ёфта, таҳкими равобит бо кишварҳои ҳамсоя ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ ба даст оварда шуд.
Бо маънои пурра Истиқлолият дар заминаи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат мафҳуми калидӣ буда, аз марҳилаҳои мухторияти сиёсӣ, ҳокимияти қонунгузорӣ, ҳокимияти иҷроия, истиқлолияти судӣ, интихоби ҳокимият, ҳуқуқи худмуайянкунӣ иборат аст. Инчунин, мухтори сиёсӣ субот ва амниятро таъмин намуда, имкон медиҳад, ки минтақа ё давлат мувофиқи манфиатҳо ва хусусиятҳои худ рушд намояд.
Ҳамзамон, Истиқлолият барои мардуми шарафманди Тоҷикистон имкон дод, ки қобилияти рушди иқтисоди худро ба роҳ андохта, муносибатҳои тиҷоратиро дуруст роҳандозӣ намоянд.
Дар баробари ин, Истиқлоли давлатӣ раванди тобиши арзишҳои маънавиро ҷилои бештар дод. Яке аз рукнҳои муҳимми мавҷудияти миллат мустаҳкамии худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад, ки он реша ба таърихи гузашта дорад. Таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи суннату анъанаҳои қадима, бузургдошти заҳматҳои фарзонафарзандони ҷонфидои миллат дар замони соҳибистиқлолии давлати навини тоҷикон суръати тоза пайдо кард. Ин раванд аз талошҳои хайрхоҳонаи Сарвари бохираду дурандеш, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар сарчашма мегирад.
Бешак, Истиқлоли давлатӣ роҳи таърихии давлати моро дар самти ҷомеаи демократӣ, эътирофи сиёсӣ ва ҳуқуқии давлати Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян кард. Бе истиқлоли комил, бе давлати озод орзуҳои таърихии миллат, ҳадафҳо ва барномаҳои наслҳои имрӯза ва ояндаи мардуми шарифи Тоҷикистон моҳияти худро гум мекунанд. Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги мамлакат барои тақвияти пояҳои давлатдории навин бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд. Зеро ҳадафҳои стратегии миллӣ заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи давлат ва шарти муҳимтарини болоравии сатҳи некуаҳволии сокинон ба шумор мераванд.
Аз ин лиҳоз, мо гуфта метавонем, ки истиқлол ин арзиши олӣ, озодӣ, бунёдкорӣ, ҷашни бузург ва муқаддаси миллиамон мебошад.
Ҳамзамон, тамоми мардуми шарифи тоҷик бо пуштибонӣ аз сиёсати санҷидаву хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар ва дар шароити орому осоишта бо ғайрату ҳиммати баланд ва азму иродаи қавӣ машғули бунёдкорист, то ҷашни камолоти навини хешро бо дастовардҳои бештару назаррас таҷлил намояд. Пояҳои давлатдорӣ, хусусан ҷанбаҳои бунёдӣ ва арзишии он дар мактаби сиёсӣ ва давлатдории миллии Роҳбари давлат бо шаклу мазмуни наву муосир такмил ёфта, Тоҷикистон ҳамчун давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд роҳи минбаъдаи худро пайдо кард.
Хусусан, дар ин давра раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлоли энергетикӣ, ки аҳаммияти бузурги иртиботию иқтисодӣ доштанд, дар сархати барномаҳои ҳукуматӣ қарор гирифт, ки имрӯз самараҳои неки онро бо чашми худ мебинем. Ба таъбири дигар, ваҳдати миллӣ, ки сарҷамъиву муттаҳидии миллати моро таъмин намуд, ба фазои орому амн, рушди бесобиқаи соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дар ин замина бунёди иншоотҳои бузурги ҳаётан муҳим замина гузошт.
Аслан бо заҳматҳои софдилонаи Пешвои муаззами миллат Истиқлоли давлатӣ ба даст оварда шуда, давлат имконияти иштирок дар чорабиниҳои сиёсиро пайдо намуд, ки бе иштироки фаъолонаи давлат, ҷомеа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва ноил шудан ба рушди соҳаи иҷтимоӣ ғайриимкон аст. Ҳадафи мазкур ин эҷоди як ҷомеаи одилона ва баробарҳуқуқ аст, ки дар он ҳар як шахс имкони амалисозии неруи худро дорад.
Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллӣ ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон буд.
Дар баробари ин, истиқлоли давлатӣ як қатор ҷанбаҳои асосиро, ба монанди раванди мутақобилаи давлатҳо бо ҳамдигар барои гуфтушунид ва пайдо кардани роҳҳои ҳал, ҳамкории байни кишварҳо, нигоҳ доштани субот дар ҷаҳон тавассути пешгирии низоъ, пешгирии роҳи терроризм, таҳдидҳои киберӣ ва тағйирёбии иқлим, ҳамкории байни давлатҳо дар самтҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ муносибатҳои байни давлатҳоро танзим намуда, меъёрҳо ва стандартҳои ҳамкории онҳоро муқаррар менамояд.
Хулоса, барои пойдор нигоҳ доштани пояҳои истиқлоли давлатӣ таҳкими ваҳдати комили миллӣ, рушди оқилонаи иқтисодиёт, таҳкими ниҳодҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон зарур аст. Дар хотир бояд дошт, ки истиқлолият масъулияти баланди худшиносии миллиро дар назди наслҳои имрӯза ва оянда тақозо мекунад. Ҳамин тариқ, истиқлолият ҳадафи ниҳоӣ набуда, балки раванди доимист, ки ҳамкориҳои дохиливу берунӣ, беҳтар намудани некуаҳволии ҷомеа ва ба назар гирифтани манфиатҳои аҳолиро тақозо мекунад. Соҳибистиқлол гаштан ин марҳилаи аввали расидан ба мақсади худсозӣ буда, тавассути ҳамгироии зичи ҷомеа, талошҳои созанда руҳияи истиқлолхоҳӣ ба даст омада, тақозо менамояд, ки ҳамчун арзиши тағйирнопазир ва рушдёбанда ҳифз карда шавад.
Темурбекова София, декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт