Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ЗАБОНИ МИЛЛАТ - ПОЯИ МИЛЛАТ

Халқи тоҷик забони худро ниҳоят дӯст медорад ва ба он ҳамеша арҷ мегузорад. Бояд қайд намуд, ки новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд. Тавре устоди зиндаёд Бозор Собир гуфтааст: 
Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ, 
То наафтанд аз забони хештан. 
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ, 
То наафтад бар замин қадри сухан… 
Лозим ба тазаккур аст, ки дар замони салтанати Тоҳириёну Саффориён забони тоҷикӣ мақоми шоистае касб карда, доираи васеъро фаро гирифт. 
Баъди Инқилоби октябр ва арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи нави инкишофи забони адабии тоҷик оғоз ёфт. Забони адабии китобӣ ба забони гуфтугӯии мардум наздик гардид. Аз ҷумла, тавлиди асарҳои безаволу мондагори Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ ба монанди “Одина”, “Марги судхӯр”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Дохунда”, “Ёддоштҳо” ба рушди забони тоҷикӣ мусоидат намуда, гулшани фарҳанги миллатро боз ҳам зебу зиннат бахшиданд. 
Минбаъд шоирону нависандагони адабиёти муосири тоҷик, аз қабили устодон Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигарон мисли гузаштагони худ чароғи забони модариро фурӯзон нигоҳ доштанд. Шоири халқии Тоҷикистон устод Муъмин Қаноат дар шеъри худ бо номи “Ба ҳаводори забони тоҷикӣ” таъкид намудааст: 
…Баҳри ман танҳо забони модарист, 
Ҳамчу шири модар аст, 
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест, 
Чунки меҳри модар аст. 
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам, 
Дӯст медорам варо. 
Чун навозишҳои гарми модарам, 
Дӯст медорам варо. 
Оре, ҳастии ҳар як халқу миллат ба гиромидошти забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ муваззаф аст, ки забони модарии худро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намоянд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобастагӣ дорад. Ҳифзи ин сарвати беназири миллат барои омӯхтану аз худ кардани дигар забонҳо мусоидат менамояд. Зеро: 
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, 
Омӯхтани сад забон осон гардад. 
Ҳамин тариқ, мақоми давлатӣ пайдо кардани забони модарӣ моро ба донистани нозукиҳои он ҳидоят мекунад. Ба ифодаи шоири ширинкалом Аскар Ҳаким: 
Аз миллату аз забони худ ёд кунед, 
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед. 
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли Шумо, 
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед. 
Баъди соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайи ҳалли масъалаҳои забон гардид. Вобаста ба татбиқи Қонуни забон чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардид. Ба вазъи номусоид ва идомаи ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда, соли 1994 Қарори Шурои Олӣ «Дар бораи ҷашн гирифтани Рӯзи забон» ба имзо расид. 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як силсила қарору тадбирҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар кардани вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва татбиқи марҳила ба марҳилаи Қонуни забони тоҷикӣ дар Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди қонун ва таҳияи қонуни нави забон комиссияи махсус таъсис дод, ки муддати солҳои 2007-2008 матни қонуни нави забонро бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. 
5-уми октябри соли 2009 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Дар қонуни нав масъалаҳое, ки дар қонуни қаблии забон набуд, ҷойгоҳи худро пайдо кард. 
Бояд қайд намуд, ки аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд. Инчунин, мавриди қайд аст, ки пас аз соли 2009 «Рӯзи забон» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 5-уми октябр ҷашн гирифта мешавад. 

Нусратуллозода Нилуфар Нусрат, ассистенти кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт