Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Нақши Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати куҳанбунёди тоҷик аст, ки он 33 сол муқаддам ҳамчун муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавиштсоз ба вуҷуд омад. Ин рӯйдоди фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб меёбад ва дар тамоми гӯшаю канори кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Зеро мардуми шарафманди тоҷик хуб дарк мекунанд, ки дар шароити муосири тезутундшавии муносибатҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳон танҳо кишвар ва миллатҳое боқӣ мемонанд, ки ба қадру қимати соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ расида тавонанд ва онро ҳамчун неъмати бебаҳо ҳифз намуда, ҳамраъйӣ ва ҳамбастагии худро дастаҷамъона ифшо намуда тавонанд. 
Таърих собит месозад, ки барои нигоҳ доштани истиқлолият нақши шахсони алоҳида, фарзандони фарзонаи миллат назаррас буда, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин вазифаи муқаддас ва дар шароити имрӯза сахту вазнин ба дӯши абармарди миллати тоҷик, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, шоҳсутуни давлатдории навини тоҷикон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардидааст. 
Маҳз бо дастгириҳои ин фарзанди фарзонаи миллат имрӯзҳо Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон побарҷо буда, мардуми шарафманди кишвари азизамон дар фазои сулҳу субот, ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва шукуфоию созандагӣ хушбахтона кору фаъолият менамоянд. 
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ давра ба давра на танҳо ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва соҳибихтиёру соҳибтамаддун шинохта шудааст, инчуниин, бо ибтикори Президенти кишвар ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ гардида, як қатор дастовардҳои таърихию фарҳангии тоҷикон дар рӯйхати меросҳои моддии сатҳи ҷаҳонӣ, яъне дар ЮНЕСКО, ворид гашта, Душанбе - пойтахти Тоҷикистон ба макони баргузории чорабиниҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию варзишӣ мубаддал гардидааст, ки аз бузургию тавоноии миллату давлати тоҷикон шаҳодат медиҳад. 
Бояд тазаккур дод, ки дар даврони Истиқлол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон модели миллии рушди иқтисоди миллӣ роҳандозӣ гардида, бо интихоб ва амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии худ кишвар тавонист рушди миёнасолонаи иқтисоди миллиро дар сатҳи на кам аз 7,5% таъмин намояд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо рушди миёнаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа баланд арзёбӣ мегардад. Бо таъмини фазои муносиби соҳибкорӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 358-тои соли 1991 ба зиёда аз 3000-то дар соли 2023 расида, сатҳи камбизоатӣ 62 банди фоизӣ коҳиш ёфта, аз 83 фоизи соли 1992 ба 21,2 фоиз дар соли 2003 омада расид, ки он аз раванди дурусти татбиқи сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати кишвар дарак медиҳад. 
Тоҷикистони соҳибистиқлол аз аввали соҳибихтиёрӣ дар фаъолияти хориҷии худ сиёсати «дарҳои кушод»-ро интихоб намуда, айни замон, бо зиёда аз 190 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатиро ба роҳ монда, аъзои комилҳуқуқи 32 созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ва созмонҳои минтақавии иқтисодӣ мебошад. Дар сиёсати хориҷии худ Тоҷикистон принсипи дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ, ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои тарафайнро пеша намуда, ҳифзи манфиатҳои миллиро маҳаки асосии муносибатҳои хориҷии худ қарор додааст. Дар ин давра Ҳукумати кишвар бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалиро коркард ва қабул намуда, бобати истифодаи дастовардҳои навини технологию инноватсионии ҷаҳонӣ дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ замина гузошт. 
Агар ба муносибатҳои тиҷоратию сармоягузорӣ назар афканем, мебинем, ки дар муқоиса ба давраи то истиқлолият, ки асосан бо 14 кишвари собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда буд, имрӯзҳо Тоҷикистон бо 120 кишвари ҷаҳон муносибатҳои тиҷоратиро ба роҳ монда, бо зиёда аз 40 кишвари хориҷӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ созишномаҳо ба имзо расонидааст. Ин аст, ки танҳо дар давоми даҳ соли охир ба иқтисодиёти кишвар ба маблағи беш аз 110 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз он зиёда аз 44 миллиард сомониро сармояи мустақим ташкил медиҳад. Ҳоло дар кишвар зиёда аз 82 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 45 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. 
Рушди муносибатҳои байналмилалии кишвар имкон дод, ки дар кишвар бо истифода аз сармояи хориҷӣ корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ сохта шуда, садҳо ҳазор ҷойҳои кории нави замонавӣ таъсис дода шаванд. Сармоягузории хориҷӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт имкон дод, ки ҳадафи стратегии кишвар, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон амалӣ гашта, Тоҷикистони ба чор қисмат тақсимгардида ба як кишвари том мубаддал гардад. 
Рушди тиҷорати байналмилалии кишвар бошад, дар даҳ соли охир 1,7 маротиба афзоиш ёфта, аз 49 миллиард сомонӣ дар соли 2013 ба зиёда аз 83 миллиард сомонӣ дар соли 2023 омада расидааст, ки он аз тамоили рушди истеҳсолоти дохилӣ барои содирот ва афзоиши даромади аҳолӣ барои воридот шаҳодат медиҳад. Дар таркиби молҳои содиротии кишвар ҳаҷми молҳои дорои арзиши изофаи баланд зиёд гашта, дар воридоти кишвар таносуби техникаю таҷҳизоти замонавӣ нисбат ба молҳои истеъмолӣ афзоиш ёфтааст, ки он, бешак, аз саноатикунонии босуръати кишвар шаҳодат медиҳад. 
Муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи илму маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар қарор дошта, айни замон зиёда аз 41 ҳазор толибилми тоҷик дар муассисаҳои таълимию илмии бонуфузи 40 кишвари ҷаҳон дар риштаҳои гуногун таҳсил намуда истодаанд. Чунин тадбирандешии давлат ва Ҳукумати кишвар бо мақсади баланд бардоштани неруи инсонӣ дар кишвар равона гардида, он имкон медиҳад, ки ҷавонони мо аз дастовардҳои навини илму техника бархӯрдор гашта, минбаъд дар рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳмгузор гарданд. 
Албатта, рушди муносибатҳои байналмилалӣ дар замони истиқлол ба ҷузъи асосии сиёсати дохилии кишвар табдил ёфта, дар навбати худ, он водор месозад, ки ҷаҳду талошҳои сокинон бобати таъмини бехатарӣ ва ба воситаи баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар самти истеҳсолоти молу хизматрасониҳо, навоварӣ, илму дониш ва фарҳангу маданият дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкамтар гардида, ваҳдати миллӣ ҳамчун қувваи пешбарандаи он ҳифзу нигаҳдорӣ гардад. 


Сафаров Б.Г., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ