Мақолаҳо

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАР БА ҶОМЕАИ ҶАҲОН!
Яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ дар ҳар давру замон аз зуҳуроти номатлуб ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегардад.
Солҳои охир дар қатори ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ, техногенӣ, биологию иҷтимоӣ, ки аз амалҳои гирдовардаю ҷамъгардидаи ҳаёти одамиён вобастагӣ дорад, инсоният ба фоҷиаҳои нав ба нав дучор гардид. Яке аз сабабҳои он ки зӯрӣ, таҷовуз ва ифротгароӣ мебошад, терроризм ё экстремизм номоварӣ гардида, ба ҳаёти аҳли башар то кунун таъсири манфӣ расонида истодааст. Дар натиҷаи таъсири ин падидаи номатлуб мардумони бегуноҳ дар парешонию изтироб умр ба сар мебаранд.
Бо дарки муҳиммияти масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба ҳайси Сарвари кишвар ихтихоб шуданашон, ба масъалаҳои сулҳу ваҳдат дар миқёси минтақа ва сайёра диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати пешгирии хатарҳои бавуҷудоии терроризму эктремизм тамоми имкониятҳои худро сафарбар намуданд. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон чунин иброз менамоянд: «Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Ташкилотҳои террористию экстремистӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ба эътиқоди динии шахсон тавассути паҳн кардани хуруфот ва таассуб таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Дар ин маврид ҳақ бар ҷониби лисонулғайб - Ҳофизи бузург мебошад, ки чунин фармудааст:
Ҳофизо, май хўру мастӣ куну хуш бош, вале,
Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро.
Дар олами муосир хатари терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омўзиш ва таҳқиқи илмӣ қарор гирифта, омӯзиш ва роҳҳои нисбатан самарабахши пешгирии он тақозои замон дониста мешавад.
Дар шароите, ки қишри зиёди аҳолии Тоҷикистонро маҳз ҷавонон ташкил медиҳанд, осебпазирии он эҳтимолан зиёд дониста мешавад, зеро вақте «ҷомеа» мегўем, мо асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте «мушкилоти ҷавонон» мегўем, қабл аз ҳама, мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мадди назар аст. Бинобар ин, ягона роҳи пурсамар барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурўҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ мебошад.
Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон тарбияи ҷавонони мамлакат нақши бисёр муҳим дорад. Махсусан, дар даврае, ки тамоми ҷаҳонро танишҳои гуногуни ҳарбиву сиёсӣ ва геополитикӣ фарогир буда, ин гуна “бозиҳои сиёсӣ”-и қудратхоҳони ҷаҳонӣ ба ҳастии кишварҳои миллӣ таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва маърифати ҳифзи ҳуқуқҳои насли якуми инсонӣ аз ҷониби аҳолӣ бисёр муҳим мебошад.
Ба фикри мо, ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.
Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандўсту ватанпарвар, миллатдўсту мусалмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурўҳҳои манфиатие, ки дини мубини Исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи Ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони бегуноҳи дигар мегарданд.
Хулоса, ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намоем, бегонапарастӣ ва хиёнатро пешгирӣ намуда, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.
Итминони комил дорем, ки коллективи меҳнатии бисёрнафараи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бар зидди ин кирдорҳои номатлуб ва дар ободию шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузошта, баҳри таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти комили Ватан хидматҳои шоиста хоҳем кард.
Ф.М. Раҳимзода, ассистенти кафедраи фаъолияти биржавӣ