Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТ ДОИР БА ХУРОФОТ ВА РАҲОӢ АЗ ОН

          Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёмҳои Президент ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад, мушкилаи хурофот, гирифторӣ ба он ва роҳҳои раҳоӣ аз он ба шумор меравад.
         Мафҳуми «хурофот» арабиасос буда, дар забони тоҷикӣ аксаран дар шакли ҷамъ ва ба маънии мавҳумпарастӣ истифода мешавад. Мавҳум вожаи ифодакунандаи ҳолатҳои равонии инсон, ки аз ваҳм, яъне аз тарс ба вуҷуд меояд. Шакли танҳои мафҳуми «хурофот» «хурофа» мешавад. Решаи ин мафҳум «харифа» ё «харафа» буда, ба забони тоҷикӣ маънии «аз ақл берун шудан»-ро дорад. Аз ин реша калимаи «тахриф» сохта мешавад, ки он ҳамчун «сафсатахонии аблаҳона» тарҷума мешавад.
          Мафҳуми мазкур дар луғатҳои тафсирии забони тоҷикӣ, аз ҷумла дар Фарҳанги забони тоҷикии аз тарафи маркази илмии забоншиносӣ – Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон, ки соли 1969 дар ш. Москва чоп ва интишор гардида буд, чунин тафсир шудааст: «Хурофот» шакли ҷамъ буда, шакли танҳои он хурофа ё хурофат мешавад. «Хурофа»-ро дар ин луғат ҳамчун сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикри мавҳуми беасос маънидод кардаанд.
         Дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикии аз тарафи Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва соли 2008 чоп ва интишоргардида бошад, мафҳуми «хурофот»-ро ба маъниҳои ақида ва фикрҳои пучу беасос, мавҳумот тафсир кардаанд.
         Дар фарҳанги форсии дуҷилдаи чопи Теҳрон мафҳуми «хурофа» ба маънии амал ё эътиқоди ношӣ аз нодонӣ, тарс аз ношинохтаҳо, иймон ба ҷоду ва бахт ё дарки нодуруст аз сабаб ва натиҷа маънидод гардидааст.
         Чунон ки мушоҳида мекунем, дар ҳамаи луғатномаҳо мафҳуми «хурофот» ҳамчун ифодакунандаи нодонӣ, бемаърифатӣ, берун аз ақл будан ва амсоли инҳо маънидод гардидаст, ки аз нуқтаи назари забонӣ дуруст аст, вале ҳамчун истилоҳ мафҳуми мазкур ифодакунандаи гирифтории инсон ба таълимоти динӣ, бештар гирифторӣ дар доираи қолабҳои тағйирнопазири динӣ, дар карахтӣ боқӣ мондани тафаккури инсон, ки он инсонро аз ҳамаҷониба таҳлил кардану расидан ба маърифати ҳақиқиро имконнопазир мегардонад, истифода мешавад.
         Инсон вақте хурофотӣ мешавад, ки тафаккури вай қолабӣ шуда бошад, дар доираи ин ва ё он таълимот, хоҳ динӣ бошад ва хоҳ ғайридинӣ ба карахтӣ расида бошад, ба такмилёбӣ имконият надиҳад, қобилияти таҳаммулпазирӣ надошта бошад, фикр, мулоҳиза, андешаи фарқкунанда аз андешаҳои худро мавриди баррасӣ қарор дода натавонад ва, умуман, қабул надошта бошад ва ғайраву ҳоказо.
         Мафҳуми хурофот дар бисёр ҳолатҳо ба маънии эътиқодоти нодурусти таҳрифии таълимоти динӣ, урфҳо ва анъанот, ки инсонҳои фарҳанги тақозоӣ надоштаро ба ҳаракатҳои тундраву (экстремистиву) ирҳобӣ (террористӣ) ба осонӣ ҷалб менамояд, фаҳмида мешавад.
         Агар тамоми маъниҳои мафҳуми «хурофот»-ро дар шакли ҷамъбастӣ ифода намоем, ҷаҳолат, яъне бедонишӣ, бемаърифатӣ, беилмӣ, дар карахтӣ мондан ва, умуман, бефарҳангӣ мешавад.
         Нигаронӣ аз ин ҳолат ба он иртибот дорад, ки вай дар пешрафти ҷомеа ва ҳар як инсон падидаи зараровар буда, ба натиҷаҳои фоҷеабор оварданаш мумкин аст.
         Баррасии ин мавзуъ, ки ба яке аз шаклҳои шуури ҷомеавӣ – шуури динӣ алоқамандӣ дорад ва дар ҷаҳолатмондагон «фарҳанги» худро бо, гўё, диндориашон сафед карданӣ мешаванд ва бартарӣ доштани худро нисбат ба дигарон нишон доданӣ мешаванду талош мекунанд, ки ҷомеа бояд дар асоси ақоиди онҳо таъсис дода шавад ва амал намояд, тафсири хеле густурда мехоҳад.
         Азбаски дар доираи мақолаи рўзномавӣ тамоми дастовардҳои илмии марбут ба ин мавзуъро овардан имконнопазир аст, мо танҳо ба баъзеи онҳо ишора мекунем.
         Аввалан, гуфтан мехоҳем, ки аз нуқтаи назари ҳам динӣ ва ҳам илмӣ дин – ин иймон, яъне боварӣ ба шумор меравад. Мафҳуми иймон, яъне боварӣ дар шуури инсон яку якбора ба вуҷуд наомадааст, балки вай дар раванди пайдоиш, ташаккулёбӣ ва тавсеаву рушди минбаъдаи таълимоти динӣ ҳамчун падидаи ҳаёти маънавии инсон тадриҷан пайдо ва ба фарҳанги динӣ ворид гардидааст.
         Дар ташаккул ва истифодаи муҳтавои мафҳуми иймон, ки боварӣ ба кадом як қувваи фавқ-ут-табииро дар назар дорад, ҷараёни тулонимуддати фарогирии мардум ҳам ба воситаҳои зўроварӣ ва ҳам тавассути тарғибот татбиқ гардидааст. Дар натиҷа, мафҳуми мазкур ҳамчун ифодакунандаи эътиқод ба ин ва ё он дин ба ҳаёти маънавии мардумон ворид гардидидааст.
         Вақте мафҳуми анъана истифода мегардад, бояд донист, ки вай аз сари худ марҳилаи тулонии таърихиро гузаронидааст ва ба дилу дидаи мардум ҷо гирифтааст. Сутудани он аз шуур ва ҳаёти маънавии инсону ҷомеа, сарфи назар аз он ки судманд аст ё судманд нест, хеле амри муҳол маҳсуб меёбад.
         Моҳияти дин ҳамчун падидаи ҳаёти маънавӣ аз он иборат аст, ки вай дар тамоми раванди рушди ҷомеа ҳамчун як унсури муҳими идора нақш бозидааст ва бозида истодааст. Бинобар ин, таълимоти диниро як навъи идеологияи истисноӣ маънидод кардан мумкин аст. Истисноӣ буданаш ба он маънӣ аст, ки вай манофеи ин ва ё он табақаи ҷомеаро инъикос наменамояд, балки ифодакунандаи орзуву омоли ҳамаи иймоновардагон, ки бовар ва умед ба дунёи боқӣ доранд, маҳсуб меёбад.
         Дин ва таълимоти динӣ тахайюлӣ мебошад, зеро муқаррароти он на ба қонунҳои пайдоиш, ташаккул ва рушди инсону ҷомеа, на ба далелҳои дар асоси таҳқиқоти илмӣ исботкунандаи ҳаводиси олам такя мекунад, балки ба хаёл, ба парвози тахайюлии эҷоди инсон такя менамояд ва далелҳои исботкунанда тақозо намекунад, ҳамеша бе тағйир, яъне қолабӣ боқӣ мемонад.
         Дин нисбат ба илм ҳеҷ гуна бартарӣ низ надорад, вале илм пешаи теъдоди хеле ками инсоният буда, аксари кулли башар дар асоси ҷаҳонбинии динӣ умри худро мегузаронад.
         Дувум, бояд донист, ки тарбияи илмӣ ба омўзиш, таҳқиқ, фаҳмонидан ва маънидод кардани ҳаводиси олам такя мекунад, аммо тарбияи динӣ ба тарс. Тарс аз чӣ? Тарс аз он, ки агар муқаррароти динӣ дар олами фонӣ риоя карда нашаванд, инсон дар олами боқӣ на дар биҳишт, балки дар ҷаҳаннам ҷойгир мегардад. Бинобар ин, дар таълимоти динӣ озодии инсон истисно буда, вай бояд абд, яъне банда, ғулом, барда бошад. Ғулом ба кӣ ва ё чӣ? Барои ба ин савол ҷавоб додан, лозим аст гуфта бошем, ки таърихи инсоният пур аз ҳаводиси мухталиф, пур аз эҷоду ихтироот, пур аз фоҷеаҳо будааст. Дин ва таълимоти динӣ яке аз он ихтирооте ба шумор меравад, ки бо сабабҳои ҳам объективии воқеияти олами муҳит ва ҳам субъективии иҷтимоӣ, ҳамчунин, бо иштироки парвози тафаккури инсон арзи вуҷуд кардааст. Барои он ки таълимоти онро бандагон иҷро кунанд, қувваи фавқ-ут-табиии ҳам офариниши таълимоти мазкур ва ҳам танзимкунандаи ҳаёти инсон дар сурати Худованд низ ихтироъ гардидааст. Азбаски ҳам олами муҳит ва ҳам инсон махлуқоти офаридаи Худованд ба шумор мераванд, бояд онҳо ҳамеша дар таслими Ў, яъне банда, ғуломи Вай бошанд. Ғулом будан танҳо фармонбардор будан аст, вай ҳеҷ гуна озодӣ надорад, танҳо бо амри Худованд кореро мекунад, донише ҳам надорад, зеро барои ў дониш низ лозим нест. Масалан, моҳияти иймоноварӣ дар дини мубини ислом низ аз таслим будани муслим иборат аст.
         Моҳияти дигари бисёр муҳими дин аз он иборат аст, ки таълимоти динӣ як навъи инъикоскунандаи роҳҳову усулҳо ва меъёрҳои ахлоқии тарбиякунандаи инсону ҷомеа, ки онҳо низ заминаҳои объективии иҷтимоӣ доранд, яъне онҳо дар мурури ҳаёти ҷомеа ва аз таҷрибаи ҳаётӣ ба вуҷуд омадаанд, дар худ муттаҳид карда, онҳоро аз номи Холиқ ба бандаҳо пешниҳод менамояд, яъне таълимоти динӣ ҳамчун як қонуни дарбаргирандаи тамоми меъёрҳои идораи ҷомеа баромад мекунанд.
         Ҳамаи инсонҳое, ки фалсафаи таълимоти диниро дуруст омўхтаанд ва дар худ фарҳанги ҳақиқии динӣ ташаккул додаанд, хурофотӣ намешаванд, зеро чунин омўзиш аз онҳо истифодаи усулҳои таҳқиқоти илмиро талаб мекунад, вале онҳое, ки чунин фарҳангро дар худ ташаккул надодаанд, пайрави таълимоти қолабӣ боқӣ мемонанд, хурофотӣ мешаванд.
         Вақте инсонҳои мазкур ба ин ва ё он ҳаракат, махсусан, ба ҳаракатҳои динӣ мепайванданд, ба сабаби дар ҷаҳолат мондагиашон ба ҳама гуна фаъолиятҳои зиддиинсонӣ даст заданашон мумкин аст. Мисоли рўшани ин гуфтаҳои мо ҷанги дар ибтидои солҳои навадуми асри сипаришудаи шаҳрвандии дар кишварамон рухдода ба шумор меравад. Дар ин ҷанг аксари силоҳбадастон аз инсонҳои дар ҷаҳолатмонда буданд, ки барои онҳо куштани инсон ҳеҷ аҳамияте надошт. Бинобар ин, онҳо бисёр инсонҳоро бераҳмона куштанд, ғоратгарӣ карданд. Чунин инсонҳо, аксаран, партовҳои ҷомеа буданд, ки бо ба даст гирифтани силоҳ худро ҳокими кишвар ва мардум донистанд.
         Заминаи ҳама гуна хурофот бемаърифатӣ, бефарҳангӣ, бе соҳиб будан ба касбу ҳунари воло, ки зиндагии шарафманди инсонро таъмин карда метавонад ва ба инсон хушбахтиву қаноат меоварад, ба шумор меравад.
         Бинобар ин, Президенти кишвар дар Паёмҳои худ ба ин масъала низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз ҷумла дар Паёми ироагардида дар таърихи 21 декабри соли 2021 таъкид кардаанд, ки «… бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад».
         Омили асосии аз ҷаҳолат баровардани инсон ва ҳамқадами замони муосир будани онро Президент дар Паёми мазкур чунин маънидод кардааст ва изҳор намудааст, ки «Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан, омўзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад».
         Таҷрибаи тамаддуни инсонӣ нишон медиҳад, ки дар ҳама давру замон аҳли хирад ба дониш, ба маърифат, ба илм таваҷҷуҳи хосса доштанд, зеро дарк карда буданд, ки бе ин арзишҳо ҳаёти солими на танҳо инсони алоҳида, балки ҳаёти солими ҷомеаро таъмин кардан имконнопазир мебошад.
         Ҷавҳари ҳама гуна фарҳанг дониш, илм ва хиради инсонӣ ба шумор меравад, ки он, айни замон, раҳоикунандаи инсон аз ҷаҳолату хурофот мебошад. Абулқосими Фирдавсӣ беҳуда нагуфта буд, ки:

                  Ба ранҷ андарорӣ танатро, равост,
                  Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост.

         Мавзуи хурофотро бо баёни мушкилаҳое, ки дар раванди таълим устодони ҷомеашинос дар тамоми гурўҳҳо ва факултетҳо, дар тамоми донишкадаву донишгоҳҳо мувоҷеҳ мешаванд, маънидод карданӣ ҳастам.
         Масалан, муаллиф, ки дар ду донишгоҳ дарс медиҳам, на як бору ду бор, балки мудом ва дар ҳамаи гурўҳҳои таълимӣ ба дар хурофотмондагии баъзе донишомўзон дучор гардидааст.
         Мутаассифона, баъзе шогирдон дар асоси шунидаҳо, на хондаҳояшон, зери таълимоти таҳрифшудаи динӣ мондаанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ онҳоро бо маънидоди илмии таълимоти динӣ қонеъ кардан мумкин нест. Онҳо чунон муҷоҳид ҳастанд, ки ҳеҷ гуна маълумоти илмиро пазируфта наметавонанд. Ба чунин маълумот бовар ҳам намекунанд ва дар ҳамон сатҳи бефарҳангии хурофотӣ боқӣ мемонанд.
         Вақте пурсон мешавед, ки оё забони дини ислом, ки арабӣ аст, медонанд? Ҷавоб ба ин пурсиш, албатта, манфӣ аст. Ҳамчунин, пурсон мешавед, ки кадом китобҳои диниро хонда бошанд? Ба ин гуна пурсиш низ ҷавоб манфӣ мешавад. Бисёр вақт аз номи Қуръон ҳарф мезананд, вале вақте пурсон мешавед, ки оё Қуръонро ё тарҷумаашро ва ё тафсири онро хондаанд? Боз ҷавоб манфӣ мешавад. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо, мутаассифона, дар ин соҳаи ҳаёти маънавии инсону ҷомеа дар хурофот боқӣ мондаанд.
         Хурофоти эшон то андозае бузург аст, ки ҳатто кўшиш мекунанд, то нагузоранд, ки устод ақидаҳои гуногуни рўшанкунандаи баъзе мушкилаҳои илмиро ба онҳо баён дошта бошад.
         Мусибати онҳо боз дар он аст, ки онҳо дар асоси ҷаҳолаташон сабру таҳаммули шунидани афкори дигаронро надоранд. Кунд ва якрав мебошанд.
         Ман ин муамморо барои он ифода карда истодаам, ки дар омўзиши илм инсон ба таълимоти гуногуни ҳам динӣ ва ҳам илмӣ муроҷиат мекунад, онҳоро меомўзад, ба ҳамдигар муқоиса мекунад, ҳақиқатро дарёфт менамояд. Яъне, илмомўзӣ сабру таҳаммули таҳлили ақоиди гуногунро дар ҳама соҳаҳо, махсусан, соҳаи илмҳои гуманитарӣ тақозо мекунад. Мутаассифона, ҳамин муамморо низ фаҳмонидан ба ҷавононе, ки дар муҳити хурофотӣ тарбия ёфтаанд, аз мушкилаҳои сангини таълиму тарбия иборат мебошад.
         Бинобар ин, ба назари мо, дар назди ҷомеаи муосири Тоҷикистон, дар назди тамоми устодон ва маъмурияти давлатии соҳаи маориф вазифаи басо мушкил истодааст, ки ҳалли он бозбиниҳои низоми таълиму тарбия, сифати таълим, рафъ кардани камбудиҳои зараррасони низом ва ба вуҷуд овардани низоми дурусти таълимро талаб менамояд.
         Муҳтавои Паёмҳои Президенти кишвар низ дар қатори теъдоди зиёди мушкилаҳои ҳалталаб мушкилаи бартараф кардани хурофот ва ҷалби ҷавонон ба таълиму тарбияи ҷавобгўйи замони муосирро дар бар мегирад.
         Президент таъкид кардааст, ки «… хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад».
         Қайд кардан лозим аст, ки на ҳамаи инсонҳо дар худ ҷаҳонбинии илмиро ташаккул дода метавонанд, вале ҳамаи онҳо, ки аз натиҷаҳои эҷоди илм, кашфиётҳо, ихтироот, техникаву технологияи нав истифода менамоянд, бояд дар ин бораҳо маълумоти муайян дошта бошанд, ки он бе ҷалб будан ба таълим имконнопазир аст. Вале, мутаассифона, баъзе донишҷўён ҳамоно бетарафиро ихтиёр мекунанд ва ҳеҷ гуна майли хондан низ надоранд.
         Бо ин навиштаҳо мехостем ифода кунем, ки аз хурофот баровардани мардум, аз ҷумла ҷавонон гузаштан аз муносибатҳои таҷридӣ ба муносибатҳои феълии амалиро тақозо менамояд.
         Дар соҳаи маорифи мардум ва раҳоӣ бахшидани он аз хурофот, яъне бесаводӣ ва дар ҷаҳолатмондагӣ гуфтаниҳо бисёранд, вале, ҳоло, бо чанд овардаҳои мазкур мехостем мақоларо ҳусни хотима бахшида, бовар кунем, ки қироаткунандаи киром ба муҳтавои он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

                  Ғ. Мирзоев, профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ