Мақолаҳо

КОРРУПСИЯ ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон кишварҳои ҷаҳон ҷиҳати расидан ба пешравӣ ва муваффақиятҳо ба мушкилоти зиёде дучор шудаанд. Яке аз он зуҳуроте, ки садди роҳи инкишоф ва пешравии давлатҳои ҷаҳон гардидааст, коррупсия мебошад. Коррупсия дар қатори дигар омилҳои номатлуб зуҳуроти барои ҷомеа ва давлат хатарнок дониста шуда, яке аз масъалаҳои баррасишавандаи тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрўз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Ба андешаи олимон, нишонаҳои аввалин дар бораи коррупсияи амалдоронро дар бойгониҳои Бобулистони қадим нимаи дуюми асри XXIV то давраи мо, дертар дар қонунҳои машҳури Хаммурапи дучор омадан мумкин аст. Дар замонҳои қадим «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурўхтани мансаб маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.
Имрўзҳо яке аз масъалаҳои мубрами рўз ин мубориза бар зидди коррупсия мебошад. Дар бораи ин масъала солҳои охир дар матбуоти даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз кишвар бисёр фикру ақидаҳо пешкаш шудаанд. Аз нигоҳи луғавӣ, истилоҳи «коррупсия» аз калимаи лотинии «corruptio» гирифта шуда, маънояш «харидан, вайронкорӣ ва ришвадиҳӣ» мебошад. Аз ин лиҳоз, СММ дар ин самт ба муваффақияти зиёд ноил гардида, ҳамаи давлатҳои ҷаҳони муосирро гирди ақидаи муқовимат ба коррупсия чун монеаи рушд, муттаҳид гардонидааст.
Баъд аз соҳибистиқлол гаштан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ба проблемаҳои коррупсионӣ рў ба рў гардид. Сабабҳо ва омили асосии густариши коррупсия дар ҷомеаи мо, аз як тараф, паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз тарафи дигар бошад, омода набудани аҳолӣ ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаю тартиботи он буд.
Воқеан, паҳн гаштани коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа Ҳукумати кишварро ба ташвиш оварда буд, чунки раванди демократикунонии ҷомеа дар рў ба рўи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дошт. Аз ин рў, бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳоти ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо рўйи кор омада, барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, таҳти №143 таъсис додани мақомоти махсусгардонидашудаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 28 декабри соли 2012, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, се маротиба таҳия ва тасдиқ шудани Стратегия дар самти муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2008-2012, 2013-2020 ва барои давраи то 2030, инчунин, дигар санадҳои зерқонунӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.
Бояд қайд кард, ки 9 декабри соли ҷорӣ дар саросари ҷаҳон 20-солагии қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қайд гардида, вобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар самти мубориза бар зидди коррупсия натиҷагирӣ карда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо эътироф аз ин санаи таърихӣ дар вазорату идораҳо, муассисаю корхонаҳо ва ташкилотҳо атрофи ин мавзуъ мулоқоту вохӯриҳо, семинару конфронс ва ҳамоишҳо баргузор карда мешаванд. Ин санаи муҳим моро водор месозад, ки ба хотири пешрафту инкишофи давлати азизамон атрофи масъалаи пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия боз ҳам муттаҳид гардем. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби бештари қишрҳои ҷомеа, истифодаи маҷмуи воситаву усулҳои муосир дар мубориза бар зидди коррупсия тамоми кӯшишу имкониятҳои худро равона созем. Дар ин замина, баҳри ташаккули тафаккури зиддикоррупсионии ҳар як фарди ҷомеа кӯшиш ба харҷ дода, барои паст намудани таъсири коррупсия саҳми худро гузорем.
Ф. Сайдмуҳуддинов, сардори раёсати молия ва муҳосибот