Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

         Хатари рўзафзуни экстремизм ва терроризми байналмилалӣ, ки солҳои охир ҷомеаи ҷаҳониро ба гирдоби ҳаводиси фоҷиабори худ рў ба рў сохтааст ва дар ин баробар, гароиши ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгаро ҳар яки моро водор месозад, ки бобати ин масъала бетараф набошем. Мусаллам аст, ки терроризми байналмилалиро ҳар як сокини солимфикри рўи замин дар ҳоли имрўз маҳкум мекунад ва онро ҳамчун хатари асосии арзишҳои инсонӣ ва амнияти умумиҷаҳонӣ эътироф менамояд. Зеро як тасмими хато дар ин ё он масъалаи сиёсии сайёра метавонад вазъиятро бамаротиб мураккаб гардонад. Аз ин рў, мубориза бар зидди ин хатари байналмилалӣ қарзи виҷдонии ҳар як инсони комил аст.
         Терроризму ифротгароӣ ҳамчун вабои аср бо амалҳою ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлатҳо таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро аз байн мебаранд. Ҳол он ки ҳеҷ як шакли ҷомеа бидуни таъмини амнияти пурраи иҷтимоӣ рушду такомул карда наметавонад.
         Муносибатҳои байналмилалӣ, ки солҳои охир хеле шиддатнок ва муқовиматомез гардидаанд, рўз то рўз хосияти бераҳмонаро ба худ гирифта истодаанд. Ҷараёнҳо ва неруҳои сиёсӣ ҳамарўза сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор сохта, дар ин миён ҷараёни экстремизми сиёсӣ яке аз масъалаҳои муҳимест, ки тамоми кишварҳои дунёро ба ташвиш овардааст. Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи онро бояд омӯхт.
          Боиси таассуф аст, ки ҳамаи ин қатлу куштори худро террористон бо он ки аз дини мубини Ислом бўе набурдаву аҳкоми шариатро намедонанд, бо шиорҳои исломӣ ва гўё ба хотири садоқаташон ба дину шариат анҷом медиҳанд. Вале дигар ҳамагон медонанд, ки ин амалҳо кори дасти душманони олами Ислом аст ва ҳадафмандона ҳам тарҳрезӣ шуда истодаанд. Ин бадхоҳон, ки аз нуфузи Ислом, махсусан, дар кишварҳои ғарбӣ сахт дар ҳарос афтодаанд, мехоҳанд бо ташкили чунин гирудорҳо онро дар чашми мардуми олам зишт нишон диҳанд. Аз ҳамин хотир, дар бисёр ҳолатҳо терроризмро ба Ислом рабт медиҳанд.                          Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромаду суханрониҳояшон дар ҳамоишу конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ ва махсусан, зимни суханронӣ аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ба ин душманону бадхоҳони дини мубини Ислом ҷавобҳои муассиру ҳадафмандона додаанд, ки «террорист дин, мазҳаб ва миллат надорад».
          Бояд қайд кард, ки гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар фаъолияти разилонаи ҳаррўзаашон аз технологияи информатсионӣ ва Интернет ба таври фаровон истифода бурда, давоми чанд соли охир бо ин роҳ ҷавонони содаву гумроҳро фирефта намуда, ба амалҳои разилонаи худ якҷо менамоянд.
          Ҷавонони имрўза ба ҳайси қувваи пешбаранда ва ояндасози ҷомеа бояд ба муқобили ҳама гуна падидаҳои номатлуб дар шароити кунунӣ мубориза баранд. Насли ҷавони кишвар вазифадор аст, ки аз фазои орому осудаи кишвар истифода бурда, дар пешрафт, рушду равнақ ва шукуфоии меҳани худ саҳми арзанда гузоранд.


Сафаралӣ АБДУРАҲМОНОВ, ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ