Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

НИЗОМ - ПОЙДЕВОРИИ АСЛИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

         Бо пайдоиши инсон дар кураи Замин ва созмон ёфтани оила ҳамчун ячейкаи аввалияи давлатдорӣ дар ҷомеа зарурате пайдо гардид, ки назму низом тавлид ёбад. Яъне, ҳамон сарварони ҷамоаи хурдакак, ки падарону модарон буданд, ба хотири ба воя расонидани фарзандонашон ва дарёфти ризқу рӯзии онҳо, дарк намуданд ва маҷбур ҳам шуданд, ки дар партави ана ҳамин амалҳо дар заминаи ақлу идроки худ як низоми зиндагиеро роҳандозӣ кунанд, ки дорои фаҳмишҳои хосе аз хубиву бадиҳо ва дурусту нодурустиҳо бошад.
         Ҳамин фаҳмишҳо дар зиндагии ояндаи онҳо як меъёреро эҷод намуд, ки ҳамчун низоми нонавиштае аз ҷониби дигар аъзои оила бечунучаро иҷро карда мешуд.
         Ҳар як инсоне, ки ақли солим дорад, бояд дарк намояд, ки ҷомеаи инсонӣ бидуни назму қонун пойдор буда наметавонад. Татбиқ намудани қонун ва дигар муқаррароти ҷорӣ дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа зарурат дорад, агарчи дар баъзе аз лаҳзаҳо сабаби таҳти назорат гирифтани амалҳои инсон ва маҳдуд шудани ҳуқуқу озодиҳои ӯ низ мегардад.
        Дар тули таърихи чандинҳазорсола, ки дар ин муддат насли одам ба тамаддунофаринӣ машғул гардидааст, барои дарки ҳастӣ, яъне дунё ва тамоми мавҷудоти зинда дар он, назарияпардозони зиёд назарияҳои гуногун пешниҳод намудаанд. Аз он ҷо, ки инсон ба унвони ҳушмандтарин махлуқ дар меҳвари ҳастӣ қарор дорад, аксари назарияҳои ҳастишиносона аз назарияпардозӣ дар мавриди инсон ва табиати ӯ оғоз мегарданд.
        Агар сохтори иқтисодӣ ва вазъияти иқтисодӣ зеҳният ва шахсияти инсонҳоро шакл медиҳанд, пас чаро фарзандони як хонавода, ки маъмулан дар шароити баробар ба воя мерасанд, ба дастовардҳои якранг ноил намешаванд? Посухи ин суол комилан сода аст. Мутафаккироне, ки сохторҳоро аз инсонҳо дида нерумандтар мебинанд, неруи андеша, тафаккур ва қувваи зеҳни инсонҳоро нашинохтаанд. Писари подабон, вақте дар болои теппа ҳангоми нигоҳубин аз чорво орзуи зиндагӣ дар шаҳрро мекунад, бо зеҳнияти қавии худ аллакай чорчўбаҳои сохтореро, ки дар он ба воя мерасад, шикастааст. Сохторҳо қодир ба боздории зеҳнияти қавӣ нестанд, гарчанде ки ҳамин сохторҳо муваффақ ба шикастани миллионҳо одамон будаанд.
        Бидуни фаро гирифтани маърифати ҳуқуқӣ дастрасӣ ба саодати ҷамъӣ муяссар нест, чунки агар инсонҳо зарурати риояи ҳаққи дигаронро андозаи зарурати риояи ҳуқуқи хеш дарк накарда бошанд, дастовардҳои илму технология ба истисмори тӯдаҳо меанҷомад. Қатъи назар аз оне, ки мо дар кадом сатҳ қарор дорем, ба чӣ мартаба ноил гаштаем ва кадомин мансаби воломақомеро сарварӣ дорем. Маҳз маърифати ҳуқуқист, ки талошҳои башарро ба ҷиҳатҳои созанда раҳнамун месозад. Барои шаклгирии матлуби муносибатҳои иҷтимоӣ ҳар як фард, сарфи назар аз ҷойгоҳи иҷтимоӣ, бояд аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ воқиф бошад ва ба онҳо амал кунад. Талаби риояи ҳақ андозаи риояи ҳаққи дигарон муҳим аст, чунки агар ман ҳаққи дигаронро риоя мекунам, вале ба риояи ҳаққи худ аз тарафи дигарон таваҷҷуҳ намекунам, яъне дар пӯшиши фидокорӣ ба бадомӯзӣ машғул шудаам.
         Бинобар ин, маърифати ҳуқуқӣ на танҳо дониши ҳуқуқист, балки иродаи амалро низ дар бар мегирад. Инсоне, ки маърифати ҳуқуқии баланд дорад ва ба дониши худ амал мекунад, пушти сангаре истодааст, ки аз саломатии муносибатҳои ҷамъӣ муроқибат менамояд.
        Дар ҳар сурат, маърифати ҳуқуқӣ равзанаест, ки дарки ҳастӣ ва зиндагии солимро барои инсонҳо мумкин месозад. Маърифати ҳуқуқӣ инсонро бо ахлоқи ҳамида муҷаҳҳаз мегардонад. Ахлоқе, ки ба шумо кумак мекунад, ки муаммои зиндагиро рамзкушоӣ намуда, аз тӯфонҳои дарёи пурмоҷарои зиндагӣ ҷон ба саломат бибаред.
       Яъне, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба ҳамаи ҳамватанони дохилу бурунмарзӣ, қатъи назар аз нуфузу эътибор, вазоифу мавқеи ҷамъиятиашон, хитоб менамояд, ки пеш аз ҳама, мо бояд худро бисозем ва намунаи ибрати дигарон бошем.
        Баъд аз барҳам хўрдани давлати Сомониён то фурўпошии Иттиҳоди Шуравӣ миллати тоҷик соҳиби давлат ва марзу буми алоҳида набуд. Истиқлолият паёми хушнудие буд, ки ба миллати тоҷик давлатдории миллиро эҳдо кард. Дар партави истиқлол фарзандони фарзонаи ин миллат, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи барҷастаи ин абармардон мебошанд, зуҳур намуданд, ки бо ҷасорати волои худ нақшаҳои шуми хоҷагони хориҷии як гурўҳ зархаридони дохилиро аз байн бурданд. Агар дигарон вафодории худро бо сухан тасдиқ карда бошанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули фаъолияти худ ҳамчун Раҳбари давлат бо ғамхориҳои паёпай барои ободонии Тоҷикистон садоқаташонро ба мардум нишон додаанд.     
          Аз ин рў, набояд фирефтаи ҳиллаву найранги дасисабозону моҷароҷўён шавем. Имрўз зарурате пеш омадааст, ки миллати тоҷик ин ваҳдати бадастовардаро, ки дар ҳоли рушд аст, қавитару мустаҳкамтар намояд. Якдиливу якпорчагии мо метавонад хатарҳои беруниро бартараф карда, амнияту осоиш дар дохили кишварро таҳким бахшад.
         Ҳифзи истиқлол ва марзу буми кишвар тақозо дорад, ки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, бо зархаридону хоҷагони хориҷии онҳо муборизаи беамон барем ва дар партави ҳидояту раҳнамоиҳои Сарвари давлат фаъолияту зиндагии бонизоми хуберо барои насли ҷадид фароҳам биёрем.


С. АБДУҶАББОРЗОДА, дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ