Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ

         

       Мо ваҳдати миллиро дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳими давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем.  

                                                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон
    Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, асоси пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳифзи Истиқлол ва Ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ медонем.
    Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ маҳсуб ëфта, ҳамасола 27 июн халқи шарафманди тоҷик дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса онро ҷашн мегирад. Чунки, ҳанӯз 28 сол муқаддам, дар ин рӯз хостаҳо ва ормонҳои чандсолаи мардуми ҷафодидаи тоҷик, ки ташнаи сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ буданд, амалӣ гардид. Дар натиҷаи ҳашт гуфтушуниди байни ҳайати намояндагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифин, шаш мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, се машварати ҳайати тарафҳо, билохира, 27 июни соли 1997 дар ш. Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин Созишнома кишварро аз нобудӣ ва мардумро аз парокандагӣ наҷот дод.
        Қайд кардан зарур аст, ки дар ҳамон рўзҳои сахту сангин ба даст овардани ин дастоварди бузург кори саҳлу осон набуд.
    Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мубталои ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гашт.
    Ёдовар мешавем, ки Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид, роҳбарияти нави Ҳукумати ҷумҳуриро интихоб намуд. Дар чунин вазъи душвор ва мураккаб маҳз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорат ва дарки масъулияти баланд ин рисолати ҳаётан муҳим, яъне раҳо кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз вартаи нестӣ ва таъмини сулҳу осоишро ба дўши худ гирифт. Ва аз ҳамон вақт сар карда, сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи мусбат комилан дигаргун гашт.
       Яке аз суханони аввалини Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат ин буд: ”Ман барои барқарор кардани сулҳу субот дар Тоҷикистон ва баргардонидани ҳамаи гурезаҳо ба Ватан, тайёр ҳастам ҳаёти худро қурбон кунам”. Воқеан, ин суханон ба қалби ҳамаи шаҳрвандони кишварамон умеди сулҳу осоишро нақш баст ва аз соли 1993 сар карда, пайи ҳам раванди бозгардонии мардуми ҷабрдидаю пареншонҳол ба Ватан, ҷойи зисти доимиашон оғоз ёфт. Бояд гуфт, ки ҳанӯз ҳамон давра Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақозои ҷомеаро сари вақт дарк намуд ва онро асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар марҳилаи такдирсоз қарор дод ва фаъолона пеш бурд.
     Лозим ба ёдоварист, ки аз оғози соли 1993 сар карда, масъалаи дарёфти сулҳ ва оштии миллӣ батадриҷ ба масъалаи меҳварии фаъолияти густурдаи Пешвои муаззами миллат дар соҳаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мубаддал гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафи сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно сохта, давлати тозаистиқлоли моро ба ҳайси субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.
      Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳои худ қайд намуданд, ки вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.
      Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик дастоварди арзишмандест дар қатори истиқлолу амнияти миллӣ, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, ба даст омадааст.
   Хулоса, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазоди сиёсӣ ҳамон миллате метавонад аз манфиатҳои худ пуштибонӣ намояд, ки ҳамдилу ҳамақида бошад ва баҳри амалигардонии консепсияи ягонаи миллӣ қадам ниҳад. Мо набояд ҳизбу ҳаракатҳоеро, ки дар марҳилаи кунунӣ рӯи саҳнаи муборизаи сиёсӣ қарор гирифта, бо ҳадафҳои маҳдуду муғризонаи худ манфиатҳои миллӣ, давлатӣ оянда ва мақоми кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ зери таҳдиди хатар гузоштаанд, нодида гирем. Зеро, дар замони муосир, истиқлолу ваҳдат волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлат ба шумор рафта, пос доштани ин неъмати беназир, сабақ гирифтан аз таърихи ғанӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва мероси бойи сиёсиву маънавии роҳи давлатсозӣ вазифаи муқаддаси ҳар фарди қадршиносу шукргузор маҳсуб меёбад.
    Бинобар ин, ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани маҳбубамон маънидод кард. Ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем.

А. Баротов, и.в. мудири кафедраи аудит ва ревизия