Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ТАҲДИДҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

      “Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла, ба дини мубини Ислом надорад ва бо истифода аз номи Ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад”.
                                                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

        Имрӯз дар ҷомеи ҷаҳонӣ ба майдон омадани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва гурўҳҳои манфиатхоҳу манфиатҷўи ифротгаро боиси мушкилиҳои зиёд гардидааст. Барои монеъ шудан ба фаъолиятҳои ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳкунанда аксарияти давлатҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамарўза талош варзида истодаанд. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд.
       Воқеан, яке аз падидаҳои манфур ва хатарноки ҷаҳони муосир, ки ба сулҳу субот ва якпорчагии давлатҳои дунё таҳдиди бевосита дорад, ин амалҳои террористиву экстремистӣ маҳсуб меёбад. Содир намудани чунин амалҳои ғайриинсонӣ ҷони ҳазорҳо сокинони осоишта, ҳатто, тифлакони бегуноҳро низ аз байн мебарад ва аксаран боиси барангехтани низоъҳои миллию иҷтимоӣ ва динӣ мегардад. Ҳамзамон, чунин амалҳои ноҷавонмардона боиси нобудшавии сарватҳои моддию маънавии таърихии халқу миллатҳое мегарданд, ки барқарор намудани онҳо ғайриимкон аст.
         
Вожаи «террор» ё «терроризм», ки имрӯз дар васоити ахбори умум хеле зиёд вомехӯрад, аслан маънои куштор, даҳшатафканӣ, даҳшатангезӣ, даҳшатовариро дорад. Ин зуҳуроти номатлуб таърихи тӯлонӣ низ дошта, то ин сатҳ доман густурдани он, албатта, таҳқиқу тадқиқоти сиёсию ҷомеашиносӣ ва ғоявию маънавиро тақозо дорад. Коршиносонро зарур аст, ки сабабу омилҳои пайдоишу рушди терроризмро ҳамаҷониба омӯзанд, зеро чунин зуҳуроти тоқатшикану даҳшатзо имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст.
       
Набояд фаромӯш кард, ки нафаре даст ба амалҳои террористӣ мезанад, ягон рабте бо халқият, миллат ва одамият надорад. Зеро аз ҷониби чунин шахсон аксаран амалҳое содир мегарданд, ки аз доираи ақли инсонӣ берун буда, ҳатто, дар пасттарин амали ҳайвонӣ он дида намешавад.
      Имрӯз ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта аз доираи қаламрави як давлат берун баромада, тамоми ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Ташкилотҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ зери ниқоби ҳаракатҳои озодихоҳӣ ё ҷунбишҳои сиёсӣ бо мақсади ҳифзи манфиатҳои геополитикӣ аз ҷониби баъзе кишварҳо маблағгузорӣ ва пуштибонӣ гардида, вазъи сиёсии ҷаҳони муосирро боз ҳам мураккабу муташанниҷ гардонида истодаанд.
         
Зимнан, қайд бояд кард, ки заминаҳои ҳуқуқӣ танҳо роҳи ҳалли масъала набуда, пеш аз ҳама, мо бояд ҳисси ватандӯстиву хештаншиносиро дар афкори ҷомеа талқин намоем. Ҳар як шахс, бахусус ҷавонон, бояд бо роҳи донишу маърифат Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва Истиқлоли давлатиро ҳамаҷониба қадр намуда, арҷ гузоранд. Зеро таҳлили парвандаҳои ҷиноятии хусусияти террористӣ ва экстремистидошта нишон медиҳанд, ки беш аз 80 фоизи шомилшудагон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба созмону ташкилотҳои ифротгаро ва террористӣ ҷалб гардида, танҳо 8 фоиз дорои маълумоти олӣ, 12 фоиз маълумоти олии нопурра ва миёнаи махсус буда, 78 фоизи боқӣ маълумоти миёнаи умумӣ ва миёнаи умумии нопурра доранд.
       Ҳар як фарди бедордил бояд дар хотир дошта бошад, ки миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба фарҳангу маданияти бегона такя накардааст ва нахоҳад кард. Мо, тоҷикон, таъриху тамаддуни ҷаҳонӣ дошта, ниёгони мо намунаи ибрати тамоми ҷомеаи башарӣ гардидаанд. Дар ягон давру замон миллати тоҷик бо даст задан ба амалҳои террористиву экстремистӣ ном набароварда, дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия ёфтааст.
      Ҳар яки моро зарур аст, ки манфиати миллии хешро дар мадди аввал гузошта, насли ояндаро дар роҳи ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба халқу миллати хеш, садоқат ба Ватан-модар, ки онро ном Тоҷикистон аст, тарбия намоем. Танҳо дар ҳамин сурат ягон ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ бо роҳбарии хоҷагони хориҷии худ ба руҳияи мардуми сарбаланди тоҷик наметавонанд таъсири манфӣ расонанд. 


Хушнуд Маҳмадкаримов, муаллими калони кафедраи андоз ва суғурта