Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ТАҲЛИЛИ МАСОИЛИ ИЛМ ВА МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардида буд, аз вазъи бисёр ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд.
        Президенти кишвар нуктаҳои асосии рушди минбаъдаи маориф ва илмро таъкид намуда, ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ махсусан таъкид кардаанд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки рушди сармояи инсонӣ яке аз ҳадафҳои асосии иҷтимоию иқтисодии то соли 2030 буда, дониш, малака ва таҷрибаи заруриро барои фаъолияти муваффақонаи касбиро дар бар мегирад.
     Дарвоқеъ, сатҳи баланди таҳсилот ба афзоиши рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат ва афзоиши даромад мусоидат мекунад. Таҳсил на танҳо малакаҳои касбиро меомӯзонад, балки тафаккури, эҷодкорӣ ва қобилияти худомӯзиро инкишоф медиҳад, ки барои мутобиқ шудан ба шароити зудтағйирёбанда муҳим аст.
         Дар ин замина, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки воситаи ягонаи ҳимояи миллат ва давлат дар шароити пуртаззоди ҷаҳонишавӣ, ин рушди соҳаи илму маориф, боло бурдани иқтидори иқтисодии соҳаҳои гуногун ва афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста дар мамлакат мебошад.
        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ қайд карданд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад. Инчунин таъкид карданд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодаанд, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
         Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд. Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки аз 1уми сентябри соли 2025 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.
     Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешавад.
         Бо дарназардошти таваҷҷуҳи аввалиндараҷа доштани Пешвои муаззами миллат ба соҳаи маориф ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд.
     Яъне, дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
      Инчунин, ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
       Дар Паёми Пешвои миллат ҳамчунин масъалаи зарурати ҷорӣ намудани технологияҳои муосири инноватсионӣ дар раванди таълим ба миён гузошта шудааст. Ин бояд ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, ки барои тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заруранд, мусоидат кунад. Қобили зикр аст, ки имрӯз дар кишварҳои пешрафта трансформатсияи рақамии китобхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ бомуваффақият анҷом дода мешавад, аз ҷумла истифодаи платформаҳои таълимии кушод ва автоматикунонии равандҳо тавассути платформаи ягонаи таҳсилоти олӣ, ки дар онҳо салоҳиятҳои рақамӣ унсури ҳатмӣ стандартҳои таълимӣ ба ҳисоб мераванд.
      Ҳамин тариқ, дар Паёми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти стратегии соҳаи маориф ва илмро барои ояндаи Тоҷикистон махсус таъкид намуда, созаи мазкурро ҳамчун унсурҳои асосии рушди устувори кишвар муайян карданд.

Наврузова Гулшан  – мудири кафедраи  забони русии ДМИТ