Мақолаҳо

ТАЪСИРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА ҶОМЕАИ ИМРЎЗА
Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанўз аз замонҳои қадим бо ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош доштанд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми “террор” дар маънои расмиаш истифода намегардид.
Имрўз яке аз масъалаҳои муҳим ва нанговаре, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони кунунӣ ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин ба инсонҳо, бенизомӣ дар кишвар, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мешавад. Терроризм, аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, чунин ифода меёбад: “Ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он бо мақсади ҷисмонӣ бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад”.
Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан, аксаран ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешуданд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита гурўҳҳои ифротӣ мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Дар олами муосир хатари терроризм ва гурўҳҳои ифротгаро яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо ва хусусиятҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омўзиш ва таҳқиқи илмӣ қарор гирифтаанд. Ин раванди номатлуб имрўзҳо ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирӣ тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дар ҳаракату муқовимат алайҳи он бошанд ва роҳу усулҳои самарабахши муборизаро бо ин омили нигаронкунанда пайдо намоянд. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре ба масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.
Экстремизм аз вожаи фаронсавии “extremism” ва лотинии “extrems” гирифта шуда, маънои ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амали нангин метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Аз ин рў, дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқоти ба омўзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонанд. Дар радифи ҷараёни экстремизми сиёсӣ терроризми сиёсӣ ҳам пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияте таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зўроварӣ барои воқеӣ гардидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Илова бар ин, экстремизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир, зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бинобар ин, таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи гуррўҳҳои канориро ташкил менамояд.
Табиист, ки қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мешаванд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба дасисаву риёкориҳои шахсони ифротгару гурўҳҳои террористӣ дода нашаванд ва барои дафъи ин гуна вайронкорон дар ҷамъият кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Наргис Давлатова, ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор