Мақолаҳо

НАҚШИ ИЛМУ МАЪРИФАТ ДАР ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони кишварамон ҳамчун роҳнамо барои кору фаъолият хизмат мекунад. Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат барои пешрафти илму маориф, зарурати баланд бардоштани сифати таълим, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон, оила, рушди варзиш ва дигар самтҳои ҳаёти мамлакат таъкид намуда, ҳидояту дастурҳои муфиде пешниҳод намуданд. Ҳамаи нишондодҳои Паёми имсоларо мардуми кишвар дар кору фаъолияти худ ҳамчун роҳнамо истифода намуда, дар амалишавии онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ҳамзамон, ба соҳаи маориф ва илм афзалияти аввалиндараҷа дода шуда, ба роҳбарону кормандони соҳа дастур дода шуд, ки дар баробари дастгириҳои давлату Ҳукумат сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таълим бояд боло бардошта шавад. Махсусан мо - намояндагони соҳаи маорифи кишвар, дар ин самт бояд нисбати дигар қишрҳои ҷомеа фаъолтар бошем. Дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳо ва бовариҳои Пешвои миллат бояд фаъолияти самарабахш нишон диҳем.
Тавре зикр кардем, дар Паёми имсола низ ҳамаи масъалаҳои марбут ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд. Аз ҷумла, ба масъалаҳои ташвишдиҳандаи ҷомеа диққати зарурӣ дода шуда, роҳҳои пешгирӣ ва ҳалли онҳо нишон дода шуданд. Дар ин самт, махсусан, ба масъалаҳои ифротгароӣ, терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир диққати ҷиддӣ дода шуд. Дар Паём қайд гардид, ки солҳои охир терроризм ва ифротгароӣ ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Дар асри ХХI ифротгароӣ, ки давраи рушдро аз сар гузаронида истодааст, ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири худро гузошта истодааст ва суботро аз ҳаёти имрӯзаи аҳолии олам бурда, нисбати оянда ноумедиро ба миён оварда истодааст. Барои ҳамин, зарурат пеш меояд, ки оиди табиату моҳият ва мафҳуми ифротгароӣ маълумоти муфассал дошта бошем. Танҳо дар ҳолати доштани маълумоти мукаммалу кофӣ метавон муборизаи самаранокро бо ин кирдори манфӣ ба роҳ монд. Дар Паёми худ Пешвои миллат борҳо таъкид карданд, ки маърифати сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон бояд баланд бардошта шавад. Тибқи нақшаи дурнамои Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, то соли зикргардида бояд 90% ҷавонони ҷумҳурӣ соҳиби маълумоти олӣ гарданд, ки чунин ғамхорӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамтои худро надорад.
Ифротгароӣ ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои муташаккилона хоси гурӯҳҳои соҳиби маданияти пасти сиёсӣ ва таҳрифёфта мебошад. Дар Паём ба масъалаи баланд бардоштани маданияти сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон диққати ҷиддӣ дода шуд. Зеро давлату Ҳукумати Тоҷикистон дарк мекунанд, ки танҳо миллати босавод ва соҳиби маданияти сиёсиву ҳуқуқии баланд метавонад бо падидаҳои манфуре чун ифротгароӣ ва терроризм мубориза баранд. Доир ба ин масъала дар Паём қайд карда шуд, ки масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд. Роҳи аз ҳама осон ва муфид дар самти пешгирии падидаҳои манфур ин корҳои фаҳмондадиҳӣ аст. Ҳар чӣ қадаре ҷомеа маълумоти зиёдтар оиди ифротгароӣ дошта бошад, ҳамон қадар рӯоварӣ ба он камтар мешавад. Донишу маърифат яроқи муҳимтарин дар самти мубориза бо ифротгароӣ аст. Дар ин самт аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд чораҳои судманд андешида шудаанд. Яке аз қадамҳои муҳим дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Аммо баландбардории маърифати сиёсӣ вазифаи танҳо маориф нест. Дарвоқеъ, таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба илму маърифат ва ҳавасмандгардонии ин соҳа бесабаб нест. Зеро ки имрӯз таъсири омилҳои гуногуни замони ҷаҳонишавӣ моро вазифадор менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, рӯ ба мактабу маориф ва аз худ намудани донишҳои муосир оварем.
Хулоса, Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар хуб дарк мекунанд, ки усули беҳтарини решакан кардани ҳар гуна падидаҳои манфур дар ҷомеа ин такя ба илму маориф аст, ки борҳо ҳангоми ироаи Паём таъкид карда шуд. Пас, имрӯз замоне фаро расидааст, ки маърифати сиёсии худ ва атрофиёнро баланд бардошта, ҷомеаро аз ин падидаҳои манфур - ифротгароӣ ва терроризм пок кунем.
Дилшод Олимов, дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ