Мақолаҳо

ТЕРРОРИЗМ: ХУСУСИЯТ ВА НИШОНАҲОИ ОН ҲАМЧУН ХАТАРИ ГЛОБАЛӢ
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро ҳамчун кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, мешуморад. Терроризм ҷинояти бисёробъекта мебошад ва объектҳои он амнияти ҷамъиятӣ, ҳаёт ва саломатӣ, фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимият, моликият ва дигар манфиатҳои шаҳрвандон ба ҳисоб мераванд.
Вобаста ба масъалаи мазкур дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 қайд карда шуд, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст. Инчунин, ироа гардид, ки бо дарназардошти ин вазъ, моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки номи «Раванди Душанбе»-ро гирифтааст, баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Тоҷикистон мавқеи устувори худро дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ иброз намуд. Зеро ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд.
Дар баробари тавлиди хатари умумӣ, нишонаи фарқкунандаи терроризм эҷоди фазои тарс, афсурдагӣ ва ташаннуҷ мебошад. Аммо бо фарқият аз дигар ҷиноятҳои хусусияти террористидошта, дар терроризм ин вазъият на дар сатҳи инфиродӣ ё гурӯҳии маҳдуд, балки дар сатҳи иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда мешавад.
Нодида гирифтани ин ҳолатҳо боиси он мегардад, ки ҳар гуна амалҳое, ки дар муҳити иҷтимоӣ тарсу изтиробро ба вуҷуд меоваранд, баъзан ба терроризм тасниф мешаванд. Аммо дар вақти терроркунонӣ, тарси ба вуҷуд омада бо он фарқ мекунад, ки вай на ба хотири худ, балки ба хотири дигар мақсадҳо ба вуҷуд меояд, ки ноил шудан ба онҳо маҳз бо офариниши он алоқаманд аст, зеро ин тарс «фалаҷкунанда» нест, балки, ба ибораи дигар, ҷабрдида ё ашхоси дигарро барои интихоби вариантҳои рафтори ба ҷинояткорон мувофиқ «сафарбар» мекунад. Масалан, агар таҳдиди куштор ҳамчун қасос барои баъзе кирдорҳои қаблан содиркардаи ҷабрдида содир шуда бошад, дар он сурат, ягон нишонаи терроркунонӣ вуҷуд надорад, вале агар ҳамон амал барои маҷбур кардани ҷабрдида ба қабули ягон қарор ё рад кардани он равона шуда бошад, он гоҳ ҷинояти хусусияти террористидошта ҷой дорад.
Айнан ҳамин тавр, содир намудани таркишҳо, оташзанӣ ва дигар кирдорҳои умумихатарнок, ки воқеан, боиси расонидани зарар гаштаанд ё метавонистанд боиси расонидани зарар гарданд ва ба сифати воситаи огоҳкунӣ ва ё маҷбуркунии мустақим ё ғайримустақим ба амалҳо ба манфиати ҷинояткорон истифода мешаванд, амали террористӣ мебошад.
Хусусияти фарқкунандаи терроризм – ин хусусияти оммавии амалҳои он мебошад. Дигар ҷиноятҳои хусусияти террористидошта метавонанд бидуни иддаоҳои мушаххаси ошкорбаёнӣ содир карда шаванд ва танҳо он шахсоне хабардор карда шаванд, ки дар амалҳои онҳо манфиатдории гунаҳгорон бошад. Терроризм бошад, бе таблиғи васеъ, бидуни пешниҳоди ошкори талабҳои худ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, вақте ки мо бо кирдорҳои умумихатарноки ангезаи норавшан сарукор дорем, он гоҳ бояд боз исбот кунем, ки ин амалҳои терроризм мебошанд.
Ҳамин тариқ, дар маҷмуъ, ҳангоми посух додан ба саволи он ки ба терроризм чӣ гуна хусусиятҳои фарқкунанда хосанд, қайд намудан мумкин аст, ки терроризм:
– хатари умумиеро ба вуҷуд меорад, ки дар натиҷаи содир намудани амалҳои умумихатарнок ва ё таҳдиди чунин амалҳо ба миён меояд;
– хусусияти оммавӣ дорад;
– зўроварии умумихатарнок нисбати баъзе шахсон истифода мешавад, дар ҳоле ки таъсири психологӣ бо мақсади моил кардан ба рафтори муайян ба шахсони дигар расонида мешавад, яъне дар натиҷаи зўроварии дар терроризм истифодашаванда қарор на бевосита аз ҷониби ҷабрдида аз ҷиноят, балки аз ҷониби шахсони дигар қабул карда мешавад;
– мубориза бо терроризм самти афзалиятнок ба шумор рафта, ин зуҳуроти номатлуб ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардидааст.
Хулоса, таҳти мафҳуми терроризм амалҳои ба таври оммавӣ содиршавандаи умумихатарнок ва ё таҳдиди чунин амалҳо фаҳмида мешавад, ки ба амнияти ҷамъиятӣ таҷовуз карда, ба фароҳам овардани вазъи тарс, изтироб ва афсурдагӣ дар муҳити иҷтимоӣ, бо мақсади бевосита ё бавосита таъсир расонидан ба қабули ягон хел қарор ё даст кашидан аз он ба манфиати террористон, равона карда шудааст. Чунин навъи кирдорҳо, ба маънои дурусти калима, терроризмро ташкил медиҳанд.
Ҳ. Оралбаев, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ