Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВАЗИФАИ ҶОНИИ ҲАР ЯК ФАРДИ СОЛИМФИКР АСТ!

    Терроризму экстемизм аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир маҳсуб ёфта, сарчашмаи қатлу куштор ва даҳшату ваҳшоният мебошанд. 
       Воқеан ҳам, ягона мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳониро дар ҳоли имрўз ба ташвиш овардааст, ба гурўҳҳои тундрав пайвастани ҷавонон аст. Зеро ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи падидаҳое мебошанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатии ҳар як кишвар ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунанд. Бинобар ин, ҷавононро, ки қишри ояндасози ҳар як давлат маҳсуб меёбанд, зарур аст, ки аз ин падидаҳои нанговар дурӣ ҷўянду пайи омўзишу азхуднамоии ҳунару касбу кори гуногун шаванд, то ба ин васила ҳам дар ҷомеа аз худ номи нек гузоранду ҳам ободкору созандаи кишвари хеш гарданд. 
       Табиист, ки онҳое ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистидошта дохил мешаванд, шахсоне мебошанд, ки саводи қазоии динию дунявӣ надоранд, моҳияти ҳаракатҳои худро дуруст дарк намекунанд. Ин ашхоси фирефта ва гумроҳ даст ба амалҳое мезананд, ки сабаби марги инсонҳои бегуноҳ мегардад. 
      Имрўзҳо аз воситаҳои ахбори умум, рўзномаю маҷаллаҳо метавон ба натиҷа расид ва мушоҳида кард, ки ҳодисаҳои террористиву даҳшатборе, ки дар аксари мамолики ҷаҳон сар зада истодаанд, ҳеҷ шахси солимфикрро бетараф намегузоранд, ки ин амалҳои зишти террористонро нодида гирад. 
        Дар шароити нави имрӯза, ҷуғрофиёи терроризм ва экстремизм боз ҳам васеъ гардида, бештаре аз давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифта истодааст. Ин муаммо ва мушкилоте ба шумор меравад, ки ҳаллу фасл, пешгирӣ ва аз миён бурдани он рисолати сокинони тамоми кишварҳои дунё ва роҳбарону сарварони онҳо маҳсуб мешавад. 
      Дар ин ҷода Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони яке аз чеҳраҳои бузурги арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва ташаббускори барномаи мусоид бар ҳаллу фасли муаммоҳои сайёра, борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи олам ба ин масъала руҷуъ намуда, мақоми шахсии хеш ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза алайҳи ин мушкилоти аср муайян намудаанд. Чунончи, зимни суханронии худ дар иҷлосияи байналмилалии мубориза бо терроризм санаи 25-уми июни соли 2011 дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон - шаҳри Теҳрон чунин ибрози ақида намуда буданд: «Имрўз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст». 
       Дар шароити имрўза ҳамаи моро зарур аст, ки муҳаббат ва самимияти худро нисбат ба миллат, давлат ва сарзамини аҷдодии хеш нишон дода тавонем ва дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид шуда, бо ин зуҳуроти нангин дар муқобилату муборизаи беамон қарор дошта бошем. Заррае ҳам бошад, аз ҳимояи ин марзу бум, хоки муқаддаси хеш дар канор наистем. Дар ин росто, моро лозим аст, ки дар истифодабарии аз меъёр зиёди компютер ва телефонҳои мобилӣ ҳам нисбат ба ҷавонон ва насли наврас бепарвоӣ зоҳир накунем. Бахусус, бозиҳои компютерӣ, истифодаи аз ҳад зиёди телефони мобилӣ ҷои китобхониро дар ҳоли имрўз гирифтааст. Бинобар ин, мо уҳдадор ва вазифадорем, ки баҳри ҷалби ҷавонону наврасон дар мутолиаи китобҳои дарсию бадеӣ саҳмгузор бошем. 
        Мусаллам аст, ки дар замони имрўз кишвари мо аз ҷумлаи он давлатҳоест, ки беҳтарин шароити зиндагиро барои мардумаш муҳайё сохта, асоси ҳастии халқу миллатро ваҳдат, ягонагӣ, сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ медонад. Миёни ин муродифот сулҳу ваҳдат мақоми шоён ва арзанда доранд, ки талқини он ба ҷаҳониён роҳи хубе барои расидан ба ҳадафҳои созандаро дорад. 
       Бояд дарк намуд, ки вуҷуди миллат бо ваҳдат тавъам аст. Миллате дар олам шуҳратёр мегардад, ки аҳли онро оқилон, хирадмандон ва ҳамдигарфаҳмон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, ҷомеаи моро зарур аст, ки пайваста ҷиҳати пешгириву мубориза ва роҳ надодан ба вуруди афкори бегона ба андешаву тафаккури мардум, аз ҷумла насли наврасу ҷавони кишвар доимо мубориза барад. 

Саидбек РОФИЗОДА, муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ