Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ АСОСИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕАИ МУТАМАДДИН

       Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон аз таъсири имконпазири рӯйдоду таҳаввулоти манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ истисно намебошад. Ҷумҳурии мо дар заминаи бадастоварии Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёд ва манфури сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар намуд, ки хисороти зиёди пулию молиро ба бор оварданд. Аз ин рў, кишвари мо барои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрўза, махсусан терроризму экстремизм зарурат дорад.
       Дар ҷаҳони муосир раванду зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ, ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имрўз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодаанд, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа, яъне занону кўдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тўдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.
      Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Ба тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале, дар умум, чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳар ду, ба истилоҳ, комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд. 
      Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида, дигар ин ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс ва оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. 
      То имрўз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифи илмӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳури ин падидаҳои номатлуб дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омўзиш қарор гирифта истодааст. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама, ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд. Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.
       Дар ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон ва дар замири ҳар як шахси ба ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳо пайвастшаванда ақидаи гурӯҳи аввали олимони ҷомеашинос мувофиқ меояд, чунки маҳз ҷанбаҳои иҷтимоӣ дар зиндагӣ ва сатҳи нопурраи тафаккури маънавӣ ба ин роҳ шахсро водор месозад.
      Дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд, ки ин пеш аз ҳама, ба хотири суйистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Яъне, ин амалкард ва рафтори барғалат боз ҳам аз бединию хоинӣ ва ақоиди пасти чунин гурӯҳҳо дарак медиҳад.
      Аз ин рў, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд, месазад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омўзиш ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.
     Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкории аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш - Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагонии ободу осоишта ба сар барад. 

Фирдавс САЙФИДИНОВ, мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ