Мақолаҳо

КОРРУПСИЯ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА
Дар ҳама давру замон ҳадафи асосии ҳар як ҷомеа, давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини зиндагии орому осуда ва хушу хуррами мардуму кишвар, сарсабзиву сарбаландии сокинонаш дар арсаи байналхалқӣ мебошад. Аммо барои ба ин марому мақсади наҷиб расидан, монеаҳои зиёде дучор меоянд, ки барои бартараф кардани онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи мардумони он сарзамин лозим ва зарурист. Зеро дар шароити феълӣ инсониятро хатарҳои нави фаромиллӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, ба таври ошкоро хариду фурўши маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳои нав ба нав пешорў омадаанд. Бар замми ин, ба ин мушкилот боз коррупсия зам шудааст. Гуфтан мумкин аст, ки коррупсия низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад.
Мусаллам аст, ки амалҳои коррупсионӣ яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятианд, ки аз замонҳои қадим боз то ба замони мо арзи ҳастӣ доранд ва қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд доранд. Ба ақидаи донишмандони ҷомеашинос, аввалин нишонаҳоро дар бораи коррупсияи амалдорон дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри XXIV то давраи мо), баъдтар, дар қонунҳои Ҳаммурапи мушоҳида кардан мумкин аст.
Табиист, ки коррупсия яке аз масъалаҳои доғи рӯзи кулли мамолики ҷаҳони муосир, дар ин масир Тоҷикистон низ маҳсуб мешавад. Аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои аз байн бурдани ин падидаи номатлуб ва мубориза бо он талоши шабонарўзӣ карда истодаанд ва нисбати ин масъала бетараф ҳам нестанд.
Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдории дилхоҳ мамлакатро суст ва садди роҳи рушду инкишофи ҷомеаи инсонӣ дар ҳама давру замон мегардад.
Феълан, яке аз проблемаҳои даврони муосир ин мубориза бо коррупсия мебошад. Бобати ин масъала солҳои охир дар матбуоти даврии кишвар ва берун аз он бисёр фикру андешаҳо пешкаш мешаванд. Истилоҳи «коррупсия» аз вожаи лотинии «corruptio» гирифта шуда, маъноҳои «харидан, вайронкунӣ ва ришвадиҳӣ»-ро дорад. Дар Кодекси рафтори шахсони мансабдори мақомотҳои тартиботи ҷамъиятиро таъминкунанда (соли 1978) қайд шудааст, ки мафҳуми коррупсияро қонунгузории ҳар як давлат алоҳида муқаррар мекунад. Ҳамчунин, дар яке аз ҳуҷҷатҳои СММ доир ба мубориза бо коррупсияи байналмилалӣ қайд шудааст, ки коррупсия ин сўйистеъмол аз ҳокимияти давлатӣ, бо мақсади ғаразнок ба манфиати шахсӣ аз тарафи шахси мансабдор аст. Истилоҳи коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: «Коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ».
Чуноне мушоҳида мегардад, агар пеши роҳи коррупсия гирифта нашавад, он ба проблемаи ба амнияти миллӣ таҳдидкунанда мубаддал гашта, оқибат иқтисодиёти пинҳонӣ вусъат пайдо мекунад, қисми даромаднокии буҷет аз ҳисоби кам ворид гардидани андозҳо ва самаранокии фишангҳои давлатии идоракунӣ коҳиш меёбад, ки ин ба тезутунд гаштани проблемаҳои иҷтимоӣ, бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои буҷавӣ оварда мерасонад. Дар ин ҳолат маблағҳои буҷетӣ ба таври самаранок истифода бурда намешаванд, бахусус ҳангоми тақсимоти давлатии қарзҳо ва фармоишҳо, хариди мол ва хизматрасониҳо, ки дар ниҳояти кор проблемаҳои буҷавии кишварро зиёд мегардонад. Дар шуури ҷомеа тасаввурот дар бораи беҳимоягии шаҳрвандон дар назди ҷинояткорӣ ва мақомоти давлатӣ ташаккул меёбад. Ин ҳолат, дар навбати худ, ба косташавии минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мегардад. Бинобар ин, ин нуктаро ба инобат гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд карда буданд: “Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.
Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия, маҳз ба хотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои ба пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онҳо 31-уми октябри соли 2003 қабул шуда, ҷиҳати амалӣ гардонидани ин мақсад чораҳои мушаххас пешбинӣ кардааст.
Бояд эътироф кард, ки муҳиммияти ин ҳуҷҷати Созмони Милали Муттаҳидро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, санаи 25-уми сентябри соли 2006 ба он имзо гузошт. Конвенсияи мазкур 16-уми апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд ва минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии мо ба шумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ давра ба давра мутобиқ гардонида шуданд.
Тамоми Қонунҳо, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумат, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба тасвиб расидаанд, гувоҳи гуфтаҳои боло ва диққати ҷиддии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бар зидди коррупсия мебошанд. Дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Сурайё ТИЛАКМУРОДОВА, ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ