Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНӢ

    Терроризм ва экстремизм – ду ҷиҳати хатарноки амният ва оромии ҷомеаи муосир мебошанд, ки дар бештари ҳолатҳо барои таҳкими худ ва расидан ба мақсадҳои сиёсӣ, идеологӣ ё мазҳабӣ аз технологияҳои муосир истифода мешаванд. Терроризм аз ҷониби гурӯҳҳои ташкилшуда ва ё шахсони алоҳида омодашудаи техникӣ, технологӣ, ҷангӣ, ҳарбӣ ва ғ. сурат мегирад.
       Характери асосии терроризм дар шароити муосири ин нишона гирифтани шаҳрвандон ва инфрасохтор, пайдо кардани таъсири сиёсӣ, татбиқи усулҳои хатарнок ва аз ҳама муҳим амали равшан ё пӯшидаро доро мебошад. Террористон, одатан, бо мақсади таъсир расонидан ба сиёсати кишварҳо, идеология ё назарияи динӣ ва сиёсӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳ, ҷиҳати тарсонидан ва нишон додани қудрати худ, тағйир додани раванди сиёсӣ, назари ҷамъият,  шаҳрвандони осоишта ва ё инфрасохторро дар манотиқи муҳим мавриди ҳамла қарор медиҳанд.
       Экстремизм - ин баромад ё фаъолияти сиёсӣ, идеологӣ ё мазҳабӣ мебошад, ки назарияҳои радикалӣ ва ғайриқонунӣ ба назар мерасанд, ки баъзан бо амали террористӣ ва хушунат алоқаманд мешаванд. Экстремизм характери асосҳои радикализм, шикоят аз низомҳои сиёсии кунунӣ, таъсири манфӣ ба ақидаи ҷамъият ва ғ. доро мебошад. Яъне, экстремистон амалан нисбат ба ҷамъият тафовути идеологӣ, ақидаи низомҳои сиёсӣ ва иҷтимоии радикалӣ дошта назария ва амали худро ба таври хатарнок намоиш медиҳанд. Аз ин рӯ, мақсади экстремизм тағйирот дар сохтори сиёсии ё иҷтимоии кишвар, пиёда кардани назарияҳои радикалӣ, ҳамла ба арзишҳои демократӣ ва озодиҳои миллат ё шаҳрванди алоҳида мебошад.
    Терраристон ва экстремистон дар фаъолияти худ барои ташвиқи идеологӣ, омӯзиш, ҳамоҳангсозӣ, робита ва ҷамъоварии воситаҳо шабакаҳои иҷтимоӣ ва Интернет, телефон ва дигар технологияҳои рақамиро васеъ истифода мебаранд. Ҳуҷуми киберӣ бошад яке аз унсури калидии амнияти миллӣ гаштааст. Яъне, кибертерроризм ин ҳуҷуми рақамӣ ба инфраструктураи критикии (шабакаҳои электронӣ, нақлиёт, банкҳо ва ғ.) давлат маҳсуб мегардад, ки вақтҳои охир худро дақиқ вонамуд карда истодааст. Дар шароити таваҷҷуҳи бемайлони ҷавонон ба шабакаҳои иҷтимоӣ, мессенҷерҳо ва видеохостингҳо рушди радикалии рақамии терроризм ва экстремизм беш аз пеш баназар мерасад. 
        Шумораи умумии теракт дар соли 2023 дар дунё 7000-ро ташкил медиҳад, ки ин бидуни технологияи рақамӣ ғайриимкон мебошад. Кишварҳое, ки бештар аз терроризм зарар диданд Афғонистон, Буркино-Фасо, Сомалӣ, Нигерия ва Сирия мебошанд.  Ҳиссаи бештари теракт ба гурӯҳҳои террористии ДОИШ, Ал-қоида, Боко Ҳарам ва Аш-Шабаб рост меоянд. Ҳамчунин, дар соли 2023, мақомоти Олмон ва Ҳолланд нуҳ зодаи Осиёи Марказиро бо иттиҳоми терроризм боздошт карданд. Коршиносон қайд мекунанд, ки пас аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон, фаъолиятҳои созмонҳои террористӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, афзоиш ёфтааст. 
        Мувофиқи маълумоти Global Terrorism Index, шохиси терроризм дар Тоҷикистон аз 0,87 дар соли 2023 то 1,0 дар соли 2024 афзоиш ёфтааст, ки ин аз рушди фаъолнокии терроризм шаҳодат медиҳад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ қайд намуданд, ки дар се соли охир 24 шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиёда аз 10 давлати дунё амалҳои террористиро анҷом доданд. Мувофиқи маълумотҳои соли 2023 дар муассисаҳои ислоҳотии кишвар тақрибан 2133 нафар бо ҷурми экстримистӣ ва террористӣ нигоҳдорӣ карда мешаванд. Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 шумораи 720 ҷинояти марбут ба терроризм ва экстремизмро ошкор ва қайд намуда буд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106 адад зиёд мебошад. 
      Соли 2021 бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи муқовимат бо экстримизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул гардидааст. Аз ҷониби Маҷлиси Олӣ бошад барои пешгирӣ ва мубориза бо терроризм чунин қонунҳо қабул гардидааст:Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм”; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният”; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона”; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм”. 
       Ҳамин тавр, терроризм ва экстремизм якдигарро пур мекунанд, вале онҳо низ фарқ мекунанд. Терроризм ба амалҳои амнияти ҷамъиятӣ; ҳаёт ва саломатӣ; фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимият, моликият ва дигар манфиатҳои шаҳрвандон марбут аст, дар ҳоле ки экстремизм бештар бо мубориза барои ба вуҷуд овардани хурӯҷи назарии радикалӣ ё сиёсии радикал алоқаманд мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо, экстремизм метавонад ба терроризм оварда расонад. Барои пешгирии терроризм ва экстремизм чораҳои зерин пеш гирифта шаванд:    

  • Ҳукуматҳо бояд барои мубориза бо терроризм ва экстремизм бо ташкилотҳои байналмилалии амниятӣ ва пулис ҳамкории зич кунанд.
  • Раванди идораи технологияҳои рақамӣ, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ, мессенҷерҳо, видеохостингҳо ва ғ. қатъи зери назорат гирифта шаванд.
  • Мубориза бо терроризм ва экстремизм набояд ба поймол кардани ҳуқуқи инсон оварда расонад.
  • Барномаҳои маърифатӣ ва тарбиявӣ барои пешгирии радикализм ва террористӣ пиёда карда шаванд.
  • Барои рафъ кардани хатар аз одамоне ки аз экстримизму терроризм баргаштанд, барномаҳои барқарорсозӣ ва татбиқи якҷояи имконоти дубора шомил карда мешаванд.


        Ҳамидов Абдусалим, дотсенти кафедраи менеҷмент