Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Коррупсия ва роҳҳои мубориза бо он

        Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддиест, ки рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро дар аксар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон халалдор мекунад. Коррупсия метавонад дар шаклҳои гуногун зуҳур намояд. Маъмултарини онҳо ришваситонӣ, азонихудкунии амволи давлатӣ, суиистифода аз мансаби хизматӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва дигар амалҳое, ки манфиатҳои ҷомеаро халалдор намуда, теша бар решаи таҳкими қонуният ва адолати иҷтимоӣ мезанад, мебошад.

        Бо вуҷуди он ки мубориза алайҳи ин зуҳуроти хатарзои иҷтимоӣ аз ҷониби қишрҳои солими ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мадди аввал қарор дошта бошад ҳам, он ҳамчун як падидаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар меҳвари мафкуравӣ қарор дорад.

        Мафҳуми "коррупсия" аз калимаи лотинии corruptio гирифта шудааст, ки маънояш «бузург кардан, фасод кардан» аст. Дар маънои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ бошад, он ҳамчун суиистифода аз мақоми хизматӣ бо мақсади гирифтани манфиати шахсӣ ё гурўҳӣ фаҳмида мешавад.

         Дар таҷрибаи имрўза якчанд шаклҳои асосие ҳаст, ки дар кирдорҳои коррупсионӣ доимо онро вомехўрем:

        1. Ришваситонӣ - гирифтани маблағ ё молу мулк аз шахси дигар барои иҷро ё иҷро накардани вазифа.

        2. Худнамоӣ ва зоҳирпарастӣ - суиистифода аз вазифа барои обрў ва нуфузи шахсӣ.

        3. Азонихудкунии амволи давлатӣ - ғасб ё истифодаи шахсии моликияти давлатӣ ё ҷамъиятӣ.

        4. Пахш кардани маълумоти махфӣ - барои гирифтани манфиатҳои ғаразноки шахсӣ фош кардани маълумоти сирри давлатӣ дошта.

        Коррупсия на танҳо натиҷаи набудани ахлоқи хуб дар байни мансабдорон аст, балки натиҷаи якчанд омилҳои мураккаби иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

         Меъёрҳои номуайяни ҳуқуқию халалдор шудани қонунгузорӣ бинобар кам будани маоши хизматчиёни давлатӣ падидаи манфурест, ки метавонад майли ашхоси мансабдорро ба ин самт такон дихад. Паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва маънавӣ, инчунин беҷуръатии ашхоси корафтода низ барои ривоҷ гирифтани коррупсия метавонад мусоидат намояд.

       Шиддат ёфтани тобишҳои коррупсионӣ ба тамоми сохторҳои ҷомеа таъсири манфӣ расонида, рушди устувори давлатро халалдор мекунад ва аз лиҳози иқтисодӣ, ба паст шудани сатҳи сармоягузорӣ, кам шудани даромаднокии буҷаи давлатӣ ва суст шудани соҳаҳои иҷтимоӣ (тандурустӣ, маориф, нақлиёт ва ғайра) таъсири манфӣ мерасонад.

       Ҳамзамон, ба кам шудани эътимод ба мақомоти давлатӣ ва паст шудани сатҳи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ таъсири манфӣ расонида, ба рушди гурўҳҳои манфиатҷў ва ҳангоматалаб заминаи манфӣ фароҳам меоварад. Ба замми ин, ахлоқи ҷомеаро коста намуда, ба афзоиш ёфтани ҷиноятҳои ғаразноку манфиатхоҳонаи як гурўҳ мансабдорон таъсири негативии худро мерасонад.

       Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир барои коҳиш додани сатҳи коррупсия ва дар сатҳи давлат ташкил намудани пешгирии он як қатор тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.

        Мубориза дар ин самт ҳамон вақт муассиру таъсирбахш метавонад бошад, ки давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди ин кишвар дар ҳамбастагӣ барои решакан намудани он нақши ҳалкунандаи худро дошта бошанд.

         Тибқи таҳлилҳои коршиносони соҳа, якчанд роҳҳои асосии мубориза бар зидди коррупсия муайян карда шудааст. Ин шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар тамоми сатҳи давлатдорӣ, таҳкими низоми адолати судӣ ва кафолати мустақилияти он, баланд бардоштани музди меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии кормандони давлатӣ, паҳн намудани маърифати зиддикоррупсионӣ дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон истифодаи технологияҳои рақамӣ барои идоракунии давлатӣ, (ҳукумати электронӣ), муҳокима ва фош кардани амалҳои коррупсионӣ дар расонаҳои оммавӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқии шахсоне, ки дар бораи амалҳои коррупсионӣ хабар медиҳанд, ба ҳисоб меравад.

         Коррупсия як зуҳуроти хатарнок ва монеаи асосӣ дар роҳи рушди давлату миллат мебошад. Мубориза бо он танҳо тавассути қабули қонунҳо ва таъсиси ниҳодҳо имконпазир нест. Зарур аст, ки тамоми ҷомеа, аз шаҳрванди одӣ то мансабдор, аз омўзгор то рўзноманигор ва дигар қишрҳо дар ин ҷараён фаъолона иштирок намоянд.

        Ҳар шахс бояд дарк намояд, ки танҳо бо роҳи поквиҷдонӣ, ростқавлӣ ва риояи қонуну муқарароти ҷорӣ метавонем ҷомеаи боадолат ва муваффақро бунёд кунем. Мубориза алайҳи коррупсия кори якрўза набуда, раванди пайваста ва устуворест, ки саъю кўшиши дастҷамъонаро тақозо дорад.


Алишер Асоев,

мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ,

номзади илмҳои сиёсӣ