Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

КОРРУПСИЯ – МУШКИЛИИ ҶОМЕАИ МУОСИР

       Коррупсия яке аз ҷиддитарин монеаҳои рушди ҷомеа ва давлат мебошад. Имрӯз, агар мо назар кунем, дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони худамон ин ҳолати нанговарро мушоҳида мекунем. Ин зуҳуроти номатлуб на танҳо ба низоми давлатӣ, балки ба ҳаёти ҳар як фард низ таъсири манфӣ мерасонад.

       Коррупсия боиси халалдор гаштани адолати иҷтимоӣ, заиф шудани боварӣ ба қонун ва паст рафтани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Шаклҳои гуногуни коррупсия вуҷуд дорад. Аз ҷумла, тақсимоти ноадолатонаи захираҳои давлатӣ, истифодаи мансаб ва манфиатҳои шахсӣ, ришваситонӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ, ки аз омилҳои асосии ин мушкилот мебошанд.

       Яке аз сабабҳои асосии паҳншавии коррупсия дар ҷомеа ин норасоии маърифати ҳуқуқии баъзе аз ашхос аст. 

       Вақте одамон имконияти иқтисодӣ ва иҷтимоии кофӣ надоранд, онҳо метавонанд барои ҳалли мушкилоти худ ба роҳҳои ғайриқонунӣ рӯ оваранд. Илова бар ин, норасоии шаффофият дар фаъолияти кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва назорати сусти идораҳо имкониятҳои коррупсиониро зиёд мекунад.

        Паёмадҳои коррупсия бисёр ва ҷиддӣ мебошанд. Пеш аз ҳама, адолати иҷтимоӣ халалдор мешавад: одамоне, ки захираҳои маҳдуди молиявӣ доранд, дар муқоиса бо онҳое, ки тавоноии ришва додан доранд, имконияти баробар надоранд. Илова бар ин, коррупсия ба иқтисодиёт зарар мерасонад. Сабабҳои асосии коррупсия ин маърифати пасти гурўҳе аз шаҳрвандони кишвар, фақру бекорӣ, норасоии назорат, беэътимодӣ ба қонун ва ғайра мебошанд. 

     Зарарҳои коррупсия бошад, ин асосан дар сатҳи зарурӣ набудани адолати иҷтимоӣ, коҳиши сармоягузорӣ, суст шудани рушди иқтисодиёт эътимодро ба давлат кам мекунад ва дигар зарар ба ҷомеа мерасонад, ки ба рушду тараққии мамлакат таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, дар шароити имрўза зарур аст, ки ҳар як фарди огоҳ нисбати ин зуҳуроти барои ҷомеа зараровар муқобилатро ба кор барад, ки ин, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифатнокӣ, пурзўр кардани қонунгузорӣ, истифодаи технологияҳо, шаффофият дар фаъолияти давлатӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва агар давлат бо ҷомеа ҳамкорӣ кунад, мубориза бо коррупсия натиҷа медиҳад ва ба рушди устувор ҳамдар ҳама соҳаҳои рўзгори мардум мусоидат мекунад. 

         Барои мубориза бо коррупсия ҷомеа бояд аз чанд роҳ кор гирад. Пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги ҳуқуқии мардум зарур аст. Одатан, аҳолии кишвар бояд аз ҳуқуқу вазифаҳои худ бохабар бошанд ва донанд, ки роҳи ҳалли қонунӣ вуҷуд дорад. Истифодаи технологияҳо, аз қабили ҷорӣ намудани низоми электронии идоракунӣ (e-government) низ ба кам кардани омилҳои коррупсионӣ мусоиданд. Ғайр аз ин, пурзўр кардани қонунгузорӣ ва муҷозоти сахт барои амалиёти коррупсионӣ муҳим аст. Ҳамзамон, таъсиси шароит барои фаъолияти шаффофи идораҳои давлатӣ ва иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назорат ба коҳиши ин мушкилот ба манфиати кор аст. 

        Умуман, мубориза бо коррупсия на танҳо вазифаи Ҳукумат, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Агар мо ҳамчун як ҷомеа барои аз байн бурдани ин зуҳуроти манфӣ талош намоем, метавонем ба ояндаи равшан ва устувори давлат ноил шавем.


Наврўзҷони Сафархуҷа, донишҷўи курси 2-юми факултети ҳисобдорӣ ва омор